bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 24
Acts 24
Tajik NT 1999
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 25 →
1
Пас аз панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё бо пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшиносе омад, ва онҳо шикояти худро дар ҳаққи Павлус ба ҳоким супурданд.
2
Вақте ки Павлусро даъват карданд, Тартуллус ба айбдор кардани ӯ сар карда, гуфт:
3
«Эй Феликси муҳтарам, мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо камоли миннатдорӣ эътироф менамоем, ки дар сояи ту осоиши комил дорем, ва ба туфайли дурандешии ту ин халқ ба некӯаҳволӣ расидааст;
4
вале, барои он ки туро бисёр заҳмат надиҳам, аз ту хоҳишмандам, ки аз рӯи меҳрубонӣ мухтасаран арзи моро шунавӣ.
5
Зеро ин мардро вайронкор ёфтаем, ки ӯ ҳамаи яҳудиёни рӯи оламро ба шӯр меандозад ва сардастаи бидъати носирӣ мебошад.
6
Ӯ ҳатто кӯшиш намудааст, ки ибодатгоҳро ҳаром гардонад; ва мо ӯро дастгир кардем;
8
худат метавонӣ тафтиш намуда, ҳар он чиро, ки мо бар ӯ даъво дорем, аз ӯ фаҳмӣ».
9
Яҳудиён айби /Павлусро/ тасдиқ карда, гуфтанд, ки чунин аст.
10
Чун ҳоким ба Павлус ишора кард, ки сухан гӯяд, ӯ чунин ҷавоб дод: «Азбаски медонам, ки ту чандин сол боз довари ин халқ ҳастӣ, ман кори худро дилпурона муҳофизат менамоям;
11
ту метавонӣ фаҳмӣ, ки дувоздаҳ рӯз зиёд нагузаштааст, ки ман барои парастиш ба Уршалим рафта будам;
12
ва маро ҳеҷ кас надидааст, ки дар ибодатгоҳ, ё куништҳо ва ё дар шаҳр бо касе баҳс карда бошам ё ки мардумро ба шӯр андохта бошам;
13
низ он чиро, ки акнун бар ман даъво менамоянд, исбот карда наметавонанд;
14
лекин инро назди ту эътироф мекунам, ки аз рӯи Тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман ба Худои падарон чунин ибодат менамоям, ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар китобҳои пайғамбарон навишта шудааст, бовар мекунам.
15
Ва аз Худо умед дорам, чунон ки инҳо низ интизорӣ доранд, ки ҳам барои росткорон ва ҳам барои бадкорон растохези мурдагон дар пеш аст;
16
бинобар ин худам низ саъю кӯшиш менамоям, ки виҷдонам назди Худо ва одамон ҳамеша пок бошад.
17
Пас аз чандин сол ман омадам, то ба халқи худ садақаҳо биёрам ва қурбонӣ тақдим кунам,
18
ва дар ҳолате ки таҳорат ёфта будам, ва дар гирду пешам на мардуме буд, на ғавғое, маро дар ибодатгоҳ чанд нафар яҳудиёни вилояти Осиё диданд,
19
ки онҳо низ бояд дар ин ҷо назди ту меистоданд ва, агар чизе зидди ман дошта бошанд, даъво мекарданд;
20
ё худи инҳо гӯянд, ки вақте ки назди шӯро истода будам, чӣ хатое дар ман ёфтаанд,
21
ғайр аз он як сухан, ки ман дар миёни онҳо истода, бо овози баланд гуфтам, ки аз барои растохези мурдагон имрӯз пеши шумо муҳокима карда мешавам».
22
Инро шунида, Феликс, ки аз Тариқат ба хубӣ огоҳӣ дошт, муҳокимаро ба вақти дигар мононда, гуфт: «Вақте ки Лисиёси мириҳазор биёяд, кори шуморо тафтиш мекунам».
23
Ва ба мирисад фармуд, ки Павлусро дар бандихона нигоҳ дорад, лекин ба ӯ сабукӣ диҳад ва ба ҳеҷ касе аз наздиконаш, ки барои хизмат ё дидорбинии ӯ меоянд, монеъ нашавад.
24
Пас аз чанд рӯз Феликс бо зани худ Друсилла, ки яҳудӣ буд, омад ва Павлусро даъват намуда, суханони ӯро дар бораи имон ба Масеҳ гӯш кард.
25
Аммо вақте ки ӯ дар бораи росткорӣ, парҳезгорӣ ва доварии оянда сухан меронд, Феликс ба ҳарос афтода, ҷавоб дод: «Алҳол рав, ва ҳар гоҳ фурсат ёбам, боз туро даъват мекунам».
26
Дар айни ҳол вай умедвор буд, ки Павлус ба вай пул медиҳад, то ӯро озод кунад; бинобар ин ӯро дам ба дам даъват намуда, бо ӯ гуфтугӯ мекард.
27
Лекин пас аз гузаштани ду сол Поркиюс Фестус ба ҷои Феликс таъйин шуд, ва Феликс, ки мехост яҳудиёнро аз худ миннатдор кунад, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28