bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 10
Acts 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 11 →
1
Дар Қайсария Корнилюс ном марде мирисад аз фавҷи ба ном Италиявӣ буд
2
ва бо тамоми аҳли хонааш парҳезгор ва худотарс буда, ба қавм садақаҳои бисёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт.
3
Боре, тақрибан соати нӯҳи рӯз, ӯ фариштаи Худоро ошкоро дар рӯъё дид, ки назди ӯ омада, гуфт: «Эй Корнилиюс!»
4
Ӯ ба вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Хоҷаам, чӣ мефармоӣ?» Ба ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақаҳои ту назди Худо баромадаанд, ва Ӯ онҳоро ба ёд овардааст.
5
Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо.
6
Ӯ назди Шимъун ном чармгаре ки хонааш дар соҳили баҳр аст, меҳмон аст».
7
Чун он фариштае ки бо Корнилиюс сухан гуфт, рафт, ӯ ду нафар аз ғуломони худ ва як сарбози худотарсро аз онҳое ки ҳамеша наздаш буданд, ҷеғ зад
8
ва тамоми ҳодисаро ба онҳо нақл карда, онҳоро ба Ёфо равона кард.
9
Фардои он, ки онҳо роҳ паймуда, ба шаҳр наздик мешуданд, Петрус тақрибан соати шаш ба боми хона баромад, то ки дуо гӯяд.
10
Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе хӯрад. Ва ҳангоме ки барои ӯ тайёр мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт,
11
ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ фуруд меомад, монанди матои калони аз чор гӯшааш овезон, ки ба замин мефуромада бошад;
12
дар даруни он ҳар гуна чорпоёни замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва парандагони осмон буданд.
13
Овозе ба ӯ расид: «Эй Петрус, бархез ва кушта хӯр!»
14
Аммо Петрус гуфт: «Ҳеҷ гоҳ, Худовандо, зеро ҳаргиз чизе ҳаром ё нопок нахӯрдаам».
15
Бори дигар овозе ба ӯ расид: «Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нашумор».
16
Ин се бор такрор ёфт, ва он зарф боз ба осмон боло бурда шуд.
17
Чун Петрус бисёр ҳайрон шуда, фикр мекард, ки рӯъёи дидааш чӣ маъно дошта бошад, инак, фиристодагони Корнилиюс, ки хонаи Шимъунро пурсида буданд, назди дарвозаи он истоданд.
18
Ва нидо карда, пурсиданд: «Оё Шимъуне ки лақабаш Петрус аст, дар ин ҷост?»
19
Петрус ҳанӯз дар бораи рӯъё андеша мекард, ки Рӯҳ ба ӯ гуфт: «Инак, мардон туро меҷӯянд.
20
Пас, бархеста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо рав, зеро Ман онҳоро фиристодаам».
21
Петрус назди мардон фуромада, гуфт: «Манам он касе ки меҷӯед. Ба чӣ кор омадаед?»
22
Гуфтанд: «Корнилиюси мирисад, ки марди росткор ва худотарс ва назди тамоми халқи яҳудӣ некном аст, аз фариштаи муқаддас фармон гирифтааст, ки туро ба хонаи худ даъват намояд ва суханонатро шунавад».
23
Онҳоро ба дарун даъват карда, меҳмондорӣ кард. Ва рӯзи дигар Петрус ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар бародарон аз Ёфо бо ӯ рафтанд.
24
Фардои он ба Қайсария расиданд. Корнилиюс, ки хешу табор ва дӯстони наздикашро даъват карда буд, ба онҳо интизорӣ дошт.
25
Вақте ки Петрус ба хона медаромад, Корнилиюс ӯро пешвоз гирифт ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард.
26
Аммо Петрус ӯро ба по хезонда, гуфт: «Бархез, зеро ман низ инсон ҳастам».
27
Бо ӯ сӯҳбаткунон ба хона даромада, дид, ки мардуми бисёре ҷамъ омадаанд.
28
Ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки бо ғайрияҳудӣ рафтуомад кардан ё наздик шудани яҳудӣ манъ аст, вале Худо ба ман нишон дод, ки ҳеҷ касро ҳаром ё нопок надонам.
29
Бинобар ин, вақте ки даъват шудам, бечуну чаро омадам. Ва акнун мепурсам: барои чӣ маро даъват намудаед?»
30
Корнилиюс гуфт: «Чор рӯз пеш аз ин ман то ҳамин соат рӯза доштам ва дар соати нӯҳ дар хонаи худ дуо мегуфтам, ки ногоҳ шахсе бо либоси дурахшон пеши ман пайдо шуд
31
ва гуфт: “Эй Корнилюс! Дуои ту шунида шуд ва садақаҳои ту назди Худо ба ёд оварда шуданд.
32
Акнун ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо; ӯ дар хонаи Шимъун ном чармгаре дар соҳили баҳр меҳмон аст; ӯ чун биёяд, ба ту сухан меронад”.
33
Дарҳол назди ту кас фиристодам, ва ту хуб кардӣ, ки омадӣ. Акнун ҳамаамон пеши Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, шунавем».
34
Петрус даҳон кушода, гуфт: «Акнун ба ростӣ донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад,
35
балки аз ҳар халқ ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи ростӣ рафтор кунад, писандидаи Ӯст.
36
Ӯ каломи Худро ба банӣ-Исроил фиристода, ба воситаи Исои Масеҳ, ки Худованди ҳама аст, башорати осоиш дод.
37
Шумо аз он чи дар сар то сари Яҳудия рӯй дод, хабардор ҳастед, ки он пас аз таъмиде ки Яҳё мавъиза кард, аз Ҷалил оғоз шуда буд:
38
Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ масҳ кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар банди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро Худо бо Ӯ буд.
39
Мо шоҳидони ҳамаи он корҳое ҳастем, ки Ӯ дар кишвари яҳудиён ва дар Уршалим ба ҷо овард, ва низ онҳо Ӯро ба дор овехта, куштанд.
40
Худо Ӯро дар рӯзи сеюм бархезонд, ва Ӯро намоён кард.
41
Аммо на ба тамоми қавм, балки ба шоҳидоне ки Худо пешакӣ интихоб карда буд, яъне ба мо, ки пас аз бархестанаш аз мурдагон, бо Ӯ хӯрдаем ва нӯшидаем.
42
Ва ӯ ба мо фармуд, ки ба мардум мавъиза кунем ва шаҳодат диҳем, ки Худо Ӯро Довари зиндагон ва мурдагон таъйин кардааст.
43
Ҳамаи пайғамбарон бар Ӯ шаҳодат медиҳанд, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ба воситаи номи Ӯ гуноҳҳояш бахшида мешаванд».
44
Ин суханон ҳанӯз бар забони Петрус буд, ки Рӯҳулқудс бар ҳамаи шунавандагони калом фуруд омад.
45
Ва ҳамаи имондорони аҳли хатна, ки ҳамроҳи Петрус омада буданд, ҳайрон шуданд, ки атои Рӯҳулқудс ба ғайрияҳудиён низ фурӯ рехтааст,
46
зеро шуниданд, ки онҳо ба забонҳо сухан ронда, Худоро меситоянд. Он гоҳ Петрус гуфт:
47
«Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро монанди мо ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?»
48
Ва фармуд, ки онҳоро ба номи Худованд таъмид диҳанд. Ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки якчанд рӯз назди онҳо монад.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28