bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 1
Matthew 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
1
Насабномаи Исои Масеҳ, Писари Довуд, Писари Иброҳим.
2
Иброҳим Исҳоқро ба дунё овард; Исҳоқ Яъқубро ба дунё овард; ва Яъқуб Яҳудо ва бародарони ӯро ба дунё овард;
3
ва Яҳудо Порас ва Зараҳро аз Томор ба дунё овард; ва Порас Ҳесрӯнро ба дунё овард; ва Ҳесрӯн Ромро ба дунё овард;
4
ва Ром Амминодобро ба дунё овард; ва Амминодоб Наҳшӯнро ба дунё овард; ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дунё овард;
5
ва Салмӯн Бӯазро аз Роҳоб ба дунё овард; ва Бӯаз Убидро аз Рут ба дунё овард; Убид Ишойро ба дунё овард;
6
ва Ишой подшоҳ Довудро ба дунё овард. Ва подшоҳ Довуд Сулаймонро аз зане ки пештар ҳамсари Уриё буд, ба дунё овард;
7
ва Сулаймон Раҳабъомро ба дунё овард; ва Раҳабъом Абиёро ба дунё овард; ва Абиё Осоро ба дунё овард;
8
ва Осо Юшофотро ба дунё овард; ва Юшофот Юромро ба дунё овард; ва Юром Узиёро ба дунё овард;
9
ва Узиё Ютомро ба дунё овард; ва Ютом Оҳозро ба дунё овард; ва Оҳоз Ҳизқиёро ба дунё овард;
10
ва Ҳизқиё Менашшеро ба дунё овард; ва Менашше Омӯнро ба дунё овард; ва Омӯн Юшиёро ба дунё овард;
11
ва Юшиё Якунё ва бародарони ӯро дар замони кӯчондан ба Бобил ба дунё овард.
12
Ва пас аз кӯчондан ба Бобил Якунё Шаалтиилро ба дунё овард; ва Шаалтиил Зарубобилро ба дунё овард;
13
ва Зарубобил Абиҳудро ба дунё овард; ва Абиҳуд Элёқимро ба дунё овард; ва Элёқим Озурро ба дунё овард;
14
ва Озур Содӯқро ба дунё овард; ва Содӯқ Ёкинро ба дунё овард; ва Ёкин Элиҳудро ба дунё овард;
15
ва Элиҳуд Элъозорро ба дунё овард; ва Элъозор Маттонро ба дунё овард; ва Маттон Яъқубро ба дунё овард;
16
ва Яъқуб Юсуфро, шавҳари Марямро ба дунё овард, ва аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ номида мешавад.
17
Пас, ҳамаи наслҳо аз Иброҳим то Довуд чордаҳ насл аст; ва аз Довуд то кӯчондан ба Бобил чордаҳ насл аст; ва аз кӯчондан ба Бобил то Масеҳ чордаҳ насл аст.
18
Ва таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: ҳангоме ки модари Ӯ Марям ба Юсуф номзад шуд, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомила аст.
19
Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди росткор буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ сар диҳам.
20
Аммо ҳангоме ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоб ба ӯ падид омада, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марям натарс; зеро он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;
21
ва Писаре мезояд, ва ту Ӯро Исо ном гузор; чунки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот медиҳад».
22
Ва ҳамаи ин рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст:
23
“Инак, бокирае ҳомила мешавад ва Писаре мезояд, ва Ӯро Имонуил меноманд”, ки маънояш ин аст: Худо бо мост.
24
Ва Юсуф аз хоб бедор шуда, ончунон рафтор кард, ки фариштаи Худованд ба ӯ фармуда буд, ва зани худро қабул кард.
25
Ва бо вай ҳамбистар нашуд то даме ки вай Писари нахустини худро зоид. Ва Юсуф Ӯро Исо ном гузошт.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Matthew Commentaries
→
Devotional
Matthew Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→