bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 26
Acts 26
Tajik NT 1999
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 27 →
1
Агрипос ба Павлус гуфт: «Ба ту иҷозат дода мешавад, ки барои ҳимояти худ сухан гӯӣ». Он гоҳ Павлус дасти худро дароз карда, барои муҳофизати худ гуфт:
2
«Эй подшоҳ Агрипос! Барои худ камоли хушбахтӣ медонам, ки имрӯз имконият дорам дар пеши ту худро аз ҳамаи айбҳое ки яҳудиён ба гардани ман бастаанд, муҳофизат намоям,
3
хусусан ки ту аз ҳамаи одатҳо ва ихтилофоти байни яҳудиён ба хубӣ бохабар ҳастӣ. Бинобар ин аз ту хоҳишмандам пурсаброна суханони маро шунавӣ.
4
Зиндагии маро, ки аз аввали ҷавониам онро дар миёни халқи худ ва дар Уршалим гузарондаам, ҳамаи яҳудиён медонанд;
5
онҳо аз рӯзҳои аввал маро мешиносанд ва, агар хоҳанд, метавонанд гувоҳӣ диҳанд, ки ман мувофиқи сахтгиртарин ҳизби дини мо чун фарисӣ зиндагӣ мекардам.
6
Ва акнун барои умед ба он ваъдае ки Худо ба падарони мо додааст, ман муҳокима карда мешавам,
7
дар ҳоле ки дувоздаҳ қабилаи мо шабу рӯз бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекунанд ба умеди он ки иҷрои ҳамон ваъдаро бинанд: барои ҳамин умед, эй подшоҳ Агрипос, яҳудиён маро айбдор мекунанд.
8
Чаро ба назари шумо аз ақл берун менамояд, ки Худо мурдагонро бармехезонад?
9
Оре, ман ҳам пештар барои худ зарур медонистам, ки зидди номи Исои Носирӣ ҳар чи бештар амал кунам,
10
чунон ки дар Уршалим мекардам: аз сардорони коҳинон иҷозат гирифта, бисёр муқаддасонро дар зиндон ҳабс мекардам, ва ҳангоме ки онҳоро мекуштанд, бар зиддашон овоз медодам;
11
дар ҳамаи куништҳо ҳар дам онҳоро азоб медодам ва маҷбур мекардам, ки куфр гӯянд, ва азбаски хашму ғазабам нисбат ба онҳо пурзӯр буд, ҳатто дар шаҳрҳои бегона онҳоро таъқиб менамудам.
12
Боре барои чунин амал бо иҷозат ва супориши сардорони коҳинон ба Димишқ мерафтам;
13
ва инак, эй подшоҳ, дар нисфи рӯз дар роҳ нуреро аз осмон дидам, ки равшантар аз офтоб буд, ва гирди ман ва ҳамроҳонам дурахшид.
14
Ҳамаамон бар замин афтодем, ва ман овозеро шунидам, ки ба забони ибронӣ ба ман мегуфт: “Шоул, Шоул! Барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ? Лагад заданат ба сихак душвор аст”.
15
Ман гуфтам: “Худовандо, Ту кистӣ? ” Гуфт: “Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ;
16
аммо бархез ва бар пои худ ист; зеро барои он ба ту зоҳир шудаам, ки туро ходим ва шоҳид таъйин намоям бар он чи дидаӣ ва бар он чи ба ту ошкор мекунам;
17
ва туро раҳоӣ медиҳам аз дасти ин қавм ва аз дасти халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам,
18
то чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз торикӣ ба рӯшноӣ, ва аз қудрати шайтон ба сӯи Худо рӯ оваранд ва ба воситаи имоне ки ба Ман меоваранд, бахшоиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд”.
19
Бинобар ин, эй подшоҳ Агрипос, ба рӯъёи осмонӣ беитоатӣ накардам,
20
балки дар навбати аввал ба сокинони Димишқ ва Уршалим ва баъд ба тамоми сарзамини Яҳудия ва низ ғайрияҳудиён мавъиза мекардам, ки тавба карда, ба Худо рӯ оваранд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошанд.
21
Аз барои ҳамин маро яҳудиён дар ибодатгоҳ дастгир карданд ва куштанӣ шуданд.
22
Аммо Худо ба ман ёр шуд, ва ман то имрӯз зинда мондаам ва ба хурду калон шаҳодат медиҳам ва гапе намезанам ғайр аз он чи пайғамбарон ва Мусо гуфтаанд, ки бояд рӯй диҳад,
23
яъне Масеҳ бояд азоб кашад ва аввалин Касе бошад, ки аз мурдагон бархеста, ба ин қавм ва ба халқҳо аз нур хабар расонад».
24
Чун ӯ бо ин худро муҳофизат мекард, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисёр туро девона кардааст».
25
Гуфт: «Эй Фестуси муҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям.
26
Зеро подшоҳе ки ба ӯ далерона сухан меронам, аз ин бохабар аст; ман боварӣ дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида нест, зеро ин дар ҷои ниҳон рӯй надодааст.
27
Эй подшоҳ Агрипос, оё ба пайғамбарон бовар мекунӣ? Медонам, ки бовар мекунӣ».
28
Агрипос ба Павлус гуфт: «Кам мондааст маро бовар кунонӣ, ки масеҳӣ шавам».
29
Павлус гуфт: «Аз Худо мехостам, ки дер ё зуд на танҳо ту, балки ҳамаи онҳое ки суханони маро мешунаванд, монанди ман гарданд, ғайр аз ин занҷирҳо».
30
Чун инро гуфт, подшоҳ ва ҳоким, Берникӣ ва дигар касоне ки бо онҳо нишаста буданд, бархестанд.
31
Ва берун рафта, ба якдигар гуфтанд: «Ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад».
32
Агрипос ба Фестус гуфт: «Агар ин одам доварии қайсарро талаб намекард, метавонист озод шавад».
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Acts Commentaries
→
Devotional
Acts Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→