bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 2
Acts 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 3 →
1
Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд.
2
Ногоҳ ғулғулае, монанди садои тундбод, аз осмон баромад ва тамоми хонаро пур кард.
3
Ва забонаҳои аз ҳам ҷудое, монанди забонаҳои оташ, ба онҳо падид омада, якто-якто бар ҳар яке аз онҳо нишаст.
4
Ҳамаашон аз Рӯҳулқудс пур шуданд, ва чун Рӯҳ ба онҳо қудрати гап задан бахшид, ба забонҳои дигар-дигар ба сухан гуфтан сар карданд.
5
Дар Уршалим яҳудиён, мардони худотарсе ки аз ҳар халқи зери осмон буданд, сокин буданд.
6
Ҳангоме ки он ғулғула бархест, мардуми бисёре ҷамъ омада, ҳайрон шуданд, зеро ҳар кас ба забони худ сухани онҳоро мешунид.
7
Ва ҳама дар ҳайрату тааҷҷуб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Оё ҳамаи инҳо, ки гап мезананд, ҷалилӣ нестанд?
8
Пас чӣ гуна ҳар яке аз мо суханони онҳоро ба забони зодгоҳи худ мешунавем?
9
Мо, ки портиҳо ва модиҳо ва эломиҳо, ва сокинони Байнаннаҳрайн, Яҳудия ва Каппадукия, Понтус ва вилояти Осиё,
10
Фриҷия ва Памфилия, Миср ва ноҳияҳои Либия дар наздикии Қайровон ва зиёратгарони румӣ, ҳам яҳудиён ва ҳам онҳое ки чанде пеш дини яҳудиро қабул кардаанд,
11
ва аҳли Крит ва Арабистон ҳастем, суханони инҳоро аз бузургии Худо ба забонҳои худ мешунавем».
12
Ҳама дар ҳайрату тааҷҷуб шуда, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ маъно дорад?»
13
Вале баъзе касон масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо май хӯрда, маст шудаанд».
14
Он гоҳ Петрус бо он ёздаҳ нафар бархеста ва овози худро баланд карда, ба онҳо гуфт: «Эй мардони Яҳудия ва ҳамаи сокинони Уршалим! Инро донед, ва суханони маро гӯш кунед:
15
Инҳо маст нестанд, чунон ки шумо гумон мекунед, зеро ҳоло соат сеи рӯз аст,
16
балки ин ҳамон чиз аст, ки Юили пайғамбар гуфтааст:
17
“Ва дар рӯзҳои охирин, мегӯяд Худо, чунин мешавад: Рӯҳи Худро бар тамоми башарият мерезам, Ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ мекунанд, Ва ҷавонони шумо рӯъёҳо мебинанд Ва пирони шумо хобҳо;
18
Ва ҳатто бар ғуломону канизони Худ Дар он рӯзҳо Рӯҳи Худро мерезам, Ва онҳо пайғамбарӣ мекунанд;
19
Ва аз боло дар осмон муъҷизаҳо Ва аз поён дар замин аломатҳо медиҳам: Хун ва оташ ва бухори дуд;
20
Пеш аз он ки рӯзи азиму пуршукӯҳи Худованд фаро расад, Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба хун табдил меёбад;
21
Ва он гоҳ ҳар кӣ номи Худовандро хонад, наҷот меёбад”.
22
Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо қувваҳо ва муъҷизаҳо ва аломатҳое ки Худо дар миёни шумо ба воситаи Ӯ ба ҷо овард, исбот шуд, чунон ки худатон низ медонед;
23
Ӯро, ки аз рӯи нақшаи муайян ва пешдонии Худо таслим карда шуд, гирифта, бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед;
24
вале Худо Ӯро аз дардҳои марг раҳонда, бархезонд, зеро ғайриимкон буд, ки марг Ӯро нигоҳ дорад.
25
Зеро Довуд дар бораи Ӯ мегӯяд: “Худовандро ҳамеша пеши рӯи худ медидам, Чунки Ӯ аз дасти рости ман аст, то фурӯ нағалтам.
26
Ба ин сабаб дилам шод аст, ва забонам хурсанд; Ва ҷисмам низ дар умед сокин мешавад.
27
Зеро ҷони маро дар дунёи мурдагон намемонӣ, Ва намегузорӣ, ки Қуддуси Ту нобудшавиро бинад.
28
Роҳи зиндагиро ба ман омӯхтаӣ Ва пеши рӯи Худ маро аз шодӣ пур мекунӣ”.
29
Эй мардон, бародарон! Иҷозат диҳед, ки ҷуръат намуда, ба шумо дар бораи падари мо Довуд гӯям, ки ӯ вафот ёфта, гӯронда шудааст, ва қабраш то имрӯз дар миёни мост.
30
Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ савганд ёд кардааст, ки Масеҳро ҷисман аз камари ӯ рӯёнда, бар тахти ӯ мешинонад,
31
бинобар ин дар бораи растохези Масеҳ пешбинӣ карда, гуфт, ки ҷони Ӯ дар дунёи мурдагон намонд ва ҷисми Ӯ нобудшавиро надид».
32
Ҳамин Исоро Худо бархезонд, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем.
33
Акнун, ки Ӯ ба дасти рости Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст.
34
Зеро Довуд ба осмон боло нарафт, балки худаш мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман шин,
35
То даме ки душманонатро пойандози Ту созам”.
36
Пас, тамоми хонадони Исроил ба дурустӣ донад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо ба салиб кашидед, Худованд ва Масеҳ гардондааст». Ҷамоати аввалин
37
Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва расулони дигар гуфтанд: «Эй мардон, бародарон, чӣ кунем?»
38
Петрус ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, ва ҳар яке аз шумо ба номи Исои Масеҳ барои бахшоиши гуноҳҳоятон таъмид гиред, ва атои Рӯҳулқудсро меёбед;
39
зеро ин ваъда барои шумо ва фарзандони шумо ва барои ҳамаи онҳоест, ки дур ҳастанд, яъне барои ҳар касе ки Худованд Худои мо ӯро даъват кунад».
40
Ӯ бо бисёр суханони дигар ба онҳо шаҳодат медод ва панд дода, мегуфт: «Худро аз ин насли каҷрав раҳо кунед!»
41
Пас онҳое ки каломи ӯро бо хушнудӣ қабул карданд, таъмид гирифтанд, ва дар ҳамон рӯз тақрибан се ҳазор нафар ба онҳо ҳамроҳ шуданд.
42
Онҳо ҳамеша бо шунидани таълими расулон, бо ҳамнишинӣ, бо пора кардани нон ва бо дуо машғул буданд.
43
Ҳама саросар тарсида буданд, ва бисёр муъҷизаҳо ва аломатҳо аз дасти расулон рӯй доданд.
44
Ҳамаи имондорон бо ҳам буданд ва дар ҳама чиз шарик буданд:
45
молу мулки худро мефурӯхтанд ва ба ҳама мувофиқи эҳтиёҷи ҳар кас тақсим мекарданд;
46
ҳар рӯз якдилона дар ибодатгоҳ ҷамъ мешуданд ва дар хонаҳои худ нон пора карда, бо хушӣ ва дилсофӣ бо ҳам хӯрок мехӯрданд,
47
Худоро ситоиш мекарданд ва дар миёни тамоми мардум эътибор пайдо менамуданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба ҷамоат меафзуд.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28