bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 20
Acts 20
Tajik NT 1999
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
1
Чун шӯру ғавғо фурӯ нишаст, Павлус шогирдонро даъват намуда, хайру хуш кард ва ба Мақдуния равона шуд.
2
Дар он ноҳияҳо гашта, бисёр насиҳат дод ва ба Юнон омад.
3
Дар он ҷо се моҳ истод; ӯ хост бо киштӣ ба Сурия равад, аммо азбаски яҳудиён ба муқобили ӯ забон як карда буданд, ба фикре омад, ки бо роҳи Мақдуния гашта равад.
4
То ба вилояти Осиё ҳамроҳи ӯ инҳо рафтанд: Супотрус аз аҳли Бирия, тасолуникиён Аристархус ва Секундус, Ғоюс аз аҳли Дарба, Тимотиюс ва осиёиҳо Тихиқус ва Труфимус.
5
Инҳо аз мо пештар рафта, дар Трӯос мунтазири мо шуданд.
6
Лекин мо пас аз рӯзҳои иди Фатир аз Филиппӣ бо киштӣ рафтем ва пас аз панҷ рӯз ба Трӯос назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз истодем.
7
Рӯзи якуми ҳафта, вақте ки шогирдон барои пора кардани нон ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва суханаш то нисфи шаб давом намуд.
8
Дар болохонае ки мо ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисёре месӯхтанд.
9
Эфтихус ном ҷавоне ки дар тиреза нишаста буд, ба пинак рафт, ва ҳангоме ки сухани Павлус тӯл кашид, хоби сахташ бурда, ногоҳ аз ошёнаи сеюм ба зер афтод, ва чун ӯро бардоштанд, мурда буд.
10
Павлус поён фуромада, худро болои ӯ партофт ва ӯро оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир нашавед, зеро ҷони ӯ дар ӯст».
11
Пас боло баромад ва нонро пора карда, хӯрд ва то бомдод гуфтугӯи бисёре карда, ба роҳи худ равона шуд.
12
Дар ин миён он ҷавонро зинда оварданд, ва хотирашон хеле осуда шуд.
13
Мо зуд ба киштӣ савор шуда, ба Асус рафтем, то ки аз он ҷо Павлусро ҳамроҳи худ гирем, зеро чунин фармуда буд, ва ӯ хост пиёда равад.
14
Вақте ки дар Асус бо мо вохӯрд, ӯро ҳамроҳи худ гирифта, ба Митилинӣ омадем.
15
Аз он ҷо бо киштӣ равона шуда, рӯзи дигар дар рӯ ба рӯи Хиюс бозистодем; як рӯз пас ба Сомус расидем ва дар Труҷилиюн истода, фардои он вориди Милитус шудем,
16
зеро Павлус ният дошт аз паҳлуи Эфесус гузашта равад, то дар вилояти Осиё дер наистад, чунки ӯ мешитобид, ки ба қадри имкон дар рӯзи Пантикост дар Уршалим бошад.
17
Аз Милитус ба Эфесус кас фиристода, пирони ҷамоатро даъват намуд,
18
ва ҳангоме ки назди ӯ омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи аввали ба Осиё қадам монданам, дар тамоми вақте ки бо шумо будам, ман чӣ гуна рафтор кардам,
19
яъне бо камоли фурӯтанӣ, бо ашкҳои бисёр ва бо озмоишҳое ки ба воситаи қасдҳои бади яҳудиён ба сарам меомад, Худовандро бандагӣ намудам,
20
ва чӣ гуна ман ҳар чизеро, ки фоиданок буд, аз шумо дареғ надоштам, балки дар пеши тамоми мардум ва хона ба хона гашта, ба шумо мавъиза кардам ва таълим додам.
21
Ва ба яҳудиён ва юнониён шаҳодат медодам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исо имон оваранд.
22
Ва инак, акнун дар бандагии Рӯҳ ба Уршалим меравам ва аз он чи дар он ҷо ба сарам меояд, чизе намедонам,
23
ғайр аз ин ки Рӯҳулқудс дар ҳар шаҳр шаҳодат дода, мегӯяд, ки занҷирҳо ва азобҳо маро интизоранд.
24
Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки танҳо мехоҳам вазифаи худро ва он хизматеро, ки Худованд Исо ба ман супурдааст, яъне шаҳодати Инҷили файзи Худоро бо хушӣ анҷом диҳам.
25
Ва акнун инро медонам, ки ҳамаи шумо, ки дар байнатон гашта, Подшоҳии Худоро мавъиза кардаам, дигар рӯи маро намебинед.
26
Бинобар ин имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки ман аз хуни ҳамаатон пок ҳастам,
27
зеро кӯтоҳбаёнӣ накардаам, балки ба шумо тамоми нақшаи Худоро фаҳмондам.
28
Пас, худатон ва тамоми он рамаеро назорат кунед, ки Рӯҳулқудс шуморо нигаҳбони он вогузоштааст, то ҷамоати Худованд Худоро, ки Ӯ бо хуни Худ харидааст, чӯпонӣ кунед.
29
Зеро ман медонам, ки пас аз рафтани ман гургҳои даранда ба миёни шумо меоянд, ки ба рама раҳме намекунанд;
30
аз миёни худатон низ шахсоне пайдо мешаванд, ки суханони каҷ мегӯянд, то шогирдонро аз пайи худ кашанд.
31
Бинобар ин ҳушёр бошед ва дар хотир нигоҳ доред, ки ман дар давоми се сол, рӯзонаву шабона ашк рехта, ҳар яке аз шуморо насиҳат додам.
32
Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бахшад.
33
Ман ба нуқра ё тилло ё либоси касе чашм надӯхтаам;
34
худатон медонед, ки ҳамин дастҳо барои эҳтиёҷҳои худам ва ҳамроҳонам хизмат кардаанд.
35
Бо тамоми рафтори худ ба шумо нишон додаам, ки чунин меҳнат карда, нотавононро дастгирӣ намудан ва суханони Худованд Исоро дар ёд нигоҳ доштан даркор аст, ки Ӯ гуфтааст: “Додан аз гирифтан беҳтар аст”».
36
Баъд аз гуфтани ин зону зада, бо ҳамаашон дуо гуфт.
37
Ҳама гиряи бисёр карданд ва Павлусро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд.
38
Беш аз ҳама чунин сухани ӯ онҳоро хеле ғамгин кард, ки гуфта буд: «Рӯи маро дигар намебинед». Ва ӯро то киштӣ гуселонданд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28