bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 13
Acts 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 14 →
1
Дар ҷамоати Антокия якчанд пайғамбарон ва муаллимон буданд, чунончи: Барнаббо ва Шимъун, ки лақабаш Нигер буд, ва Лукюси Қайровонӣ ва Маноҳим, ки бо тетрарх Ҳиродус дар як ҷо тарбия ёфта буд, ва Шоул.
2
Вақте ки онҳо бо ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, барои Ман ҷудо кунед».
3
Пас аз рӯза гирифтан ва дуо гуфтан даст бар сари онҳо гузоштанд ва онҳоро равона карданд.
4
Онҳо, ки фиристодагони Рӯҳулқудс буданд, ба Салукия омаданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба Қиприс рафтанд.
5
Ва вориди Саломис шуда, дар куништҳои яҳудиён каломи Худоро мавъиза карданд. Ва Юҳанно ходими онҳо буд.
6
Чун ҷазираро то ба Пофус тай карданд, як ҷодугари яҳудиро ёфтанд, ки пайғамбари дурӯғин буд ва Барюшаъ ном дошт;
7
ӯ бо волӣ Сарҷиюс Павлус ҳамнишин буд. Волӣ, ки марди бофаҳм буд, Барнаббо ва Шоулро даъват намуда, хост каломи Худоро шунавад.
8
Аммо Алимои ҷодугар, ки тарҷумаи номаш чунин аст, ба онҳо зиддият карда, хост волиро аз имон овардан боздорад.
9
Вале Шоул, ки Павлус низ ном дошт, аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба ӯ назар дӯхт
10
ва гуфт: «Эй пур аз ҳар фиребу бадӣ, эй писари иблис ва душмани ҳама гуна ростӣ! Оё каҷ кардани роҳи рости Худовандро бас мекунӣ?
11
Акнун дасти Худованд туро мезанад, ва нобино гашта, рӯшноии офтобро то муддате намебинӣ». Ногаҳон дунё дар назараш тираву тор шуд, ва ӯ ба ҳар сӯ рӯ оварда, асокаше меҷуст.
12
Чун волӣ ин ҳодисаро дид, аз таълими Худованд ҳайрон шуда, имон овард.
13
Павлус ва ҳамроҳонаш Пофусро тарк карда, бо киштӣ ба Пирҷаи Памфилия омаданд, аммо Юҳанно аз онҳо ҷудо шуда, ба Уршалим баргашт.
14
Онҳо аз Пирҷа гузашта, ба Антокияи Писидия расиданд ва рӯзи шанбе ба куништ даромада, нишастанд.
15
Пас аз хондани Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон, сардорони куништ назди онҳо кас фиристода, гуфтанд: «Эй мардон, бародарон! Агар сухани насиҳатомезе барои қавм дошта бошед, гӯед».
16
Павлус бархеста ва бо дасташ ишора карда, гуфт: «Эй мардони исроилӣ ва худотарсон! Гӯш диҳед:
17
Худои ин қавм падарони моро интихоб кард ва ин қавмро, ҳангоме ки дар ғарибии замини Миср буданд, сарафроз кард, ва онҳоро бо бозуи зӯрманд аз он ҷо берун овард;
18
қариб чил сол ба рафторашон дар биёбон тоқат кард;
19
ҳафт халқро дар замини Канъон нест карда, заминашонро ҳамчун мерос ба онҳо дод.
20
Пас аз он, дар давоми тақрибан чорсаду панҷоҳ сол, то замони Самуили пайғамбар доваронро ба онҳо дод.
21
Сипас барои худ подшоҳ хостанд, ва Худо Шоул писари Қишро аз қабилаи Бинёмин ба онҳо ба муддати чил сол дод.
22
Пас ӯро аз миён бардошта, Довудро бар онҳо подшоҳ таъйин кард, ва дар бораи ӯ шаҳодат дода, гуфт: “Довуд писари Ишойро марде мувофиқи дили Худ ёфтам, ки ҳар чи хоҳам, ӯ ба ҷо меоварад”.
23
Ин ҳамон касест, ки Худо аз насли ӯ, мувофиқи ваъдаи Худ, барои Исроил наҷотро ба миён овард;
24
пеш аз омадани Ӯ Яҳё ба Исроил таъмиди тавбаро мавъиза кард.
25
Чун Яҳё хизмати худро анҷом дод, гуфт: “Ман он касе ки шумо гумон мекунед, нестам; лекин пас аз ман Касе меояд, ки ман сазовори воз кардани банди пойафзоли Ӯ нестам”.
