bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 27
Acts 27
Tajik NT 1999
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 28 →
1
Чун қарор доданд, ки бо киштӣ ба Италия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба мирисади сипоҳи Августус, ки Юлиус ном дошт, супурданд.
2
Ба киштии Адрамитиюн савор шуда, ба роҳ даромадем, ки он ба бандарҳои вилояти Осиё мерафт; Аристархуси мақдунӣ аз аҳли Тасолуникӣ ҳамроҳи мо буд.
3
Рӯзи дигар ба Сидун расидем; Юлиус бо Павлус меҳрубонона рафтор намуда, иҷозат дод, ки назди дӯстони худ рафта, аз ғамхории онҳо истифода барад.
4
Аз он ҷо равона шуда, аз наздикии Қиприс гузаштем, зеро боди мухолиф мевазид.
5
Баҳрро дар рӯ ба рӯи Киликия ва Памфилия тай намуда, ба Мирои Ликия расидем.
6
Дар он ҷо мирисад киштии Искандарияро, ки ба Италия мерафт, пайдо карда, моро бар он савор кард.
7
Чандин рӯз оҳиста-оҳиста шино карда, базӯр ба Қнидус наздик омадем, вале азбаски боди номусоид мевазид, аз наздикии Крит гузашта ба сӯи соҳили Салмӯнӣ рондем.
8
Ва бо душворӣ аз пеши он гузашта, ба ҷое расидем, ки Бандарҳои Нек ном дошт ва ба шаҳри Ласия наздик буд.
9
Пас аз гузаштани муддати зиёд, ки сафари баҳр акнун хатарнок шуда буд, зеро рӯза ҳам гузашта буд, Павлус онҳоро огоҳӣ дода,
10
гуфт: «Эй мардон! Мебинам, ки ин сафари мо на танҳо барои бор ва киштӣ, балки барои ҷони мо низ душвор ва хеле зарарнок мешавад».
11
Аммо мирисад аз суханони Павлус дида, ба гапи суккондор ва соҳиби киштӣ бештар бовар мекард.
12
Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо раванд, то ки, шояд, ба Финикс расида, зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба тарафи ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ аст, гузаронанд.
13
Чун боди мулоими ҷанубӣ вазидан гирифт, ба гумони он ки ба мақсадашон расиданд, лангар бардошта, дар наздикии соҳили Крит равона шуданд.
14
Вале дере нагузашта, тундбоде аз тарафи Крит бархест, ки Авруклидӯн ном дорад,
15
ва чунон бо шиддат ба киштӣ омада зад, ки он ба муқобили бод истода натавонист, ва мо идораи киштиро аз даст дода, беихтиёр ба ҷараёни об ронда шудем.
16
Ва дар паноҳи ҷазирачае ки Клавдо ном дорад, гузашта, қаиқи киштиро базӯр нигоҳ дошта тавонистем.
17
Онро кашида бароварда, камари киштиро бо танобҳо маҳкам бастанд ва, аз тарси он ки дар пастоби Сиртис фурӯ монанд, бодбонро фуроварданд, ва ҳамчунон ба ҷараёни об ронда мешуданд.
18
Рӯзи дигар, ба сабаби пурзӯр шудани тӯфон, бори киштиро ба об партофтан гирифтанд.
19
Дар рӯзи сеюм мо бо дастҳои худ асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтем.
20
Чандин рӯз на офтоб аён мешуд, на ситорагон; тӯфони шадид давом мекард, ва дигар ҳеҷ умеде барои халосии мо набуд.
21
Азбаски муддати дуру дароз чизе нахӯрда буданд, Павлус дар миёни онҳо истода, гуфт: «Эй мардон! Кошки ба суханони ман даромада, аз Крит намебаромадед, ва ин душвориҳо ва зарарро намедидед.
22
Акнун низ шуморо насиҳат медиҳам, ки хотирҷамъ бошед, чунки ҳеҷ осебе ба ҷони ҳеҷ яке аз шумо намерасад, танҳо киштӣ нобуд мешавад;
23
зеро имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва ба Ӯ ибодат мекунам, назди ман омад
24
ва гуфт: “Эй Павлус, натарс! Ту бояд пеши қайсар ҳозир шавӣ, ва инак, Худо ҷони ҳамаи ҳамсафаронатро ба ту бахшидааст”.
25
Бинобар ин, эй мардон, хотирҷамъ бошед, зеро ман ба Худо бовар мекунам, ки чунон ки ба ман гуфтааст, мешавад.
26
Лекин бар яке аз ҷазираҳо меафтем».
27
Чун шаби чордаҳум фаро расид, ва мо ҳанӯз дар баҳри Адриё ба ҳар сӯ ронда мешудем, ними шаб киштиронон пай бурданд, ки хушкие наздик аст.
28
Ва чуқурии обро чен карданд, бист қомат баромад; андаке пеш рафта, боз чен карданд, понздаҳ қомат баромад.
29
Аз тарси он ки ба санглохе бархӯранд, аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва хоҳони он буданд, ки зудтар рӯз шавад.
30
Киштиронон мехостанд киштиро тарк кунанд, ва бо ин мақсад қаиқро ба об мефуроварданд, ба баҳонаи он ки гӯё мехоҳанд лангарҳоро аз бинии киштӣ андозанд,
31
аммо Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар инҳо дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед».
32
Он гоҳ сарбозон танобҳои қаиқро буриданд, ва он афтод.
33
Пеш аз фаро расидани рӯз Павлус аз ҳама хоҳиш кард, ки чизе хӯранд; ӯ гуфт: «Имрӯз рӯзи чордаҳум аст, ки шумо интизорӣ кашида, чизе нахӯрдаед ва гурусна ҳастед.
34
Бинобар ин шуморо даъват менамоям, ки чизе хӯред, зеро зинда мондани шумо ба ин вобаста аст; мӯе аз сари ҳеҷ яке аз шумо намеафтад».
35
Бо ин суханон нонро гирифта, пеши ҳама Худоро шукргузорӣ кард ва онро шикаста, ба хӯрдан сар кард.
36
Он гоҳ ҳама хотирҷамъ шуданд, ва онҳо низ нон хӯрданд.
37
Мо дар киштӣ ҷамъ дусаду ҳафтоду шаш нафар будем.
38
Чун аз хӯрок сер шуданд, гандумро ба об партофта, киштиро сабук карданд.
39
Вақте ки рӯз равшан шуд, заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт, ва қарор доданд, ки агар мумкин шавад, киштиро сӯи он ронанд.
40
Лангарҳоро бурида, дар баҳр гузоштанд, бандҳои сукконро низ кушоданд ва бодбонро ба ҷараёни бод боло кашида, роҳи соҳилро пеш гирифтанд.
41
Ба пастобе дакка хӯрданд, ва киштӣ фурӯ монд; бинии он дармонда беҳаракат истод, лекин думаш аз шиддати мавҷҳо дарҳам шикаст.
42
Сарбозон қасди куштани бандиён карданд, ки мабодо касе шинокунон гурехта равад.
43
Лекин мирисад, ки мехост Павлусро раҳо кунад, ба ин қасди онҳо монеъ шуд ва фармуд, ки аввал касоне ки шино карда метавонанд, худро ба об партофта, ба соҳил расанд,
44
ва дигарон, баъзе бар тахтаҳо ва баъзе бар шикастапораҳои киштӣ аз дунболи онҳо раванд. Ба ҳамин тарз ҳамаашон ба саломатӣ ба хушкӣ расиданд.
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28