bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 19
Acts 19
Tajik NT 1999
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 20 →
1
Дар он замоне ки Апуллус дар Қуринтус буд, Павлус дар ноҳияҳои баланд гардиш карда, ба Эфесус расид ва дар он ҷо шогирдонро ёфта,
2
ба онҳо гуфт: «Оё вақте ки имон овардед, Рӯҳулқудсро қабул кардед?» Ба ӯ гуфтанд: «Ҳатто нашунидаем, ки Рӯҳулқудс ҳаст».
3
Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ таъмиде гирифтед?» Гуфтанд: «Таъмиди Яҳё».
4
Павлус гуфт: «Таъмиде ки Яҳё медод, таъмиди тавба буд, ва ӯ ба қавм мегуфт: “Ба он Касе ки пас аз ман меояд, яъне ба Масеҳ Исо имон оваред”».
5
Чун инро шуниданд, ба номи Худованд Исо таъмид гирифтанд,
6
ва ҳангоме ки Павлус дастҳои худро бар сари онҳо гузошт, Рӯҳулқудс бар онҳо омад, ва ба забонҳо сухан ронда, пайғамбарӣ карданд.
7
Онҳо ҳамагӣ тақрибан дувоздаҳ мард буданд.
8
Муддати се моҳ ӯ ба куништ даромада, далерона мавъиза мекард ва дар бораи Подшоҳии Худо гуфтугӯ мекард ва далелҳо меовард.
9
Вале азбаски баъзе касон сахтдил буданд ва имон намеоварданд ва дар ҳаққи Тариқат пеши мардум бадзабонӣ мекарданд, бинобар ин аз онҳо худро канор гирифта, шогирдонро ҷудо кард ва ҳар рӯз дар омӯзишгоҳи Тиронус ном шахсе гуфтугӯ мекард.
10
Ду сол ин давом кард, ба тавре ки ҳамаи сокинони вилояти Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Худованд Исоро шуниданд.
11
Худо ба воситаи дастони Павлус муъҷизаҳои ғайриодие ба амал меовард,
12
то ба ҳадде ки дастмолҳо ва пешбандҳои ба бадани ӯ расидаро бурда, бар беморҳо мегузоштанд, ва бемории онҳо нест мешуд, ва рӯҳҳои бад аз онҳо берун мерафтанд.
13
Ҳатто баъзе аз азоимхонҳои оворагарди яҳудӣ ҳам бар онҳое ки гирифтори рӯҳи бад буданд, номи Худованд Исоро зикр карда, мегуфтанд: «Шуморо ба Исое ки Павлус мавъиза мекунад, қасам медиҳем».
14
Ҳафт нафар писарони Искиво ном шахсе ки яке аз саркоҳинони яҳудӣ буд, ҳамин гуна амал мекарданд.
15
Аммо рӯҳи бад дар ҷавоб гуфт: «Исоро мешиносам, Павлусро низ медонам, лекин шумо кистед?»
16
Шахсе ки рӯҳи бад дошт, бо чунон қуввате ба онҳо дарафтод, ки мағлуб шуданд ва бараҳна ва захмдор аз он хона гурехтанд.
17
Ин рӯйдод ба гӯши ҳамаи яҳудиён ва юнониёни сокини Эфесус расида, ҳамаро ба ҳарос андохт, ва номи Худованд Исоро иззату икром мекарданд.
18
Бисёре аз имондорон омада, корҳои худро иқрор ва ошкор мекарданд.
19
Бисёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама сӯзонданд; вақте ки арзиши онҳоро ҳисоб карданд, маълум шуд, ки баробари панҷоҳ ҳазор дирҳам аст.
20
Каломи Худованд ҳамин гуна қувват мегирифт ва паҳн мешуд.
21
Пас аз анҷоми ин чизҳо, Павлус дар Рӯҳ ният кард, ки аз Мақдуния ва Охоия гузашта, ба Уршалим равад, ва гуфт: «Пас аз рафтанам ба он ҷо, Румро низ бояд бинам».
22
Аз дастёронаш ду нафарро, яъне Тимотиюс ва Арастусро, ба Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё монд.
23
Дар он замон шӯру ғавғои азиме ба сабаби Тариқат рӯй дод;
24
зеро Димитриюс ном нуқрагаре ки нусхаҳои нуқрагини ибодатхонаи Артамисро месохт ва ба ин восита ба санъатгарон фоидаи калоне мерасонд,
25
онҳоро ва ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардон! Шумо медонед, ки некӯаҳволии мо аз ҳамин ҳунар аст,
26
ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфесус, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисёрро барангехта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: “Чизҳои сохтаи дасти инсон худо нестанд”.
27
Пас, хатари он аст, ки на танҳо ҳунари мо беқадр шавад, балки ин ибодатгоҳи олиҳаи бузурги мо Артамис низ беэътибор шавад, ва ҳашамати вай, ки тамоми вилояти Осиё ва ҷаҳон парастишаш мекунанд, барҳам хӯрад».
28
Вақте ки инро шуниданд, хеле ба хашм омада, фарёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!»
29
Тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якдилона сӯи тамошохона тохтанд ва Ғоюс ва Аристархусро, ки аз аҳли Мақдуния ва ҳамроҳони Павлус буданд, бо худ кашида бурданд.
30
Павлус мехост ба миёни мардум дарояд, аммо шогирдон ӯро намонданд.
31
Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстонаш буданд, назди ӯ кас фиристода, таъкид карданд, ки ба тамошохона набиёяд.
32
Дар ин миён баъзе касон дод зада, чизе мегуфтанд, дигарон чизи дигаре; зеро ҷамоат ошуфта буд ва бисёрии онҳо намедонистанд барои чӣ ҷамъ шудаанд.
33
Аз миёни тӯда Искандарро кашида бароварданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане гӯяд.
34
Аммо, чун яҳудӣ буданашро фаҳмиданд, ҳама бо як овоз дод заданд ва қариб ду соат нидо мекарданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!»
35
Котиби шаҳр мардумро ором карда, гуфт: «Эй мардони Эфесус! Кӣ намедонад, ки шаҳри Эфесус нигаҳбони ибодатхонаи олиҳаи бузург Артамис ва ҳайкали аз осмон фуромадаи вай мебошад?
36
Азбаски ин баҳснопазир аст, шумо бояд ором бошед ва рафтори бемулоҳизае накунед;
37
зеро ин шахсоне ки шумо овардаед, на ғораткунандагони ибодатгоҳанд ва на дар бораи олиҳаи шумо куфр гуфтаанд.
38
Агар Димитриюс ва ҳунармандони ҳамкораш даъвое бар касе дошта бошанд, инак рӯзҳои доварӣ муқаррар шудаанд, волиён низ ҳастанд: бигзор ба онҳо шикоятҳои худро оварда супоранд.
39
Вале агар дархости дигаре дошта бошед, он бояд дар ҷамоати қонунӣ ҳал шавад;
40
зеро хатари он аст, ки мо барои рафтори имрӯза ба шӯриш айбдор шавем, ва мо ҳеҷ далеле надорем, ки барои чунин издиҳом онро сабаб нишон диҳем». Инро гуфта, ҷамоатро пароканда кард.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28