bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 28
Acts 28
Tajik NT 1999
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
1
Вақте ки раҳо шуданд, фаҳмиданд, ки он ҷазира Малита ном дорад.
2
Сокинони ҷазира ба мо хеле меҳрубонӣ намуданд: азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо оташ афрӯхта, ҳамаамонро пазироӣ карданд.
3
Павлус як миқдор ҳезум ҷамъ карда буд, ва ҳангоме ки онро дар оташ меандохт, ба сабаби гармии оташ мори афъие берун омада, ба дасташ часпид.
4
Ҳамин ки сокинони ҷазира ҷонварро бар дасти ӯ овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бешубҳа, ин шахс одамкуш аст, ки бо вуҷуди аз баҳр раҳо шуданаш адолат намегузорад, ки ӯ зинда монад».
5
Аммо ӯ ҷонварро ба оташ афканд ва ҳеҷ осебе надид.
6
Онҳо мунтазир буданд, ки баданаш варам мекунад ё ки ӯ ногоҳ афтода ҷон медиҳад; вале чун бисёр интизорӣ кашиданд ва диданд, ки ҳеҷ офате ба ӯ нарасид, фикрашон дигаргун шуд, ва гуфтанд, ки ӯ худоест.
7
Дар наздикиҳои он ҷой заминҳои сардори ҷазира буданд, ки ӯ Публиюс ном дошт; ӯ моро ба хонаи худ оварда, се рӯз бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд.
8
Падари Публиюс гирифтори таб ва дарунрав шуда хобида буд. Павлус назди вай рафт ва дуо карда, даст бар вай гузошт ва шифояш дод.
9
Пас аз ин рӯйдод дигар беморони ҷазира низ омада, шифо ёфтанд;
10
ва моро хеле иззат карданд, ва ҳангоме ки аз он ҷо мерафтем, моро бо лавозимоти сафар таъмин намуданд.
11
Пас аз се моҳ бо киштии Искандария, ки аломати Ҷавзо дошт ва зимистонро дар ҷазира гузаронда буд, равона шудем.
12
Ва ба Сирокуз расида, дар он ҷо се рӯз мондем.
13
Аз он ҷо равона шуда, ба Ригюн омадем; азбаски пас аз як рӯз боди ҷанубӣ вазид, рӯзи дуюм вориди Путюлӣ шудем.
14
Дар он ҷо бародаронро ёфта, мувофиқи хоҳишашон ҳафт рӯз назди онҳо мондем ва пас роҳи Румро пеш гирифтем.
15
Бародарони он ҷо, чун аз омадани мо хабардор шуданд, то бозоргоҳи Опиюс ва меҳмонсарои “Се майхона”, ба пешвози мо омаданд; ва Павлус онҳоро дида, Худоро шукргузорӣ кард ва рӯҳбаланд шуд.
16
Вақте ки ба Рум расидем, мирисад бандиёнро ба сипаҳсолор супурд, аммо ба Павлус иҷозат шуд, ки бо як сарбоз, ки ӯро посбонӣ мекард, дар хонаи ҷудогонае истиқомат кунад.
17
Пас аз се рӯз Павлус бузургони яҳудиёнро даъват намуд, ва ҳангоме ки онҳо ҷамъ омаданд, ба онҳо гуфт: «Эй мардон, бародарон! Гарчанде ки ман ҳеҷ амале бар зидди қавм ва урфу одати падарон накардаам, маро дар Уршалим бандӣ карда, ба дасти румиён супурданд.
18
Онҳо пас аз тафтиш мехостанд маро озод кунанд, чунки ман ҳеҷ гуноҳе накардаам, ки сазовори марг бошам.
19
Аммо азбаски яҳудиён зиддият карданд, ман маҷбур шудам доварии қайсарро талаб намоям, вале на ба хотири он ки аз халқи худ шикояте кунам.
20
Ба ин сабаб ман шуморо даъват намудам, то бо шумо вохӯрда гуфтугӯ кунам, зеро ба хотири умеди Исроил бо ин занҷир баста шудаам».
21
Ба ӯ гуфтанд: «Мо ҳеҷ номае дар ҳаққи ту аз Яҳудия нагирифтаем, ва аз бародароне ки ба ин ҷо омада буданд, ҳеҷ кас аз ту чизе хабар надодааст ва ё сухани баде нагуфтааст;
22
лекин хоҳишмандем, ки фикри туро аз худат шунавем, зеро ба мо маълум аст, ки зидди ин ҳизб дар ҳама ҷо гап мезананд».
23
Рӯзеро барои ӯ муқаррар карданд, ва мардуми бисёре назди ӯ ба манзилаш омаданд, ва ӯ аз субҳ то шом ба онҳо аз Подшоҳии Худо шаҳодат ва шарҳ медод ва аз Тавроти Мусо ва китобҳои пайғамбарон далелҳо дар бораи Исо меовард.
24
Баъзе аз онҳо ба суханонаш бовар карданд, вале дигарон бовар накарданд.
25
Азбаски бо якдигар зиддият доштанд, Павлус пеш аз рафтани онҳо чунин сухане гуфт: «Рӯҳулқудс ба воситаи Ишаъёи пайғамбар ба падарони мо чӣ хуб гуфтааст:
26
“Назди ин қавм рав ва гӯй: Бо гӯш мешунавед, вале намефаҳмед; Бо чашм менигаред, вале намебинед;
27
Зеро дили ин қавм сахт шудааст Ва бо гӯшҳои вазнин мешунаванд Ва чашмони худро бастаанд, Мабодо бо чашмон бинанд Ва бо гӯшҳо шунаванд Ва бо дил фаҳманд Ва рӯ оваранд Ва Ман онҳоро шифо диҳам”.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28