bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 9
Acts 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 10 →
1
Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва куштор бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт
2
ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ хост, то ки агар марде ё занеро аз аҳли Тариқат ёбад, бандӣ карда ба Уршалим оварад.
3
Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, ногоҳ нуре аз осмон гирди ӯ дурахшид;
4
ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?»
5
Гуфт: «Худовандо, Ту кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту таъқибаш мекунӣ.
6
Аммо бархез ва ба шаҳр рав, ва дар он ҷо ба ту гуфта мешавад, ки чӣ бояд кунӣ».
7
Ҳамсафарони ӯ хомӯш меистоданд, зеро он садоро шуниданд, лекин ҳеҷ касро надиданд.
8
Шоул аз замин бархест, ва агарчи чашмонаш кушода буданд, ҳеҷ касро намедид. Аз дасташ гирифта, ӯро ба Димишқ бурданд.
9
Ӯ се рӯз нобино буд, ва чизе намехӯрд ва наменӯшид.
10
Дар Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд дар рӯъё ба ӯ гуфт: «Эй Ҳанониё!» Ҷавоб дод: «Лаббай, Худовандо!»
11
Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, рав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо пурс, ки ӯ ҳоло бо дуо машғул аст.
12
Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад».
13
Ҳанониё ҷавоб дод: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидаам, ки дар Уршалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст.
14
Дар ин ҷо низ аз сардорони коҳинон иҷозат дорад, ки ҳамаи касонеро, ки номи Туро мехонанд, бандӣ кунад».
15
Аммо Худованд ба вай гуфт: «Рав, зеро ӯ зарфи интихобшудаи Ман аст, то номи Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил барад.
16
Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки барои номи Ман ӯ чӣ қадар бояд азоб кашад».
17
Ҳанониё рафта, ба он хона даромад ва даст бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй бародар Шоул! Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».
18
Дарҳол аз чашмони ӯ чизе монанди пулакча афтода, бино шуд, ва бархест, таъмид гирифт.
19
Ва хӯрок хӯрда, қувват гирифт. Шоул дар Димишқ ва Уршалим Шоул якчанд рӯз бо шогирдон дар Димишқ монд.
20
Дарҳол дар куништҳо Масеҳро мавъиза мекард, ки ҳамин Шахс Писари Худост.
21
Ҳар кӣ суханонашро мешунид, ҳайрон шуда, мегуфт: «Магар ин ҳамон нест, ки дар Уршалим касонеро, ки ин номро мехонданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди сардорони коҳинон барад?»
22
Аммо Шоул бештар қувват мегирифт ва яҳудиёни сокини Димишқро ҳайрон карда, исбот мекард, ки ҳамин Шахс Масеҳ аст.
23
Пас аз гузаштани рӯзҳои бисёре яҳудиён қасд карданд, ки ӯро кушанд.
24
Шоул аз қасди онҳо хабардор шуд. Онҳо рӯзу шаб назди дарвозаҳои шаҳр поида меистоданд, то ӯро кушанд.
25
Аммо шогирдон ӯро шабона гирифта, дар сабаде гузоштанд ва аз девори шаҳр поён фуроварданд.
26
Вақте ки Шоул ба Уршалим расид, хост ба шогирдон ҳамроҳ шавад, лекин ҳама аз ӯ метарсиданд ва бовар намекарданд, ки ӯ шогирд аст.
27
Он гоҳ Барнаббо ӯро гирифта, назди расулон овард ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худовандро дар роҳ дидааст, ва Худованд ба ӯ сухан гуфтааст, ва чӣ гуна ӯ дар Димишқ ба номи Исо далерона мавъиза кардааст.
28
Пас аз он ӯ ба Уршалим бо онҳо мерафт ва ба номи Худованд Исо далерона мавъиза мекард.
29
Бо яҳудиёни юнонизабон низ гуфтугӯ ва баҳс мекард, ва онҳо қасд карданд, ки ӯро кушанд.
30
Чун бародарон аз ин хабардор шуданд, ӯро ба Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба Тарсус равона карданд.
31
Он вақт ҷамоатҳо дар сар то сари Яҳудия, Ҷалил ва Сомара дар осоиш буда, обод мешуданд ва дар тарси Худованд рафтор карда, бо дастгирии Рӯҳулқудс меафзуданд.
32
Ва чунин шуд, ки Петрус назди ҳама рафта, пеши муқаддасони сокини Лудда низ омад.
33
Дар он ҷо Аниёс ном шахсеро дид, ки шал шуда, ҳашт сол боз дар бистар хобида буд.
34
Петрус ба ӯ гуфт: «Эй Аниёс! Исои Масеҳ туро шифо медиҳад; бархез ва бистари худро ҷамъ кун». Ӯ дарҳол бархест.
35
Ва ҳамаи сокинони Лудда ва Шорӯн ӯро дида, ба Худованд рӯй оварданд.
36
Дар Ёфо шогирде буд, зане Тобито ном, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақаҳои бисёре медод.
37
Ва чунин шуд дар он рӯзҳо, ки ӯ бемор шуда, мурд; ва ӯро шуста, дар болохонае гузоштанд.
38
Азбаски Лудда ба Ёфо наздик буд, ва шогирдон шунида буданд, ки Петрус дар он ҷост, назди ӯ кас фиристода, хоҳиш карданд, ки бе даранг назди онҳо биёяд.
39
Петрус бархеста, бо онҳо рафт. Чун расид, ӯро ба он болохона бурданд, ва ҳамаи бевазанон гирякунон назди ӯ меистоданд ва ба ӯ куртаву ҷомаҳоеро нишон медоданд, ки Ғизол ҳангоми зинда буданаш дӯхта буд.
40
Петрус ҳамаро берун карда, зону зад ва дуо гуфт ва ба ҷасад рӯй оварда, гуфт: «Эй Тобито! Бархез!» Ва ӯ чашмонашро кушод ва Петрусро дида, нишаст.
41
Аз дасташ гирифта, ба по хезонд ва муқаддасону бевазанонро даъват намуда, ӯро ба онҳо зинда супурд.
42
Ин ҳодиса дар тамоми Ёфо овоза шуд, ва бисёр касон ба Худованд имон оварданд.
43
Чандин рӯз ӯ дар Ёфо назди Шимъун ном чармгаре монд.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28