bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 22
Acts 22
Tajik NT 1999
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
1
«Эй мардон, бародарон ва падарон! Он чиро, ки пеши шумо барои муҳофизати худ мегӯям, гӯш кунед».
2
Чун шуниданд, ки ба онҳо ба забони ибронӣ сухан мекунад, боз зиёдтар хомӯш шуданд. Ӯ гуфт:
3
«Ман марди яҳудӣ ҳастам, дар Тарсуси Киликия таваллуд шудаам, вале дар ин шаҳр дар хизмати Ҷамлиил тарбият ёфтаам ва шариати падаронро бо диққат омӯхтаам ва барои Худо ғайратманд будам, чунон ки ҳамаи шумо имрӯз ҳастед.
4
Ва аҳли Тариқатро то ба дараҷаи марг таъқиб менамудам ва мардону занонро баста, дар зиндон меандохтам;
5
дар бораи ман саркоҳин ва ҳамаи пирон низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ман аз онҳо номаҳо гирифта, ба Димишқ назди бародарон рафта будам, то онҳоеро ки дар он ҷо бошанд, бандӣ карда, барои ҷазо ба Уршалим биёрам.
6
Аммо дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик меомадам, тахминан нисфирӯзӣ ногоҳ нури бузурге аз осмон гирди ман дурахшид.
7
Бар замин афтодам ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ?”
8
Ҷавоб додам: “Худовандо, Ту кистӣ?” Ӯ ба ман гуфт: “Ман он Исои Носирӣ ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ”.
9
Онҳое ки ҳамроҳи ман буданд, нурро дида, ҳаросон шуданд, вале овози он Касеро, ки ба ман сухан мегуфт, намешуниданд.
10
Он гоҳ ман гуфтам: “Худовандо! Чӣ кунам?” Худованд ба ман гуфт: “Бархез ва ба Димишқ рав, ва дар он ҷо ҳар коре ки бояд кунӣ, ба ту гуфта мешавад”.
11
Азбаски ман аз дурахши он нур нобино шуда будам, ҳамроҳонам аз дастам гирифта, ба Димишқ бурданд.
12
Ҳанониё ном марди худотарс аз рӯи шариат, ки дар миёни ҳамаи яҳудиёни сокини Димишқ некном буд,
13
назди ман омада, истоду ба ман гуфт: “Эй бародар Шоул! Бино шав”. Ҳамон дам ман ӯро дидам.
14
Ӯ гуфт: “Худои падарони мо туро аз пеш таъйин кардааст, то хости Ӯро донӣ ва он Росткорро бинӣ ва аз забонаш сухане шунавӣ,
15
чунки аз он чи дидаӣ ва шунидаӣ, пеши ҳамаи мардум шоҳиди Ӯ мешавӣ.
16
Пас, чаро интизор ҳастӣ? Бархез ва таъмид гир ва номи Худовандро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав”.
17
Вақте ки ба Уршалим баргашта, дар ибодатгоҳ дуо мегуфтам, дар ҳолати бехудӣ афтодам
18
ва Ӯро дидам, ки мегуфт: “Шитоб намо ва аз Уршалим зуд равона шав, чунки шаҳодати туро дар бораи Ман қабул намекунанд”.
19
Гуфтам: “Худовандо! Онҳо медонанд, ки ман имондорони Туро ба зиндон мепартофтам ва дар куништҳо мезадам,
20
ва ҳангоме ки хуни шоҳиди Ту Истефанусро мерехтанд, ман дар он ҷо истода, ба куштори ӯ розӣ будам ва либосҳои кушандагони ӯро посбонӣ мекардам”.
21
Аммо Ӯ ба ман гуфт: “Равона шав, зеро Ман туро ба ҷойҳои дур сӯи ғайрияҳудиён мефиристам”».
22
То ҳамин суханаш ба ӯ гӯш доданд; баъд фарёд зада, гуфтанд: «Чунин шахсро аз рӯи замин нобуд кунед! Зеро набояд ӯ зинда монад».
23
Вақте ки онҳо дод мезаданд, ҷомаҳои худро мепартофтанд ва чанг ба ҳаво бармеафшонданд,
24
мириҳазор фармуд, ки ӯро ба қалъа дароварда, тозиёна зананд, то фаҳманд, ки аз чӣ сабаб бар ӯ ин қадар фарёд мезананд.
25
Вақте ки ӯро бо тасмаҳо мебастанд, Павлус ба мирисаде ки наздаш истода буд, гуфт: «Оё шумо иҷозат доред, ки шаҳрванди Румро, бе он ки маҳкум шуда бошад, тозиёна занед?»
26
Чун мирисад инро шунид, назди мириҳазор рафта, хабар дод ва гуфт: «Оё медонӣ, чӣ карданӣ ҳастӣ? Ин шахс шаҳрванди Рум аст».
27
Мириҳазор назди ӯ омада, пурсид: «Ба ман гӯй, ки оё ту шаҳрванди Рум ҳастӣ?» Гуфт: «Оре».
28
Мириҳазор гуфт: «Ман ин шаҳрвандиро бо маблағи калоне ба даст овардаам». Павлус гуфт: «Аммо ман бо он ба дунё омадаам».
29
Дарҳол онҳое ки ӯро шиканҷа карданӣ буданд, аз ӯ даст кашиданд; мириҳазор низ румӣ будани ӯро фаҳмида, ҳаросон шуд, ки ӯро занҷирбанд карда буд.
30
Рӯзи дигар, бо мақсади аниқ донистани он ки барои чӣ яҳудиён ӯро айбдор мекунанд, ӯро аз занҷир озод кард ва фармуд, ки сардорони коҳинон ва тамоми шӯро ҷамъ шаванд, ва Павлусро бароварда, назди онҳо ба по хезонд.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28