bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 15
Acts 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 16 →
1
Баъзе касон аз Яҳудия омада, бародаронро таълим медоданд, ки «агар мувофиқи одати Мусо хатна нашавед, наҷот ёфта наметавонед».
2
Пас аз он ки Павлус ва Барнаббо бо онҳо мунозира ва баҳси бисёре карданд, қарор дода шуд, ки Павлус ва Барнаббо ва чанд нафари дигар аз онҳо барои ҳалли ин масъала назди расулон ва пирон ба Уршалим раванд.
3
Пас, ҷамоат онҳоро гуселонд; ва ҳангоме ки онҳо аз Финиқия ва Сомара мегузаштанд, имон овардани ғайрияҳудиёнро ҳикоят карда, ҳамаи бародаронро хеле шод гардонданд.
4
Чун ба Уршалим расиданд, ҷамоат, расулон ва пирон онҳоро пазироӣ карданд, ва онҳо нақл карданд, ки Худо бо онҳо чиҳо кард.
5
Он гоҳ баъзе касон аз ҳизби фарисиён, ки имон оварда буданд, бархеста, гуфтанд, ки онҳоро бояд хатна карда, фармоянд, ки шариати Мусоро риоя кунанд.
6
Расулон ва пирон ҷамъ шуданд, то ин масъаларо муҳокима намоянд.
7
Пас аз баҳси бисёр Петрус бархеста, ба онҳо гуфт: «Эй мардон, бародарон! Шумо медонед, ки дар рӯзҳои аввал Худо аз миёни мо маро баргузид, то ғайрияҳудиён каломи Инҷилро аз забони ман шунаванд ва имон оваранд.
8
Худои дилогоҳ ба онҳо ба чунин восита шаҳодат дод, ки Рӯҳулқудсро ба онҳо низ бахшид, чунон ки ба мо бахшидааст;
9
ва дилҳои онҳоро бо имон пок сохта, дар байни мо ва онҳо ҳеҷ фарқе нагузошт.
10
Пас чаро акнун Худоро озмуда, бар гардани шогирдон юғе меандозед, ки онро ҳам падарони мо ва ҳам мо бардошта натавонистем?
11
Лекин мо бовар мекунем, ки бо файзи Худованд Исо наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ».
12
Он гоҳ тамоми аҳли маҷлис хомӯш шуда, ба ҳикояти Барнаббо ва Павлус дар бораи аломатҳову муъҷизаҳое ки Худо дар миёни ғайрияҳудиён ба воситаи онҳо ба амал оварда буд, гӯш доданд.
13
Ҳамин ки сухани онҳо ба охир расид, Яъқуб ба сухан оғоз карда, гуфт: «Эй мардон, бародарон! Ба ман гӯш диҳед:
14
Шимъун фаҳмонд, ки чӣ гуна Худо бори якум ба ғайрияҳудиён назар андохт, то аз миёни онҳо қавме ба номи Худ гирад.
15
Гуфтаҳои пайғамбарон низ ба ин мувофиқ аст, чунон ки навишта шудааст:
16
“Пас аз ин баргашта, Хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам Ва харобаҳои онро обод мегардонам Ва барпо менамоям,
17
То бақияи одамон Ва ҳамаи халқҳое ки номи Ман бар онҳо хонда мешавад, Худовандро ҷӯянд, Мегӯяд Худованде ки ҳамаи инро ба амал меоварад”.
18
Ба Худо ҳамаи корҳояш аз азал маълуманд.
19
Пас, фикри ман ин аст, ки касонеро, ки аз миёни халқҳо ба Худо рӯ меоваранд, ба душворӣ наандозем,
20
балки ба онҳо фақат нависем, ки аз нопокии бутҳо, аз фосиқӣ, аз гӯшти ҳайвоноти гулӯгиркардашуда ва аз хун парҳез кунанд.
21
Зеро шариати Мусо аз наслҳои қадим дар ҳамаи шаҳрҳо касоне дорад, ки онро мавъиза мекунанд, чунки он дар куништҳо ҳар рӯзи шанбе хонда мешавад».
22
Он гоҳ расулон ва пирон ва тамоми ҷамоат ба қароре омаданд, ки чанд касро аз миёни худ интихоб карда, ҳамроҳи Павлус ва Барнаббо ба Антокия фиристанд. Онҳо Яҳудоро, ки лақабаш Барсаббо буд, ва Силоро интихоб карданд, ки ин мардон аз пешвоёни бародарон буданд.
23
Ва ин номаро ба воситаи онҳо фиристоданд: «Расулон ва пирон ва бародарон ба бародароне ки аз ғайрияҳудиён дар Антокия, Сурия ва Киликия ҳастанд, салом мерасонанд.
24
Чун шунидем, ки аз миёни мо баъзе касон шуморо бо суханони худ саргаранг сохтаанд ва дилҳои шуморо ба шубҳа андохтаанд ва гуфтаанд, ки “бояд хатна кунед ва шариатро риоя намоед”, ва ҳол он ки мо ба онҳо чунин дастуре надодаем,
25
бинобар ин мо якдилона ба қароре омадем, ки чанд нафарро интихоб намуда, назди шумо равона кунем, ҳамроҳи азизони худ Барнаббо ва Павлус,
26
мардоне ки ҳаёти худро барои номи Худованди мо Исои Масеҳ бахшидаанд.
27
Пас, Яҳудо ва Силоро фиристодаем, ки онҳо низ ҳамин чизҳоро ба шумо даҳанакӣ баён кунанд.
28
Зеро Рӯҳулқудс ва мо онро писандидем, ки бар шумо боре нагузорем, ғайр аз ин чизҳои даркорӣ:
29
аз қурбониҳои бутҳо, аз хун, аз гӯшти ҳайвоноти хафашуда ва аз фосиқӣ парҳез кунед; агар аз ин чизҳо худро нигоҳ доред, кори хубе мекунед. Саломат бошед».
30
Вақте ки фиристодагон ба Антокия омаданд, мардумро ҷамъ карда, номаро супурданд.
31
Онро хонда, аз мазмуни тасаллибахшаш шодмон шуданд.
32
Яҳудо ва Сило, ки низ пайғамбар буданд, бародаронро бо суханони бисёр насиҳат доданд ва устувор намуданд.
33
Пас аз он ки муддате дар он ҷо монданд, бародарон онҳоро бо осоиш назди расулон равона карданд.
35
Павлус ва Барнаббо дар Антокия истода, бо ҳамроҳии бисёр касони дигар каломи Худовандро таълим ва башорат медоданд.
36
Чун якчанд рӯз гузашт, Павлус ба Барнаббо гуфт: «Акнун гашта равем ва дар ҳар шаҳре ки каломи Худовандро мавъиза карда будем, бародарони худро бинем, ки аҳволашон чӣ гуна аст».
37
Барнаббо мехост Юҳанноро, ки лақабаш Марқус буд, ҳамроҳашон баранд,
38
аммо Павлус бо худ бурдани шахсеро, ки дар Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дар корашон то ба охир ҳамроҳӣ накарда буд, нодуруст меҳисобид.
39
Ба ин сабаб ихтилофе ба миён омада, то ба ҳадде расид, ки онҳо аз якдигар ҷудо шуданд, ва Барнаббо Марқусро ҳамроҳи худ гирифта, бо киштӣ ба Қиприс рафт,
40
ва Павлус барои Худ Силоро интихоб кард, ва ҳамин ки бародарон ӯро ба файзи Худо супурданд, рӯ ба сафар ниҳод,
41
ва ба Сурия ва Киликия гузашта, ҷамоатҳоро устувор менамуд.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28