bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 21
Acts 21
Tajik NT 1999
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 22 →
1
Бо онҳо хайру хуш карда, бо киштӣ равона шудем ва рост ба Кос омадем; рӯзи дигар ба Рудус ва аз он ҷо ба Потаро расидем.
2
Дар он ҷо киштие ёфтем, ки ба Финиқия рафтанӣ буд, ва ба он савор шуда, ҳаракат кардем.
3
Қиприсро, ки аз дур намоён шуд, ба тарафи чап монда, сӯи Сурия равона шудем ва дар Сур лангар андохтем, зеро дар он ҷо бояд бори киштиро мефуроварданд.
4
Дар он ҷо шогирдонро пайдо карда, ҳафт рӯз истодем; онҳо бо илҳоми Рӯҳ ба Павлус гуфтанд, ки ба Уршалим наравад.
5
Чун вақти мо ба охир расид, боз ба роҳ даромадем, ва ҳама бо занону бачаҳошон моро то беруни шаҳр гусел карданд; мо дар соҳили баҳр зону зада, дуо гуфтем;
6
ва бо ҳамдигар хайру хуш карда, ба киштӣ даромадем, ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.
7
Сафари худро бо киштӣ анҷом дода, аз Сур ба Патуламоис расидем ва бо бародарон вохӯрда, як рӯз дар наздашон истодем.
8
Рӯзи дигар Павлус ва мо, ки ҳамроҳаш будем, он ҷоро тарк карда, ба Қайсария омадем ва ба хонаи Филлипуси башоратдиҳанда, ки яке аз ҳафт нафар буд, даромада, назди ӯ мондем.
9
Ӯ чор духтари бокира дошт, ки пайғамбарӣ мекарданд.
10
Пас аз чандин рӯзе ки дар он ҷо будем, Оғобус ном пайғамбаре аз Яҳудия омад.
11
Ва назди мо даромада, камарбанди Павлусро гирифт ва дастҳову пойҳои худро баст ва гуфт: «Рӯҳулқудс мегӯяд, ки яҳудиён дар Уршалим соҳиби ин камарбандро ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд».
12
Вақте ки инро шунидем, мо ва аҳли он ҷо илтимос кардем, ки ӯ ба Уршалим наравад.
13
Аммо Павлус ҷавоб дод: «Ин чӣ корест, ки шумо мекунед? Чаро бо гиряи худ дили маро мешиканед? Ман тайёрам на танҳо бандӣ шавам, балки дар Уршалим барои номи Худованд Исо мурам».
14
Чун ба гапи мо надаромад, ором шуда, гуфтем: «Он чи хости Худованд аст, шавад!»
15
Пас аз он рӯзҳо мо тайёрии сафарро дида, сӯи Уршалим равона шудем.
16
Баъзе аз шогирдони Қайсария низ моро ҳамроҳӣ карда, ба хонаи Маносун ном шахсе ки аз аҳли Қиприс ва шогирди дерина буд, оварданд, то назди ӯ меҳмон шавем.
17
Вақте ки вориди Уршалим шудем, бародарон моро бо хурсандӣ қабул карданд.
18
Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо назди Яъқуб рафт; ҳамаи пирон низ ҳозир шуданд.
19
Пас аз салому аҳволпурсӣ он чиро, ки Худо ба воситаи хизмати ӯ дар миёни ғайрияҳудиён ба амал оварда буд, муфассал нақл кард.
20
Чун шуниданд, Худовандро ҳамду сано хонданд ва ба ӯ гуфтанд: «Эй бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон овардаанд ва ҳамаашон ғайратмандони шариат мебошанд.
21
Онҳо дар бораи ту шунидаанд, ки ба ҳамаи яҳудиёне ки дар миёни халқҳо умр ба сар мебаранд, таълим медиҳӣ, ки аз Мусо дур шаванд, ва мегӯӣ, ки писарони худро хатна накунанд ва аз рӯи урфу одат рафтор накунанд.
22
Пас, чӣ бояд кард? Албатта мардум ҷамъ мешаванд, зеро аз омаданат хабар меёбанд.
