bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 4
Acts 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 5 →
1
Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони ибодатгоҳ ва саддуқиён бар сари онҳо омаданд,
2
зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо растохези мурдагонро мавъиза мекарданд.
3
Ва ба онҳо дастдарозӣ карда, то фардо ба ҳабс гирифтанд, зеро аллакай бегоҳ буд.
4
Аммо бисёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.
5
Фардои он, сардорон ва пирон ва китобдонони онҳо дар Уршалим ҷамъомаде барпо карданд,
6
ва Ҳонони саркоҳин ва Қаёфо ва Юҳанно ва Искандар ва тамоми хонаводаи саркоҳин ҳозир буданд,
7
ва онҳоро дар миёнаҷо ба по хезонда, пурсиданд: «Ба кадом қувват ё ба кадом ном ин корро кардаед?»
8
Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил!
9
Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед, ки вай чӣ гуна шифо ёфтааст,
10
пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ин одам ба номи Исои Масеҳи Носирӣ пеши шумо тандуруст истодааст, ба номи Ҳамон ки шумо ба салиб кашидед ва Худо Ӯро аз мурдагон бархезонд.
11
Ӯ ҳамон сангест, ки шумо, бинокорон, онро рад кардед, вале он сари гӯшаи бино гардид.
12
Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва ҳеҷ номи дигаре ба одамон дода нашудааст, то ба воситаи он наҷот ёбем».
13
Вақте ки далерии Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нахонда ва одӣ ҳастанд, ҳайрон шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд.
14
Чун шахси шифоёфтаро диданд, ки назди онҳо истода буд, чизе ба муқобили онҳо гуфта натавонистанд.
15
Ба онҳо фармуданд, ки аз шӯро берун раванд; пас аз он бо якдигар машварат карданд,
16
ва гуфтанд: «Бо ин одамон чӣ кунем? Инак, ба ҳамаи сокинони Уршалим маълум шудааст, ки онҳо муъҷизаи ошкоре ба амал овардаанд, ва мо онро наметавонем инкор кунем;
17
аммо барои он ки беш аз ин дар миёни мардум овоза нашавад, бояд онҳоро сахт таҳдид кунем, ки дигар ба ҳеҷ кас дар бораи ин ном гап назананд».
18
Онҳоро даъват намуда, фармон доданд, ки ҳаргиз номи Исоро ба забон наоваранд ва таълим надиҳанд.
19
Вале Петрус ва Юҳанно дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Худ ҳукм кунед, оё пеши Худо дуруст аст, ки шуморо бештар аз Худо гӯш кунем?»
20
Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем».
21
Онҳоро боз ҳам зиёдтар таҳдид намуда, раҳо карданд, чунки ба сабаби мардум имконият наёфтанд ба онҳо ҷазо диҳанд, зеро ҳама Худоро барои он чи шуда буд, ҳамду сано мегуфтанд.
22
Шахсе ки ин муъҷизаи шифо бо вай рӯй дод, бештар аз чилсола буд.
23
Пас аз раҳо шуданашон назди ёрони худ омаданд ва он чиро, ки сардорони коҳинон ва пирон гуфта буданд, ба онҳо нақл карданд.
24
Чун инро шуниданд, овози худро якдилона сӯи Худо баланд карда, гуфтанд: «Эй Фармонраво, Ту он Худо ҳастӣ, ки осмон ва замин ва баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, офаридаӣ!
25
Ту бо забони бандаи Худ Довуд гуфтаӣ: “Чаро халқҳо ба шӯр меоянд Ва қавмҳо беҳуда қасд мекунанд?
26
Подшоҳони замин бармехезанд, Ва мирон ҷамъ мешаванд Бар зидди Худованд Ва бар зидди Масеҳи Ӯ”.
27
Ба ростӣ, бар зидди Бандаи муқаддаси Ту Исо, ки Ӯро масҳ кардаӣ, Ҳиродус ва Понтиюс Пилотус бо ғайрияҳудиён ва қавми Исроил ҷамъ шуданд,
28
то он чиро, ки дасти Ту ва нақшаи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.
29
Ва акнун, эй Худованд, ба таҳдидҳои онҳо назар андоз ва ба бандагони Худ ато кун, то бо далерии комил сухани Туро баён кунанд,
30
дар ҳоле ки Ту дасти Худро дароз кунӣ, то шифо ва аломатҳову муъҷизаҳо ба номи Бандаи муқаддаси Ту Исо рӯй диҳанд».
31
Чун дуояшон ба охир расид, маконе ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад, ва ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва каломи Худоро далерона мегуфтанд.
32
Ҳамаи имондорон як дилу як ҷон буданд, ва ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизи онҳо умумӣ буд.
33
Расулон бо қувваи бузурге ба растохези Худованд Исо шаҳодат медоданд, ва файзи бузурге бар ҳамаи онҳо буд.
34
Ҳеҷ мӯҳтоҷе дар байнашон набуд, зеро ҳар касе ки замин ё хонае дошт, онро мефурӯхт ва пулашро оварда,
35
пеши пои расулон мегузошт, ва ба ҳар кас аз рӯи эҳтиёҷаш дода мешуд.
36
Юсӣ, ки расулон ба ӯ лақаби Барнаббо, яъне «писари тасаллӣ»-ро дода буданд, ва ӯ аз қабилаи Левӣ, аз аҳли Қиприс буд,
37
замине дошт, ва онро фурӯхта ва пулашро оварда, пеши пои расулон гузошт.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28