bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 23
Acts 23
Tajik NT 1999
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 24 →
1
Павлус ба шӯро назар дӯхта, гуфт: «Эй мардон, бародарон! Ман то имрӯз дар ҳузури Худо бо виҷдони пок рафтор кардаам».
2
Саркоҳин Ҳанониё ба онҳое ки назди ӯ истода буданд, фармуд, ки ба даҳонаш як торсакӣ зананд.
3
Павлус ба вай гуфт: «Худо туро мезанад, эй девори сафедшуда! Ту нишастаӣ, ки маро аз рӯи шариат доварӣ кунӣ, вале бар хилофи шариат мефармоӣ, ки маро зананд».
4
Онҳое ки назди ӯ истода буданд, гуфтанд: «Саркоҳини Худоро дашном медиҳӣ?»
5
Павлус гуфт: «Эй бародарон, ман надонистам, ки вай саркоҳин аст; зеро навишта шудааст: “Ба пешвои қавми худ носазо нагӯй”».
6
Вақте ки Павлус фаҳмид, ки як қисми онҳо саддуқиён ва қисми дигарашон фарисиён мебошанд, дар шӯро нидо кард: «Эй мардон, бародарон! Ман фарисӣ ва писари фарисӣ ҳастам, ва барои умеди растохези мурдагон доварӣ карда мешавам».
7
Ҳамин ки инро гуфт, дар миёни фарисиён баҳс шуд; ва аҳли ҷамъомад ду тақсим шуданд,
8
зеро саддуқиён мегӯянд, ки на растохез вуҷуд дорад, на фаришта ё рӯҳ, аммо фарисиён ин ҳар дуро эътироф менамоянд.
9
Ғавғои азиме ба амал омад, ва китобдонони равияи фарисиён бархеста, баҳскунон гуфтанд: «Мо дар ин шахс ҳеҷ бадӣ намебинем; ва агар рӯҳе ё фариштае ба вай сухан гуфта бошад, ба Худо муқобилат намекунем».
10
Аммо азбаски кашмакаш қувват гирифт, мириҳазор аз тарси он ки Павлусро тиккаву пора кунанд, ба сарбозон фармуд, ки поён раванд ва ӯро аз миёни онҳо гирифта, ба қалъа баранд.
11
Ҳамон шаб Худованд назди ӯ омада, гуфт: «Хотирҷамъ бош, Павлус, ва чунон ки дар Уршалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ончунон шаҳодат диҳӣ».
12
Чун рӯз шуд, баъзе аз яҳудиён забон як карда, қасам хӯрданд, ки то Павлусро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд.
13
Онҳое ки чунин қасам хӯрда буданд, бештар аз чил нафар буданд.
14
Онҳо назди сардорони коҳинон ва пирон рафта, гуфтанд: «Мо савганд ёд кардем, ки то Павлусро накушем, чизе начашем.
15
Акнун шумо ва шӯро ба мириҳазор хабар диҳед, ки фардо ӯро назди шумо бароварад, гӯё ки мехоҳед кори ӯро аниқтар дида бароед; ва мо тайёр ҳастем ӯро пеш аз наздик омаданаш кушем».
16
Аммо хоҳарзодаи Павлус аз суиқасди онҳо бохабар шуд ва рафта, ба қалъа даромад ва Павлусро огоҳ кард.
17
Павлус яке аз мирисадҳоро даъват намуда, гуфт: «Ин ҷавонро назди мириҳазор бар, зеро чизе дорад, ки ба ӯ гӯяд».
18
Вайро гирифта, назди мириҳазор бурд ва гуфт: «Павлуси бандӣ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки ин ҷавонро назди ту биёрам, зеро чизе дорад, ки ба ту гӯяд».
19
Мириҳазор дасти вайро гирифта, ба хилватгоҳе бурд, ва пурсид: «Чӣ чиз аст, ки мехоҳӣ ба ман гӯӣ?»
20
Гуфт: «Яҳудиён забон як кардаанд, ки аз ту хоҳиш кунанд, то Павлусро фардо назди шӯро барорӣ, гӯё мехоҳанд кори ӯро аниқтар тафтиш намоянд.
21
Аммо ту ба онҳо гӯш надеҳ, зеро бештар аз чил нафарашон дар сари роҳи ӯ камин сохтаанд ва савганд ёд кардаанд, ки то ӯро накушанд, чизе нахӯранд ва нанӯшанд; ва акнун тайёр шуда, мунтазири иҷозати ту истодаанд».
22
Мириҳазор ҷавонро рухсати рафтан дода, гуфт: «Ба ҳеҷ кас нагӯ, ки ин хабарро ба ман расондаӣ».
23
Сипас ду мирисадро даъват намуда, гуфт: «Дусад сарбоз ва ҳафтод савора ва дусад найзадорро омода кунед, то ки имшаб дар соати се ба Қайсария раванд.
24
Инчунин маркабҳо омода кунед, то Павлусро савор карда, ба саломатӣ назди Феликси ҳоким равона намоед».
25
Ӯ номае ба ин мазмун навишт:
26
«Клавдиюс Лисиёс ба муҳтарам Феликси ҳоким салом мерасонад.
27
Ин мардро яҳудиён дастгир карда, куштанӣ буданд; чун фаҳмидам, ки шаҳрванди Рум аст, бо сарбозон рафта, аз дасташон раҳондам.
28
Азбаски хостам донам, ки бар ӯ чӣ даъво доранд, ӯро ба шӯрои онҳо овардам;
29
ва дарёфтам, ки ӯро дар ақидаҳои баҳсноки оид ба шариаташон айбдор мекунанд, вале ӯ ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг ё ҳабс бошад.
30
Чун ба гӯшам расид, ки яҳудиён қасди ҷони ин мард доранд, фавран ӯро назди ту фиристодам ва ба даъвогаронаш низ фармудам, ки даъвоҳои худро дар ҳаққи ӯ пеши ту баён кунанд; вассалом».
31
Сарбозон мувофиқи дастуре ки ба онҳо дода шуд, Павлусро гирифта, шабона ба Антипотрис бурданд.
32
Ва рӯзи дигар ба саворон вогузор карданд, ки бо ӯ раванд, ва худашон ба қалъа баргаштанд.
33
Ҳамин ки онҳо ба Қайсария расиданд, номаро ба дасти ҳоким супурда, Павлусро низ назди ӯ ҳозир сохтанд.
34
Ҳоким номаро хонда, пурсид, ки ӯ аз кадом вилоят аст, ва чун фаҳмид, ки аз Киликия аст, гуфт:
35
«Вақте ки даъвогарони ту ҳозир шаванд, сухани туро мешунавам». Ва фармуд, ки ӯро дар қасри Ҳиродус нигоҳ доранд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28