23
Бинобар ин он чи ба ту мегӯем, ба ҷо овар: назди мо чор одам ҳастанд, ки назре кардаанд;
24
онҳоро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намо ва харҷашонро ба гарданат гир, то онҳо сари худро тарошанд, ва ҳама мефаҳманд, ки он чи дар бораи ту шунидаанд, асосе надорад, балки худат ҳам мувофиқи шариат рафтор мекунӣ.
25
Лекин дар хусуси онҳое ки аз байни ғайрияҳудиён имон овардаанд, мо навишта ва фармуда будем, ки чизеро риоя накунанд, балки танҳо аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз ҳайвонҳои хафашуда ва аз фосиқӣ парҳез намоянд».
26
Павлус он одамонро бо худ гирифта, ҳамроҳашон таҳорат намуд ва рӯзи дигар ба ибодатгоҳ даромад ва анҷоми рӯзҳои таҳоратро, ки бояд барои ҳар яке аз онҳо қурбоние тақдим карда шавад, эълон кард.
27
Вақте ки ҳафт рӯз ба охир мерасид, яҳудиёни аҳли вилояти Осиё ӯро дар ибодатгоҳ дида, тамоми мардумро ба шӯр оварданд ва ба ӯ дастдарозӣ карданд
28
ва фарёд заданд: «Эй мардони Исроил, ёрӣ диҳед! Ин ҳамон касест, ки ҳамаро дар ҳар ҷо зидди қавм ва шариат ва ин макон таълим медиҳад, дар айни ҳол юнониҳоро низ ба ибодатгоҳ дароварда, ин макони муқаддасро ҳаром кардааст».
29
Зеро Труфимуси эфесусиро бо ӯ дар шаҳр дида буданд ва гумон карданд, ки Павлус вайро ба ибодатгоҳ овардааст.
30
Тамоми шаҳр ба ҷунбиш омад, мардуми бисёре ҷамъ шуданд ва Павлусро дастгир карда, аз ибодатгоҳ берун бароварданд ва дарҳол дарҳоро бастанд.
31
Вақте ки кӯшиш карданд ӯро кушанд, ба мириҳазори сипоҳ хабар расид, ки тамоми Уршалим ба ошӯб омадааст;
32
вай дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, сӯи онҳо шитофт, ва ҳангоме ки мириҳазор ва сарбозонро диданд, аз задани Павлус даст кашиданд.
33
Мириҳазор наздик омада, ӯро дастгир кард ва фармуд, ки ӯро бо ду занҷир банданд, ва пурсид, ки ин кист ва чӣ гуноҳе кардааст?
34
Аз байни тӯда дод зада, баъзеҳо як чиз ва баъзеҳо чизи дигар мегуфтанд, ва азбаски вай аз боиси шӯру ғавғо ҳақиқати ҳолро фаҳмида натавонист, фармон дод, ки ӯро ба қалъа баранд.
35
Вақте ки ӯ ба зинапоя расид, сарбозон ба сабаби хашми мардум маҷбур шуданд ӯро бардошта баранд.
36
Зеро мардуми бисёре аз қафо омада, фарёд мезаданд, ки “ӯро кушед!”
37
Пеш аз он ки вориди қалъа шаванд, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Оё иҷозат медиҳӣ ба ту гап занам?» Гуфт: «Оё забони юнониро медонӣ?
38
Оё ту ҳамон мисрие нестӣ, ки якчанд рӯз пеш аз ин, шӯрише барангехта, чор ҳазор одамкушро бо худ ба биёбон бурд?»
39
Павлус гуфт: «Ман шахси яҳудӣ аз Тарсус ҳастам, шаҳрванди шаҳри машҳури Киликия; хоҳишмандам иҷозат деҳ, то ба мардум сухане гӯям».
40
Вақте ки иҷозат дод, Павлус дар болои зина истода, бо дасташ ба мардум ишора кард, ва чун хомӯшии том фаро расид, ба забони ибронӣ ба онҳо гуфт:
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28