bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 11
Acts 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
1
Расулон ва бародароне ки дар Яҳудия буданд, шуниданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд.
2
Вақте ки Петрус ба Уршалим омад, аҳли хатна бар вай таъна зада,
3
гуфтанд: «Назди мардони бехатна рафта, бо онҳо хӯрок хӯрдаӣ».
4
Вале Петрус ба ҳикояти муфассали ҳар он чи рӯй дода буд, сар карда, гуфт:
5
«Ман дар шаҳри Ёфо дуо мегуфтам ва дар ҳолати бехудӣ рӯъёе дидам: зарфе фуруд меомад, монанди матои калоне ки аз чор гӯшааш овезон аз осмон мефуромада бошад, ва назди ман расид.
6
Чун ба он нигариста, аз назар гузарондам, чорпоёни замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва парандагони осмонро дидам.
7
Ва овозе шунидам, ки ба ман мегуфт: “Эй Петрус, бархез ва кушта хӯр”.
8
Гуфтам: “Ҳеҷ гоҳ, Худовандо, зеро ҳаргиз чизе ҳаром ё нопок ба даҳон набурдаам”.
9
Бори дигар овозе аз осмон ба ман ҷавоб дод: “Он чи Худо пок кардааст, ту ҳаром нашумор”.
10
Ин се бор такрор ёфт, ва ҳама чиз боз ба осмон боло бурда шуд.
11
Ва инак, дар ҳамон лаҳза се марде ки аз Қайсария назди ман фиристода шуда буданд, назди хонае ки будам, истоданд.
12
Ва Рӯҳ ба ман гуфт, ки ҳеҷ шубҳа накарда, бо онҳо равам. Ин шаш бародар низ ҳамроҳи ман рафтанд, ва мо ба хонаи он шахс даромадем.
13
Вай ба мо нақл кард, ки чӣ гуна дар хонаи худ фариштаро дидааст, ки истода ба вай гуфтааст: “Ба Ёфо кас фиристода, Шимъунро, ки лақабаш Петрус аст, даъват намо,
14
ва ӯ ба ту суханоне мегӯяд, ки боиси наҷоти ту ва тамоми хонадони ту мешавад”.
15
Вақте ки ба сухан сар кардам, Рӯҳулқудс ба онҳо фуруд омад, монанди он ки дар ибтидо ба мо фуруд омада буд.
16
Он гоҳ сухани Худовандро ба ёд овардам, ки Ӯ гуфта буд: “Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯҳулқудс таъмид меёбед”.
17
Пас, агар Худо ба онҳо ҳамон аторо додааст, ки ба мо дод, вақте ба Худованд Исои Масеҳ имон овардем, ман кистам, ки тавонам ба Худо монеъ шавам?».
18
Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Ба ростӣ Худо ба ғайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро додааст». Ҷамоат дар,,,,\ Антокия
19
Дар ин миён касоне ки ба сабаби таъқиботи аз боиси Истефанус рӯйдода пароканда шуда буданд, то Финиқия ва Қиприс ва Антокия расиданд, ва онҳо каломро ба ҳеҷ кас, ғайр аз яҳудиён, намегуфтанд.
20
Лекин баъзе аз онҳо, ки аз аҳли Қиприс ва Қайровон буданд, ба Антокия расида, бо юнониён гуфтугӯ карданд ва аз Худованд Исо башорат доданд.
21
Ва дасти Худованд бо онҳо буд, ва шумораи бузурге имон оварда, ба Худованд рӯ оварданд.
22
Вақте ки овозаи ин ба гӯши ҷамоати Уршалим расид, Барнабборо ба Антокия фиристоданд.
23
Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими дил ба Худованд часпанд;
24
зеро ӯ марди нек ва пур аз Рӯҳулқудс ва имон буд; ва мардуми бисёре ба Худованд пайвастанд.
25
Пас Барнаббо ба ҷустуҷӯи Шоул ба Тарсус рафт ва ӯро ёфта, ба Антокия овард.
26
Тамоми сол онҳо бо ҷамоат ҷамъ мешуданд ва мардуми бисёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антокия масеҳӣ номида шуданд.
27
Ва дар он рӯзҳо якчанд пайғамбарон аз Уршалим ба Антокия омаданд.
28
Яке аз онҳо, ки Оғобус ном дошт, бархеста аз Рӯҳ илҳом ёфта, пешгӯӣ кард, ки дар тамоми ҷаҳон гуруснагии сахте рӯй медиҳад; он дар замони қайсар Клавдиюс рӯй дод.
29
Он гоҳ шогирдон қарор доданд ки ҳар яке ба андозаи дороии худ ёрдаме барои бародарони Яҳудия равона кунад;
30
ҳамин тавр ҳам карданд, ва онро ба воситаи Барнаббо ва Шоул ба пирон фиристоданд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28