bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 6
Acts 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
1
Дар он рӯзҳо, ки шогирдон зиёд мешуданд, яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни ибронизабон шикоят карданд, ки бевазанони онҳо дар тақсими ризқи ҳаррӯза бе баҳра мемонанд.
2
Он дувоздаҳ нафар ҷамъи шогирдонро даъват намуда, гуфтанд: «Шоиста нест, ки мо каломи Худоро тарк карда, бо хизмати мизбонӣ машғул шавем.
3
Пас, эй бародарон, ҳафт марди некном ва пур аз Рӯҳулқудс ва ҳикматро аз миёни худ интихоб намоед, то онҳоро ба ин кор таъйин кунем;
4
ва мо ҳамеша бо дуо ва бо хизмати каломи Худо машғул мешавем».
5
Ин сухан ба тамоми ҷамъомад писанд омад, ва Истефанусро, ки шахси пур аз имону Рӯҳулқудс буд, ва Филиппус ва Прӯхурус ва Никонӯр ва Тимӯн ва Парминос ва Никӯлоусро, ки яҳудишудае аз Антокия буд, интихоб карданд.
6
Инҳоро дар назди расулон ба по хезонданд, ва даст бар сарашон монда, дуо карданд.
7
Каломи Худо паҳн мешуд, шумораи шогирдон дар Уршалим хеле меафзуд, ва бисёре аз коҳинон низ фармонбардори имон мешуданд.
8
Истефанус, ки пур аз имон ва қувват буд, дар миёни қавм аломатҳову муъҷизаҳои бузурге ба амал меовард.
9
Баъзе касон аз куништи ба ном либартиниён, қайравониён ва искандариён ва аз аҳли Киликия ва Осиё бархеста, бо Истефанус баҳс карданд.
10
Лекин бар зидди он ҳикмат ва Рӯҳе ки ӯ сухан мегуфт, истодагарӣ карда наметавонистанд.
11
Бинобар ин чанд касро водор карданд, ки гӯянд: «Мо шунидем, ки ӯ дар бораи Мусо ва Худо суханони куфромез мегуфт».
12
Дар миёни қавм ва пирон ва китобдонон шӯр ангехта, ба ӯ ҳуҷум оварданд ва ӯро дастгир карда, ба шӯро бурданд.
13
Шоҳидони дурӯғинро пеш оварданд, ва онҳо гуфтанд: «Ин шахс зидди макони муқаддас ва зидди Таврот суханони куфромез гуфтанро бас намекунад;
14
зеро шунидем, ки ӯ мегуфт: “Исои Носирӣ ин маконро хароб мекунад ва урфу одатҳоеро, ки Мусо ба мо супурдааст, дигаргун менамояд”».
15
Ҳамаи касоне ки дар шӯро нишаста буданд, бар ӯ нигариста, диданд, ки чеҳраи ӯ монанди чеҳраи фаришта буд.
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28