bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 18
Acts 18
Tajik NT 1999
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 19 →
1
Пас аз ин Павлус Атиноро тарк карда, ба Қуринтус омад.
2
Дар он ҷо Акило ном яҳудиро ёфт, ки зодгоҳаш Понтус буда, ба қарибӣ бо ҳамсараш Прискила аз Италия омада буд, зеро Клавдиюс фармон дода буд, ки ҳамаи яҳудиён аз Рум раванд; ва Павлус назди онҳо омад,
3
ва азбаски монанди онҳо ҳунари хаймадӯзӣ дошт, назди онҳо монда, ба кор машғул шуд.
4
Ҳар рӯзи шанбе ӯ дар куништ гуфтугӯ карда, яҳудиён ва юнониёнро бовар мекунонд.
5
Вақте ки Сило ва Тимотиюс аз Мақдуния омаданд, Павлус аз Рӯҳ илҳом ёфта, ба яҳудиён шаҳодат додан гирифт, ки Исо Масеҳ аст.
6
Аммо азбаски онҳо зиддият ва бадзабонӣ мекарданд, домани худро бар онҳо афшонда, гуфт: «Хунатон ба гардани худатон; ман аз он пок ҳастам; минбаъд назди ғайрияҳудиён меравам».
7
Аз он ҷо рафта, назди Юстус ном шахси худотарсе омад, ки хонаи вай бо куништ пайваст буд.
8
Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли хонааш ба Худованд имон овард, ва бисёре аз қуринтиён, чун шуниданд, имон оварданд ва таъмид гирифтанд.
9
Худованд як шаб дар рӯъё ба Павлус гуфт: «Натарс, балки сухан гӯй ва хомӯш набош,
10
зеро Ман бо ту ҳастам, ва ҳеҷ кас ба ту осебе намерасонад; чунки Ман дар ин шаҳр мардуми бисёре дорам».
11
Ба ин сабаб ӯ як солу шаш моҳ дар он ҷо монда, каломи Худоро ба онҳо таълим медод.
12
Дар ин миён, вақте ки Ғолиюн волии Охоия буд, яҳудиён якдил шуда, ба Павлус ҳуҷум карданд ва ӯро ба додгоҳ кашида оварданд
13
ва гуфтанд: «Ин шахс мардумро иғво медиҳад, ки ибодати Худоро бар хилофи шариат ба ҷо оваранд».
14
Павлус ҳанӯз ҳарфе назада буд, ки Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Эй яҳудиён! Агар ҷинояте ё кирдори баде рӯй медод, барои ман асосе мебуд, ки арзи шуморо шунавам;
15
вале агар сухан дар бораи калимаҳо ва номҳо ва шариати шумо равад, худатон бояд онро ҳал кунед: ман дар ин кор довар будан намехоҳам».
16
Ва онҳоро аз додгоҳ ронд.
17
Ҳамаи юнониён сардори куништ Сӯстинисро дастгир карда, дар назди додгоҳ заданд, ва Ғолиюн ба ин ҳеҷ парво накард.
18
Павлус боз чандин рӯз дар он ҷо истод, баъд бо бародарон хайру хуш кард ва бо киштӣ ба Сурия равона шуд. Прискила ва Акило ҳамроҳаш буданд. Ӯ дар Канхария сарашро тарошид, чунки назр карда буд.
19
Вақте ки ба Эфесус расид, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён гуфтугӯ кард.
20
Аз ӯ хоҳиш карданд, ки муддате бо онҳо монад, лекин ӯ розӣ нашуд.
21
Ва бо онҳо хайру хуш карда, гуфт: «Ман бояд иди меомадаро ҳатман дар Уршалим гузаронам; пас аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо бармегардам». Ва Эфесусро бо киштӣ тарк кард.
22
Ба Қайсария расида, ба Уршалим рафт ва бо ҷамоат салому аҳволпурсӣ карда, ба Антокия равона шуд.
23
Муддате дар он ҷо истода, боз ба сафар рафт ва дар кишвари Ғалотия ва Фриҷия гашта, ҳамаи шогирдонро устувор менамуд.
24
Апуллус ном яҳудие аз аҳли Искандария, ки шахси суханвар ва аз Китоб хабардор буд, ба Эфесус расид.
25
Ӯ дар роҳи Худованд тарбия ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯши Рӯҳ сухан ронда, дар бораи Худованд ба хубӣ таълим медод, гарчанде ки танҳо аз таъмиди Яҳё огоҳӣ дошт.
26
Ӯ дар куништ далерона сухан рондан гирифт. Чун Акило ва Прискила суханонашро шуниданд, ӯро назди худ оварданд ва роҳи Худовандро ба ӯ дақиқтар фаҳмонданд.
27
Вақте ки ӯ ба Охоия рафтан хост, бародарон насиҳаткунон ба шогирдон навиштанд, ки ӯро пазироӣ кунанд. Чун ба он ҷо расид, ба касоне ки бо файзи Худо имон оварда буданд, ёрдами бисёр дод.
28
Зеро бо қуввати тамом дар пеши ҳама бо яҳудиён баҳс карда, аз рӯи Китоб исбот менамуд, ки Исо Масеҳ аст.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28