bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 16
Acts 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
1
Ба Дарба ва Лустра омад. Ва инак, Тимотиюс ном шогирде дар он ҷо буд, ки модараш яҳудизани имондор, лекин падараш юнонӣ буд,
2
ва бародарон дар Лустра ва Қуния дар бораи ӯ шаҳодати нек медоданд.
3
Павлус хост ӯро ҳамроҳи худ барад, ва ӯро гирифта, ба хотири яҳудиёне ки дар он ҷойҳо буданд, хатна кард, зеро ҳама падарашро мешинохтанд, ки вай юнонӣ буд.
4
Дар ҳар шаҳре ки мегаштанд, дастурҳоеро, ки расулону пирон дар Уршалим қарор дода буданд, ба онҳо месупурданд, то аз рӯи он дастурҳо амал кунанд.
5
Пас, ҷамоатҳо дар имон устувор мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд.
6
Вақте ки аз Фриҷия ва кишвари Ғалотия мегузаштанд, Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт, ки каломро дар вилояти Осиё мавъиза кунанд.
7
Ба Мисия расида, аз он ҷо ба Битуния рафтанӣ шуданд, лекин Рӯҳ ба онҳо иҷозат надод.
8
Он гоҳ аз Мисия гузашта, ба Трӯос фуромаданд.
9
Шабона ба Павлус рӯъёе аён шуд, ки инак марде мақдунӣ назди ӯ истода буд ва илтимос карда, мегуфт: «Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ расон».
10
Ҳамин ки ӯ ин рӯъёро дид, мо дарҳол ба Мақдуния рафтанӣ шудем, зеро хулоса баровардем, ки Худованд моро даъват намудааст, то дар он ҷо башорат диҳем.
11
Аз Трӯос бо киштӣ рафта, рост ба Сомӯтрокӣ расидем ва рӯзи дигар ба Ниёпулис равона шудем;
12
аз он ҷо ба Филиппӣ рафтем, ки шаҳри аввали он қисми Мақдуния, шаҳри муҳоҷирони румӣ буд. Дар он шаҳр якчанд рӯз истодем.
13
Рӯзи шанбе аз шаҳр берун шуда, дар соҳили дарё, ки дар он ҷо одатан дуо мегуфтанд, нишастем ва ба заноне ки ҷамъ омада буданд, мавъиза кардем.
14
Лидия ном зани худотарси арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётиро буд, гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ба суханони Павлус диққат диҳад.
15
Вақте ки ӯ ва аҳли хонааш таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар дилпур бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, истед». Ӯ исрор кард ва мо розӣ шудем.
16
Як рӯз, ки мо сӯи ҷои дуо мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба хоҷагони худ даромади калоне меовард.
17
Вай аз пайи Павлус ва мо омад, ва фарёд зада, гуфт: «Ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд».
18
Азбаски чандин рӯз вай ҳамин гуна рафтор кард, Павлус сабрро аз даст дод ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳ гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ туро мефармоям, ки аз вай берун баро». Ва дарҳол аз вай берун омад.
19
Чун хоҷагони вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд;
20
вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: «Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд
21
ва урфу одатҳоеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, раво нест».
22
Мардум низ бар онҳо бархестанд, ва волиён либосҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд.
23
Пас аз задани зарбаи бисёр, онҳоро ба зиндон партофтанд ва ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бо диққат нигоҳбонӣ кунад.
24
Чун вай ин гуна фармоне гирифт, онҳоро ба зиндони дохилӣ партофт ва ба пойҳошон кунда зад.
25
Наздики ними шаб Павлус ва Сило дуо гуфта, Худоро бо суруд ситоиш мекарданд, ва бандиён онҳоро гӯш мекарданд.
26
Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуданд, ва занҷирҳои ҳама ғалтиданд.
27
Зиндонбон бедор шуда, дарҳои зиндонро кушода дид ва шамшери худро кашида, мехост худро кушад, ба гумони он ки бандиён гурехта рафтаанд.
28
Аммо Павлус бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Ба худ осебе нарасон, зеро ҳамаи мо дар ин ҷо ҳастем».
29
Зиндонбон чароғе талаб карда, ба дарун давида даромад ва ларзон шуда, пеши пои Павлус ва Сило афтод.
30
Баъд онҳоро берун оварда, гуфт: «Эй хоҷагон! Чӣ бояд кунам, то наҷот ёбам?»
31
Гуфтанд: «Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва ту бо аҳли хонаи худ наҷот меёбӣ».
32
Он гоҳ каломи Худовандро ба вай ва тамоми аҳли хонааш баён карданд.
33
Дар ҳамон соати шаб зиндонбон онҳоро бурда, захмҳошонро шуст, ва фавран худаш ва тамоми аҳли хонааш таъмид гирифтанд.
34
Ва онҳоро ба хонаи худ оварда, дар пешашон хӯрок монд. Ӯ ва тамоми аҳли хонааш шод шуданд, ки ба Худо имон оварданд.
35
Чун рӯз шуд, волиён навкаронро фиристоданд, ки гӯянд: «Он шахсонро озод кун».
36
Зиндонбон инро ба Павлус хабар дод: «Волиён кас фиристодаанд, ки шуморо озод кунам; пас, берун омада, бо осоиш равед».
37
Вале Павлус ба онҳо гуфт: «Моро, ки шаҳрвандони румӣ ҳастем, бе муҳокима дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд, ва акнун моро пинҳонӣ озод мекунанд? Не, бигзор худашон омада, моро берун оваранд».
38
Навкарон ин суханонро ба волиён расонданд, ва чун шуниданд, ки румӣ ҳастанд, тарсиданд.
39
Ва омада, аз онҳо узр хостанд ва берун оварда, хоҳиш карданд, ки аз шаҳр раванд.
40
Онҳо аз зиндон берун омада, ба хонаи Лидия рафтанд ва бо бародарон вохӯрда ва онҳоро насиҳат карда, равона шуданд.
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28