bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 17
Acts 17
Tajik NT 1999
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 18 →
1
Аз Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо куништи яҳудиён буд.
2
Павлус, аз рӯи одати худ, назди онҳо даромад, ва се рӯзи шанбе бо онҳо аз Китоб гуфтугӯ мекард,
3
ва ошкор намуда, исбот мекард, ки даркор буд Масеҳ азоб кашад ва аз мурдагон бархезад, ва мегуфт: «Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст».
4
Баъзе аз онҳо ва ҳамчунин шумораи зиёде аз юнониҳои худотарс ва бисёре аз занони ашроф бовар карданд ва ба Павлус ва Сило ҳамроҳ шуданд.
5
Аммо яҳудиёне ки бовар накарда буданд, чанд нафар нобакоронро аз кӯча гирифта, тӯдае ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба хонаи Ёсун тохта, хостанд онҳоро назди халқ оваранд.
6
Чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми ҷаҳонро ба ошӯб оварданд, ба ин ҷо низ омадаанд,
7
ва Ёсун онҳоро пазироӣ кардааст, ва ҳамаи онҳо бар хилофи фармонҳои қайсар амал мекунанд ва Шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд.
8
Аз шунидани ин суханон мардум ва сардорони шаҳр ба ташвиш афтоданд,
9
ва аз Ёсун ва дигарон кафолат гирифта, онҳоро сар доданд.
10
Бародарон фавран Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд, ва онҳо ба он ҷо расида, ба куништи яҳудиён даромаданд.
11
Аҳли он ҷо назар ба аҳли Тасолуникӣ равшанфикртар буданд: бо тамоми шавқ каломро қабул мекарданд ва ҳар рӯз Китобро таҳлил мекарданд, ки оё чунин аст.
12
Бисёре аз онҳо, ва низ миқдори зиёде аз занону мардони ашрофи юнонӣ имон оварданд.
13
Лекин чун яҳудиёни Тасолуникӣ фаҳмиданд, ки Павлус дар Бирия низ каломи Худоро мавъиза кардааст, ба он ҷо омада, мардумро ба шӯр оварданд.
14
Дарҳол бародарон Павлусро сӯи баҳр равона карданд, вале Сило ва Тимотиюс дар он ҷо монданд.
15
Ҳамроҳони Павлус ӯро то Атино гуселонданд; ва ӯ ба онҳо фармуд, ки ҳарчи зудтар Сило ва Тимотиюсро назди ӯ равона кунанд. Баъд онҳо гашта рафтанд.
16
Ҳангоме ки Павлус дар Атино ба онҳо интизорӣ дошт, чун дид, ки ин шаҳр аз бутҳо пур аст, рӯҳаш дар дарунаш ба шӯр омад.
17
Бинобар ин дар куништ бо яҳудиён ва худотарсон ва дар бозор ҳар рӯз бо ҳар кӣ вомехӯрд, гуфтугӯ мекард.
18
Баъзе аз файласуфони эпикурӣ ва равоқӣ низ бо ӯ мунозира мекарданд; баъзеашон мегуфтанд: «Ин беҳудагӯй чӣ мехоҳад гӯяд?»; дигарҳо мегуфтанд: «Чунин метобад, ки ӯ воизи худоҳои бегона аст»; зеро ӯ ба онҳо аз Исо ва растохез башорат медод.
19
Ӯро дастгир карда, ба Арюпог оварданд ва гуфтанд: «Оё мумкин аст мо донем, ки ин таълими наве ки ту медиҳӣ, чист?
20
Азбаски суханонат ба гӯши мо бегона мерасанд, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд».
21
Зеро тамоми аҳли Атино ва бегонагони сокини он ҷо вақти худро аз ҳама зиёдтар дар гуфтану шунидани ягон гапи нав мегузаронданд.
22
Он гоҳ Павлус дар миёнҷои Арюпог истода, гуфт: «Эй мардони Атино! Шуморо аз ҳар ҷиҳат бисёр диндор ёфтаам;
23
зеро, чун гаштугузор карда, ибодатгоҳҳои шуморо аз назар мегузарондам, қурбонгоҳе дидам, ки бар он навишта шудааст: “Ба Худои ношинос”. Пас, ҳамонро, ки шумо мепарастед, вале намешиносед, ман ба шумо мавъиза мекунам:
24
Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин аст ва дар ибодатхонаҳои сохтаи дасти инсон нест
25
ва ба хизмати дастҳои одамон эҳтиёҷ надорад, зеро Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад.
26
Ҳамаи халқҳои одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяни сокиншавии онҳоро пешакӣ муқаррар кардааст,
27
то онҳо Худовандро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд даст-даст карда, Ӯро ёбанд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест;
28
зеро “мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат ва вуҷуд дорем”, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: “Мо аз насли Ӯ ҳастем”.
29
Пас, азбаски мо аз насли Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.
30
Хуллас, Худо аз замонҳои нодонӣ сарфи назар карда, акнун дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон мефармояд, ки тавба кунанд;
31
зеро Ӯ рӯзеро муқаррар намудааст, ки аҳли ҷаҳонро ба воситаи Марде ки интихобшудаи Ӯст, аз рӯи инсоф доварӣ кунад, ва барои он ки инро ба ҳама исбот намояд, Ӯро аз мурдагон бархезонд».
32
Вақте ки растохези мурдагонро шуниданд, баъзе масхара карданд, вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора дафъаи дигар аз ту шунидан мехоҳем».
33
Бо ҳамин, Павлус аз миёни онҳо берун омад.
34
Вале якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд; дар байни онҳо Диёнисиюси арюпогӣ ва Домарис ном зане ва дигарон бо онҳо буданд.
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28