bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 12
Acts 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 13 →
1
Дар он замон подшоҳ Ҳиродус бар баъзе аз ҷамоат дастдарозӣ кард, то онҳоро азоб диҳад.
2
Ва Яъқуб, бародари Юҳанноро ба шамшер кушт.
3
Чун дид, ки ин ба яҳудиён писанд афтод, Петрусро низ дастгир кард, ки ин дар рӯзҳои Фатир буд,
4
ва ӯро гирифта, ба зиндон партофт ва ба чор дастаи чоргонаи сарбозон супурд, ки ӯро посбонӣ кунанд, зеро ният дошт, ки пас аз Песаҳ ӯро назди қавм берун оварад.
5
Пас, Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аммо ҷамоат барои ӯ назди Худо пайваста дуо мегуфт.
6
Дар ҳамон шабе ки Ҳиродус ӯро берун оварданӣ буд, Петрус, бастаи ду занҷир, дар миёни ду сарбоз хобида буд, ва дарбонон зиндонро посбонӣ мекарданд.
7
Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он хона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд бархез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтоданд.
8
Фаришта ба ӯ гуфт: «Камари худро банд ва пойафзол бар пой кун». Ва чунин кард. Сипас ба ӯ гуфт: «Ҷомаи худро пӯш ва аз пайи ман биё».
9
Берун омада, аз пайи вай равона шуд, ва надонист, ки он чи аз фаришта содир шуд, воқеист, балки гумон мекард, ки ин рӯъё аст.
10
Аз пеши посбонони якум ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд.
11
Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун ба ростӣ донистам, ки Худованд фариштаи Худро фиристода, маро аз дасти Ҳиродус ва аз ҳамаи он чи қавми яҳудӣ интизор буд, раҳо кард».
12
Инро пай бурда, ба хонаи Марям, модари Юҳанное ки лақабаш Марқус буд, омад, ки дар он ҷо касони бисёре ҷамъ шуда, дуо мегуфтанд.
13
Вақте ки Петрус дарвозаро кӯфт, Рудо ном канизе баромад, то воз кунад.
14
Ва овози Петрусро шинохта, ба ҷои он ки дарвозаро кушояд, аз шодӣ ба хона давида даромад ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.
15
Ба вай гуфтанд: «Магар девона шудаӣ?» Аммо вай ба гапаш исрор кард. Гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст».
16
Дар ин миён Петрус пайваста тақ-тақ мекард; вақте ки кушоданд, ӯро дида, ҳайрон шуданд.
17
Ӯ бо дасташ ишора кард, ки хомӯш бошанд, ва ба онҳо нақл кард, ки чӣ гуна Худованд ӯро аз зиндон берун овард; ва гуфт: «Инро ба Яъқуб ва ба бародарон хабар диҳед». Сипас берун баромада, ба ҷои дигар рафт.
18
Чун рӯз шуд, изтироби бузурге дар байни сарбозон афтод, ки Петрусро чӣ шуд.
19
Ва Ҳиродус, чун ӯро ҷуста наёфт, посбононро бозпурсӣ карда, фармуд, ки онҳоро кушанд, ва худаш аз Яҳудия ба Қайсария рафта, дар он ҷо монд.
20
Ҳиродус бар аҳли Сур ва Сидун хашмгин буд. Ва онҳо якдилона назди ӯ омаданд ва Балостусро, ки нозири хобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, сулҳ хостанд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ бо хӯрокворӣ таъмин мешуд.
21
Дар рӯзи таъйиншуда Ҳиродус либоси шоҳона дар бар кард ва бар тахт нишаста, ба онҳо сухан ронд.
22
Ва мардум нидо карданд, ки ин овози худоест, на овози инсон.
23
Ногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, чунки ӯ Худоро ҷалол надод; ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ ҷон дод.
24
Аммо каломи Худо пеш мерафт ва паҳн мешуд.
25
Барнаббо ва Шоул, пас аз иҷрои хизматашон, аз Уршалим баргаштанд, ва Юҳанноро, ки лақабаш Марқус буд, ҳамроҳи худ оварданд.
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28