bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 5
Acts 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
1
Аммо Ҳанониё ном шахсе, бо ҳамсараш Сафира, мулки худро фурӯхт
2
ва як қисми пули онро, бо огоҳии ҳамсараш, гирифта нигоҳ дошт ва боқии онро оварда, пеши пои расулон гузошт.
3
Петрус гуфт: «Эй Ҳанониё! Чаро ин гуна ба дилат шайтон роҳ ёфтааст, то туро водор намояд, ки ба Рӯҳулқудс дурӯғ гӯӣ ва як қисми пули заминро пинҳон кунӣ?
4
Оё он чи доштӣ, аз они ту набуд? Оё он чи пас аз фурӯхтан пайдо кардӣ, дар ихтиёри ту набуд? Чаро чунин фикрро дар дили худ ҷо додӣ? Ту на ба одамизод, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».
5
Ҳамин ки Ҳанониё ин суханонро шунид, ба замин афтод ва ҷон дод; ва ҳамаи онҳоеро, ки инро шуниданд, тарси бузурге фаро гирифт.
6
Ҷавонон бархеста, ӯро дар кафан печонданд ва берун бурда, ба хок супурданд.
7
Тахминан пас аз гузаштани се соат ҳамсараш омад, ки аз ин рӯйдод бехабар буд.
8
Петрус аз вай пурсид: «Ба ман гӯй, ки оё заминро ба ҳамин маблағ фурӯхтед?» Зан гуфт: «Оре, ба ҳамин маблағ».
9
Петрус ба вай гуфт: «Чаро ҳар ду забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро озмоед? Инак, пойҳои онҳое ки шавҳаратро гӯронданд, бар остонаи дар ҳастанд; туро низ мебаранд».
10
Ҳамон дам вай пеши пои ӯ афтода, ҷон дод; ва чун ҷавонон даромаданд, вайро мурда ёфтанд ва берун бурда, дар паҳлуи шавҳараш ба хок супурданд.
11
Тамоми ҷамоат ва ҳамаи онҳоеро, ки инро шуниданд, тарси бузурге фаро гирифт.
12
Аломатҳо ва муъҷизаҳои бисёре бо дасти расулон дар миёни қавм ба амал меомаданд; ва ҳама якдилона дар айвони Сулаймон ҷамъ мешуданд.
13
Ҳеҷ каси бегона ҷуръат намекард бо онҳо ҳамнишин шавад, ҳарчанд мардум онҳоро ситоиш мекарданд.
14
Мардону занони бисёре ба Худованд имон оварда, торафт бештар ба онҳо ҳамроҳ мешуданд;
15
кор ба ҷое расид, ки беморонро ба кӯчаҳо бароварда, болои бистарҳо ва катҳо мегузоштанд, то ки ҳангоми гузашта рафтани Петрус ҳеҷ набошад сояи ӯ бар баъзеи онҳо афтад.
16
Ҳамчунин бисёр касон аз шаҳрҳои атроф дар Уршалим ҷамъ шуда, беморон ва гирифторони рӯҳҳои нопокро меоварданд, ва ҳамаи онҳо шифо меёфтанд.
17
Аммо саркоҳин ва бо вай ҳамаи онҳое ки аз ҳизби саддуқиён буданд, аз ҳасад пур шуда, бархестанд
18
ва ба расулон дастдарозӣ карда, онҳоро дар зиндони умумӣ андохтанд.
19
Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:
20
«Равед ва дар ибодатгоҳ истода, ҳамаи суханони ин ҳаётро ба қавм гӯед».
21
Чун инро шуниданд, бомдодон ба ибодатгоҳ омаданд ва ба таълим додан сар карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯро ва ҳамаи пирони банӣ-Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то онҳоро биёранд.
22
Аммо нигаҳбонон рафта, онҳоро дар зиндон наёфтанд ва баргашта, хабар доданд
23
ва гуфтанд: «Зиндонро бо эҳтиёти тамом баста дидем, ва посбонон пеши дар истода буданд, вале вақте ки дарро кушодем, ҳеҷ касро дар он наёфтем».
24
Чун саркоҳин ва фармондеҳи ибодатгоҳ ва сардорони коҳинон ин суханонро шуниданд, ҳайрон шуданд, ки ин чӣ оқибате дошта бошад.
25
Дар ҳамин вақт касе омад ва ба онҳо хабар дод: «Инак, он шахсоне ки дар зиндон андохта будед, дар ибодатгоҳ истода, мардумро таълим медиҳанд».
26
Он гоҳ фармондеҳ бо нигаҳбононаш рафта, онҳоро овард, лекин на бо зӯрӣ, зеро аз қавм тарсиданд, ки мабодо онҳоро сангсор кунанд.
27
Чун онҳоро оварда, назди шӯро ба по хезонданд, саркоҳин ба онҳо савол дода,
28
гуфт: «Оё шуморо бо ҷиддият нафармудаем, ки ба ин ном таълим надиҳед? Ва инак, шумо Уршалимро бо таълимоти худ пур кардаед ва мехоҳед хуни он Одамро ба гардани мо бор кунед».
29
Петрус ва расулон дар ҷавоб гуфтанд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод;
30
Худои падарони мо Исоро, ки шумо ба дор овехта, кушта будед, бархезонд.
31
Худо Ӯро ба тарафи рости Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ба Исроил тавба ва бахшоиши гуноҳҳоро диҳад.
32
Мо шоҳидони Ӯ бар ин корҳо ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки онро Худо ба фармонбардорони Худ додааст».
33
Чун шуниданд, хашмгин шуданд ва қасд карданд онҳоро кушанд.
34
Аммо Ҷамлиил ном фарисӣ, ки муаллими шариат ва пеши тамоми қавм муҳтарам буд, дар шӯро бархеста, фармуд, ки расулонро ба муддати кӯтоҳе берун баранд;
35
ва ба ҳозирон гуфт: «Эй мардони Исроил! Аз он чи бо ин одамон кардан мехоҳед, эҳтиёт бошед.
36
Зеро пеш аз ин рӯзҳо Тавдо бархеста, худро чун шахси бузурге вонамуд кард, ва тақрибан чорсад нафар бо вай ҳамроҳ шуданд; вай кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда ва нест шуданд.
37
Пас аз вай Яҳудои Ҷалилӣ дар айёми номнависӣ бархест ва мардуми бисёреро аз пайи худ кашид; вай низ кушта шуд, ва ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд.
38
Ва акнун ба шумо мегӯям, ки аз ин одамон даст кашед ва онҳоро ба ҳоли худ гузоред, зеро агар ин нақша ва кор аз одамизод бошад, худ аз худ барҳам мехӯрад,
39
вале агар аз Худо бошад, шумо онро наметавонед барҳам диҳед, мабодо маълум шавад, ки бо Худо ситеза мекунед».
40
Ба гапи вай даромаданд ва расулонро ҷеғ зада оварда, заданд ва фармуданд, ки ба номи Исо сухан нагӯянд, ва онҳоро озод намуданд.
41
Онҳо шодикунон аз шӯро баромаданд, чунки ба хотири номи Исо сазовори беҳурматӣ гардида буданд.
42
Ва ҳеҷ рӯзе дар ибодатгоҳ ва хонаҳо аз таълим ва башорат додан дар бораи Исои Масеҳ даст накашиданд.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28