bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 3
Acts 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
1
Рӯзе дар соати нӯҳи вақти дуо Петрус ва Юҳанно ба ибодатгоҳ мерафтанд.
2
Марди ланги модарзоде буд, ки ҳар рӯз ӯро бардошта оварда, назди он дарвозаи ибодатгоҳ, ки Зебо ном дошт, мегузоштанд, то аз касоне ки ба ибодатгоҳ меомаданд, садақа пурсад.
3
Вақте ки ӯ Петрус ва Юҳанноро назди даромадгоҳи ибодатгоҳ дид, аз онҳо садақа пурсид.
4
Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун».
5
Ӯ ба онҳо назар дӯхт, ба умеди он ки аз онҳо чизе гирад.
6
Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав».
7
Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; ногоҳ пойҳо ва буҷулакҳои ӯ қувват гирифтанд,
8
ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ситоишкунон ҳамроҳи онҳо вориди ибодатгоҳ шуд.
9
Тамоми мардум ӯро диданд, ки роҳ мерафт ва Худоро ситоиш мекард,
10
ва ӯро шинохтанд, ки ҳамон касест, ки назди дарвозаи Зебои ибодатгоҳ нишаста, садақа мехост, ва аз он чи ба ӯ рӯй дода буд, ғарқи тааҷҷуб ва ҳайрат шуданд.
11
Азбаски ланги шифоёфта ба Петрус ва Юҳанно часпида буд, тамоми мардум дар айвоне ки айвони Сулаймон ном дорад, бо ҳайрат сӯи онҳо шитофтанд.
12
Петрус, чун дид, ба он мардум рӯ оварда, гуфт: «Эй мардони Исроил! Чаро аз дидани ин ҳайрон шудаед ва чаро ба мо чашм дӯхтаед, гӯё мо бо қувват ё худотарсии худ сабаби роҳ рафтани ин шахс шуда бошем?
13
Худои Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, Худои падарони мо, Бандаи Худ Исоро ҷалол дод. Шумо Ӯро таслим кардед ва дар пеши Пилотус, ки мехост Ӯро озод кунад, Ӯро рад намудед;
14
лекин шумо он Қуддус ва Росткорро рад намуда, хоҳиш кардед, ки як марди одамкуш ба шумо дода шавад,
15
вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд, ва мо шоҳидони он ҳастем.
16
Ба хотири имон ба номи Ӯ, ин шахсро, ки мебинед ва мешиносед, номи Ӯ қувват додааст, бале, имоне ки дар мо аз Ӯст, пеши ҳамаи шумо ба вай ин шифоро бахшидааст.
17
Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, монанди сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;
18
аммо Худо он чиро, ки бо забони тамоми пайғамбаронаш пешакӣ гуфта буд, ки Масеҳ бояд азоб кашад, ҳамин гуна ба ҷо овард.
19
Пас, тавба кунед ва /ба Худо/ рӯ оваред, то гуноҳҳои шумо нобуд гарданд
20
ва айёми истироҳат аз ҷониби Худованд фаро расад ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз пеш таъйин шуда буд, фиристад,
21
ки бояд осмон Ӯро қабул мекард то айёми нав кардани ҳама чиз мувофиқи он чи Худо бо забони ҳамаи пайғамбарони муқаддаси Худ аз қадим гуфтааст.
22
Зеро Мусо ба падарон гуфта буд: “Худованд Худои мо Пайғамбаре монанди ман барои шумо аз миёни бародарони шумо ба миён меоварад; бояд ба он чи Ӯ ба шумо мегӯяд, гӯш диҳед,
23
ва ҳар кӣ ба суханони он Пайғамбар гӯш надиҳад, бояд аз байни қавм решакан шавад”.
24
Ҳамчунин тамоми пайғамбарон, аз Самуил то онҳое ки пас аз ӯ пайғамбарӣ кардаанд, ҳамаашон ин рӯзҳоро пешгӯӣ кардаанд.
25
Шумо ворисони он пайғамбарон ва он аҳде ҳастед, ки Худо бо падарони мо баст, чунон ки Ӯ ба Иброҳим гуфтааст: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат меёбанд».
26
Худо Бандаи Худ Исоро бархезонда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои бади шумо баргардонда, шуморо баракат диҳад».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28