26
Эй мардон, бародарон, писарони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.
27
Зеро сокинони Уршалим ва сардорони онҳо Ӯро нашинохта ва маҳкум карда, гуфтаҳои пайғамбаронро, ки ҳар рӯзи шанбе хонда мешаванд, ба иҷро расонданд.
28
Ва гарчанде ки аз Ӯ ҳеҷ айбе сазовори марг наёфта буданд, аз Пилотус хоҳиш карданд, ки Ӯро кушад.
29
Пас аз он ки ҳар чизи дар бораи Ӯ навишташударо ба иҷро расонданд, Ӯро аз дор фуроварда, ба қабр супурданд.
30
Лекин Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд,
31
ва Ӯ рӯзҳои бисёре ба касоне зоҳир шуд, ки ҳамроҳи Ӯ аз Ҷалил ба Уршалим омада буданд ва акнун дар пеши қавм шоҳидони Ӯ мебошанд.
32
Мо ба шумо башорат медиҳем, ки Худо ваъдаеро, ки ба падарони мо дода буд, барои мо, фарзандони онҳо, ба иҷро расонда, Исоро зинда кард,
33
чунон ки дар таронаи дуюми Забур навишта шудааст: “Ту Писари Ман ҳастӣ, Ман имрӯз Туро ба дунё овардаам”.
34
Дар бораи он ки Ӯро аз мурдагон бархезонд, то дигар ба нобудшавӣ дучор нашавад, чунин гуфт: “Марҳаматҳои муқаддасу боварибахши Довудро ба шумо медиҳам”.
35
Бинобар ин дар ҷои дигар низ мегӯяд: “Намегузорӣ, ки Қуддуси Ту нобудшавиро бинад”.
36
Довуд дар замони худ бо хости Худо хизмат карда, ба хоби /марг/ рафт ва ба падарони худ пайваст ва нобудшавиро дид.
37
Аммо он Касе ки Худо Ӯро бархезонд, нобудшавиро надид.
38
Пас, эй мардон, бародарон, ба шумо маълум бод, ки ба воситаи Ӯ ба шумо бахшоиши гуноҳҳо эълон мешавад,
39
ва аз ҳар чизе ки ба воситаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба воситаи Ӯ сафед мешавад.
40
Пас эҳтиёт бошед, мабодо он чи дар навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст, ба шумо рӯй надиҳад:
41
“Нигаред, эй истеҳзогарон, Ҳайрон шавед ва нобуд гардед, Зеро Ман кореро дар айёми шумо мекунам, Ки агар касе онро ба шумо нақл мекард, Бовар намекардед”».
42
Вақте ки яҳудиён аз куништ баромаданд, ғайрияҳудиён хоҳиш карданд, ки рӯзи шанбеи оянда низ ин суханонро ба онҳо гӯянд.
43
Чун аҳли куништ пароканда шуданд, бисёре аз яҳудиён ва онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул карда буданд, аз пайи Павлус ва Барнаббо рафтанд, ва ин ду нафар ба онҳо сухан гуфта, насиҳат медоданд, ки дар файзи Худо устувор бошанд.
44
Рӯзи шанбеи дигар қариб тамоми аҳли шаҳр ҷамъ омаданд, то каломи Худоро шунаванд.
45
Вале чун яҳудиён тӯдаи мардумро диданд, аз ҳасад пур гаштанд ва куфр гуфта, ба суханони Павлус зиддият карданд.
46
Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Каломи Худо бояд аввал ба шумо гуфта мешуд, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти абадӣ надонистед, бинобар ин мо ба ғайрияҳудиён рӯ меоварем;
47
зеро Худованд ба мо чунин фармудааст: “Туро нури халқҳо гардондам, Ки то канори замин наҷот бошӣ”».
48
Вақте ки ғайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти абадӣ таъйин шуда буданд, имон оварданд.
49
Ва каломи Худованд дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.
50
Яҳудиён занони диндору иззатманд ва бузургони шаҳрро ба шӯр оварда, барои таъқиб кардани Павлус ва Барнаббо барангехтанд ва онҳоро аз ҳудуди худ ронданд.
51
Ва ин ду нафар чанги пойҳои худро бар онҳо афшонда, ба Қуния равона шуданд.
52
Ва шогирдон аз шодӣ ва Рӯҳулқудс пур шуданд.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28