bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 8
Acts 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 9 →
1
Шоул низ ба куштани ӯ розӣ буд.
2
Мардони худотарс Истефанусро ба хок супурда, барои ӯ мотами бузурге гирифтанд.
3
Аммо Шоул ҷамоатро азоб медод ва хона ба хона гашта, мардон ва занонро кашола карда мебурду ба зиндон меандохт.
4
Дар ин миён онҳое ки пароканда шуда буданд, ҳар ҷое ки мерафтанд, каломро башорат медоданд.
5
Филиппус низ ба як шаҳри Сомара омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард.
6
Чун мардум суханони Филиппусро мешуниданд ва муъҷизаҳоеро, ки ба амал меовард, медиданд, якдилона ба он чи мегуфт, диққат медоданд;
7
зеро рӯҳҳои нопок аз бисёр девзадагон наъра зада берун мешуданд, ва лангону шалони бисёре шифо меёфтанд;
8
ва шодии бузурге дар он шаҳр буд.
9
Шимъун ном марде дар он шаҳр буд, ки пештар ҷодугарӣ мекард ва халқи Сомараро дар ҳайрат меандохт ва худро шахси бузурге вонамуд месохт.
10
Аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати бузурги Худост».
11
Аз он сабаб ба ӯ гӯш меандохтанд, ки ӯ муддати дарозе онҳоро бо ҷодугарии худ ба ҳайрат меовард.
12
Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва номи Исои Масеҳ бовар карданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд.
13
Худи Шимъун низ бовар кард ва таъмид гирифт ва ҳамеша ҳамроҳи Филиппус буд; ва аз дидани аломатҳо ва муъҷизаҳое ки ба амал меомаданд, ҳайрон мешуд.
14
Расулоне ки дар Уршалим буданд, чун шуниданд, ки аҳли Сомара каломи Худоро қабул кардаанд, Петрус ва Юҳанноро назди онҳо фиристоданд;
15
ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то Рӯҳулқудсро қабул кунанд;
16
зеро Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо фуруд наомада буд, балки танҳо ба номи Масеҳ Исо таъмид ёфта буданд.
17
Пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд.
18
Шимъун чун дид, ки бо дастгузории расулон Рӯҳулқудс дода мешавад, ба онҳо пул овард
19
ва гуфт: «Ин қудратро ба ман низ диҳед, то ҳар касе ки ба ӯ даст гузорам, Рӯҳулқудсро қабул кунад».
20
Аммо Петрус ба вай гуфт: «Бигзор пулат бо ту нест шавад, чунки ту гумон кардаӣ, ки атои Худоро бо пул харӣ.
21
Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро дилат дар ҳузури Худо рост нест.
22
Акнун аз ин бадии худ тавба кун ва ба Худо дуо гӯй: шояд, ин қасди дилат бахшида шавад;
23
зеро мебинам, ки пур аз заҳраи талх ва гирифтори бандҳои бадкирдорӣ ҳастӣ».
24
Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Шумо барои ман ба Худованд дуо гӯед, то чизе аз он чи гуфтед, ба ман рӯй надиҳад».
25
Онҳо, пас аз шаҳодат додан ва гуфтани каломи Худованд ба Уршалим баргаштанд ва дар бисёре аз деҳоти Сомара башорат доданд.
26
Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Уршалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав».
27
Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва аз бузургони Кандока маликаи Ҳабаш, нигаҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Уршалим барои парастиш омада буд,
28
ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонд.
29
Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳ шав».
30
Филиппус ба он ҷо давида, шунид, ки китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонад. Гуфт: «Оё он чи мехонӣ, мефаҳмӣ?»
31
Гуфт: «Чӣ гуна фаҳмида метавонам, агар касе ба ман роҳнамоӣ накунад?» Ва аз Филиппус хоҳиш кард, ки ба ароба савор шуда, бо ӯ шинад.
32
Порчае ки аз Китоб мехонд, ин буд: “Монанди гӯсфанде Ӯро ба куштан бурданд, Ва монанди баррае ки назди пашмтарошаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард.
33
Дар хории Ӯ адолатро аз Ӯ дареғ доштанд; Ва насли Ӯро кӣ шарҳ медиҳад? Зеро ҳаёти Ӯ дар замин қатъ карда шуд”.
34
Он хоҷасаро ба Филиппус гуфт: «Аз ту саволе дорам, ки пайғамбар инро дар бораи кӣ мегӯяд? Оё дар бораи худ ё дар бораи дигаре?»
35
Он гоҳ Филиппус даҳони худро кушод ва аз ҳамон навишта сар карда, дар бораи Исо ба ӯ башорат дод.
36
Дар ин миён, дар роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак об; аз таъмид гирифтан чӣ чиз маро бозмедорад?»
38
Пас фармон дод, ки аробаро нигоҳ доранд, ва ҳар ду, Филиппус ва хоҷасаро, ба об фуромаданд, ва ӯро таъмид дод.
39
Вақте ки аз об баромаданд, Рӯҳи Худованд Филиппусро бурд, ва хоҷасаро дигар ӯро надида, роҳи худро бо хурсандӣ давом дод.
40
Аммо Филиппус дар Ашдӯд пайдо шуд ва дар ҳамаи шаҳрҳо гашта, башорат медод, то даме ки ба Қайсария расид.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28