bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 14
Acts 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
1
Дар Қуния низ бо ҳам ба куништи яҳудиён даромада, тавре сухан гуфтанд, ки шумораи зиёде аз яҳудиён ва юнониён имон оварданд.
2
Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, дилҳои ғайрияҳудиёнро шӯронда, ба муқобили бародарон барангехтанд.
3
Пас, муддати дарозе дар он ҷо монда, бо таваккал ба Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба воситаи онҳо аломатҳову муъҷизаҳо ато мекард.
4
Дар ин миён байни мардуми шаҳр ҷудоӣ афтод, ки баъзе тарафдори яҳудиён ва дигарон тарафдори расулон буданд.
5
Вақте ки ғайрияҳудиён ва яҳудиён бо сардорони худ ба онҳо ҳуҷум оварданд, то онҳоро таҳқир ва сангсор кунанд,
6
онҳо огоҳӣ ёфта, ба Лустра ва Дарба, шаҳрҳои Лекоуния ва атрофи он гурехтанд,
7
ва дар он ҷо башорат медоданд.
8
Дар Лустра марде нишаста буд, ки пойҳояш беҳаракат буданд ва ланги модарзод буда, ҳаргиз роҳ нарафта буд.
9
Вай сухани Павлусро мешунид; Павлус ба вай нигарист ва чун дид, ки барои шифо ёфтан имон дорад,
10
бо овози баланд ба вай гуфт: «Бар пойҳои худ рост ист». Вай дарҳол ҷаста хест ва ба роҳ рафтан даромад.
11
Вақте ки мардум ин амали Павлусро диданд, овози худро баланд карда, бо забони лекоунӣ гуфтанд: «Худоён ба сурати инсон назди мо фуромадаанд».
12
Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, чунки ӯ сухангӯи асосӣ буд.
13
Коҳини ибодатгоҳи Зевс, ки дар беруни шаҳрашон буд, нарговон ва тоҷҳои гул назди дарвозаи шаҳр овард ва мехост бо якҷоягии мардум қурбонӣ кунад.
14
Ҳамин ки расулон Барнаббо ва Павлус инро шуниданд, либосҳои худро даронда, ба миёни мардум давида даромаданд ва фарёд зада гуфтанд:
15
«Эй мардон! Чаро чунин мекунед? Мо низ монанди шумо одамони хокӣ ҳастем ва ба шумо башорат медиҳем, ки аз ин бутҳо гашта, ба Худои зинда рӯ оваред, ки Ӯ осмон ва замин ва баҳр ва он чиро, ки дар онҳост, офаридааст,
16
ва дар наслҳои пешина ҳамаи халқҳоро гузоштааст, ки ба роҳи худ раванд,
17
гарчанде ки Худро бе шаҳодат нагузоштааст; некӣ карда, ба шумо аз осмон борон меборонид, фаслҳои боровар мебахшид, ба мо хӯрок медод ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекард».
18
Бо ин суханон мардумро аз қурбонӣ кардан барояшон базӯр боздоштанд.
19
Дар ин миён аз Антокия ва Қуния яҳудиён расида омаданд ва мардумро барангехта, Павлусро сангсор карданд ва ба гумони он ки мурдааст, аз шаҳр берун кашиданд.
20
Аммо чун шогирдон дар гирди ӯ ҷамъ омаданд, бархеста, ба шаҳр даромад ва фардои он бо Барнаббо сӯи Дарба равона шуд.
21
Дар ин шаҳр низ башорат дода, шогирдони зиёде пайдо карданд ва ба Лустра, Қуния ва Антокия баргаштанд.
22
Ва дилҳои шогирдонро қувват дода, панд мегуфтанд, ки “дар имон устувор бошед, чунки мо бояд бо мусибатҳои бисёр ба Подшоҳии Худо дароем”.
23
Дар ҳар ҷамоат барои онҳо пирон таъйин карданд ва бо дуо ва рӯза онҳоро ба Худованде ки ба Ӯ имон оварда буданд, супурданд.
24
Аз Писидия гузашта, ба Памфилия омаданд.
25
Ва дар Пирҷа каломро мавъиза карда, ба Аттолия фуромаданд;
26
ва аз он ҷо ба киштӣ савор шуда, ба Антокия омаданд, ки дар он ҷо онҳо баҳри хизмате ки ба ҷо оварданд, ба файзи Худо супурда шуда буданд.
27
Чун расиданд, ҷамоатро ҷамъ карда, нақл карданд, ки Худо бо онҳо чиҳо кард ва чӣ гуна Ӯ дари имонро ба ғайрияҳудиён кушод.
28
Ва муддати дарозе дар он ҷо бо шогирдон монданд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28