bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 25
Acts 25
Tajik NT 1999
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 26 →
1
Чун Фестус ба вилоят омад, пас аз се рӯз аз Қайсария ба Уршалим рафт.
2
Саркоҳин ва бузургони яҳудиён даъвои худро зидди Павлус ба вай гуфтанд ва илтимос карданд.
3
Ва хоҳиш карданд, ки ба онҳо меҳрубонӣ намуда, ӯро ба Уршалим биёрад; онҳо қасд доштанд, ки ӯро дар роҳ кушанд.
4
Аммо Фестус ҷавоб дод, ки Павлус дар Қайсария маҳбус аст, ва худи вай ба қарибӣ ба он ҷо бармегардад.
5
«Бинобар ин, — гуфт вай, — онҳое аз шумо, ки метавонанд, ҳамроҳи ман биёянд, ва агар ин шахс айбе дошта бошад, бар ӯ даъво кунанд».
6
Дар миёни онҳо аз даҳ рӯз зиёд монда, ба Қайсария баргашт, ва рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишаста, фармуд, ки Павлусро биёранд.
7
Вақте ки ӯ ҳозир шуд, яҳудиёне ки аз Уршалим омада буданд, даври ӯро гирифта, бисёр айбҳои гаронро ба гардани ӯ бор карданд, ки онҳоро исбот карда наметавонистанд.
8
Вале ӯ худро муҳофизат намуда, гуфт: «Ман на зидди шариати яҳудиён ҷинояте кардаам, на зидди ибодатгоҳ ва на зидди қайсар».
9
Фестус, ки мехост яҳудиёнро аз худ миннатдор кунад, дар ҷавоби Павлус гуфт: «Оё мехоҳӣ ба Уршалим равӣ, то ман туро дар он ҷо дар ин бора доварӣ намоям?»
10
Павлус гуфт: «Ман дар додгоҳи қайсар истодаам, ва муҳокимаи ман бояд дар ҳамин ҷо ба амал ояд. Ман ба яҳудиён ҳеҷ бадӣ накардаам, чунон ки худат ҳам инро ба хубӣ медонӣ.
11
Агар бадие ё ягон кори сазовори марг карда бошам, аз мурдан дареғ надорам; лекин агар аз он айбҳое ки инҳо ба гардани ман мемонанд, дар ман ҳеҷ чизе набошад, касе ҳақ надорад маро ба дасти онҳо супорад. Ман доварии қайсарро талаб мекунам».
12
Фестус бо мушовиронаш гуфтугӯ карда, ба ӯ ҷавоб дод: «Доварии қайсарро талаб мекунӣ, пас назди қайсар меравӣ».
13
Пас аз чанд рӯз подшоҳ Агрипос ва Берникӣ ба Қайсария омаданд, то Фестусро муборакбод кунанд.
14
Чун рӯзҳои зиёде дар он ҷо истод, Фестус ба подшоҳ кори Павлусро ҳикоят карда, гуфт: «Шахсе ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон нигоҳ доштааст,
15
ва ҳангоме ки дар Уршалим будам, сардорони коҳинон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман гап заданд ва маҳкум намудани ӯро талаб карданд.
16
Дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки одати румиён ин нест, ки касеро ба марг таслим кунанд, бе он ки айбдорро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ карда, ба вай имконият диҳанд, ки худро аз айбҳо сафед кунад.
17
Бинобар ин, вақте ки онҳо ба ин ҷо омаданд, ман бе таъхир, фардои он, бар курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки он шахсро биёранд.
18
Аммо даъвогарон бархеста, аз он чи ман гумон доштам, ҳеҷ айберо бар гардани ӯ намонданд,
19
балки бо ӯ танҳо дар бораи дини худ ва дар бораи Исо ном Шахсе ки мурдааст, вале Павлус мегуфт, ки Ӯ зинда аст, масъалаҳои баҳснок доштанд.
20
Чун ман дар ҳалли ин масъала душворӣ кашидам, пурсидам, ки оё ӯ мехоҳад ба Уршалим равад, то муҳокимаи ӯ дар он ҷо ба амал ояд.
21
Аммо Павлус талаб кард, ки ӯро барои доварии Августус нигоҳ дорам, бинобар ин ман фармудам, ки то вақте ки ӯро назди қайсар фиристам, ӯ дар ҳабс нигоҳ дошта шавад».
22
Агрипос ба Фестус гуфт: «Ман низ мехоҳам суханони ин шахсро шунавам». Гуфт: «Фардо мешунавӣ».
23
Рӯзи дигар, вақте ки Агрипос ва Берникӣ бо ҳашамати бузурге омада, бо мириҳазорон ва бузургони шаҳр ба додгоҳ дохил шуданд, бо фармони Фестус Павлусро оварданд.
24
Фестус гуфт: «Эй подшоҳ Агрипос ва эй ҳамаи мардоне ки дар ин ҷо ҳузур доред! Инак, шумо ҳамон шахсеро мебинед, ки тамоми мардуми яҳудӣ, чи дар Уршалим ва чи дар ин ҷо, ба ман аз ӯ шикоят кардаанд ва фарёд зада гуфтаанд, ки ӯ набояд дигар зинда монад.
25
Лекин ман, чун дидам, ки ӯ ҳеҷ кори сазовори марг накардааст ва худаш низ доварии Августусро талаб намуд, ба ин сабаб қарор додам, ки ӯро ба он ҷо фиристам.
26
Азбаски ҳеҷ чизи дурусте надорам, ки дар ҳаққи ӯ ба сарвар нависам, бинобар ин ӯро назди шумо ва хусусан назди ту, эй подшоҳ Агрипос, овардам, то дар натиҷаи таҳқиқ чизе барои навиштанам пайдо кунам;
27
зеро ба назарам хилофи ақл менамояд, ки бандиеро фиристонаму айбҳои ба гарданаш мондашударо нишон надиҳам».
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 26 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28