bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 9
Matthew 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 10 →
1
Пас ба киштӣ савор шуда, гузашт ва ба шаҳри Худ омад.
2
Ва инак, шалеро, ки бар бистар хобида буд, назди Ӯ оварданд. Ва Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Хотирҷамъ бош, эй фарзанд! Гуноҳҳои ту бахшида шуданд».
3
Дар айни ҳол баъзе аз китобдонон дар дили худ гуфтанд: «Ӯ куфр мегӯяд».
4
Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, гуфт: «Барои чӣ дар дили худ андешаҳои бад доред?
5
Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез ва равона шав”?
6
Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...», — он гоҳ ба шал гуфт: «Бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
7
Он мард дарҳол бархеста, ба хонаи худ равона шуд.
8
Чун мардум инро диданд, ҳайрон шуданд ва Худоро, ки ба одамизод чунин қудрате бахшидааст, ҳамду сано хонданд.
9
Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай бархеста, аз пайи Ӯ равона шуд.
10
Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари дастархон нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари дастархон нишастанд.
11
Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?»
12
Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд;
13
ва шумо равед ва маънои ин суханро омӯзед: “Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ”; чунки Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
14
Шогирдони Яҳё назди Ӯ омада, гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён бисёр рӯза медорем, лекин шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
15
Исо ба онҳо гуфт: «Оё меҳмонони базми арӯсӣ мотам дошта метавонанд, дар ҳоле ки домод бо онҳост? Лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ рӯза медоранд.
16
Ва ҳеҷ кас ба либоси кӯҳна аз матои нав дарбеҳ намемонад; чунки дарбеҳи нав аз либос ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
17
Ва майи навро ба машки кӯҳна намеандозанд; вагарна машк дарида, май ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад; балки майи навро ба машки нав меандозанд, ва ҳар ду нигоҳ дошта мешаванд».
18
Ҳанӯз ин суханонро Ӯ ба онҳо мегуфт, ки сардоре омада, пеши Ӯ зону зад ва гуфт: «Духтари ман ҳозир мурд; лекин биё ва дасти Худро ба вай гузор, ва зинда мешавад».
19
Исо бархеста, бо шогирдонаш аз пайи вай равона шуд.
20
Ва инак, зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, аз пас наздик шуда, ба домани либоси Ӯ даст расонд.
21
Зеро ба дили худ гуфт: «Агар танҳо ба либоси Ӯ даст расонам, шифо меёбам».
22
Исо ба қафо нигоҳ карда, занро дид ва гуфт: «Хотирҷамъ бош, эй духтар! Имонат туро шифо бахшид». Ҳамон соат зан шифо ёфт.
23
Ва ҳангоме ки Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва тӯдаи мардуми навҳакунандаро дид,
24
ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо бароед; чунки духтар намурдааст, балки хобидааст». Онҳо бар Ӯ хандиданд.
25
Чун тӯдаи мардум берун рафт, Ӯ даромада, дасти вайро гирифт, ва духтар бархест.
26
Ва овозаи ин дар тамоми он сарзамин паҳн шуд.
27
Ҳангоме ки Исо аз он ҷо мерафт, ду кӯр аз пайи Ӯ рафта, фарёд мезаданд: «Эй Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
28
Ва чун ба хона расид, кӯрон назди Ӯ даромаданд. Исо ба онҳо гуфт: «Оё бовар мекунед, ки Ман ин корро карда метавонам?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Оре, эй Хоҷа!»
29
Он гоҳ ба чашмони онҳо даст расонда, гуфт: «Мувофиқи имонатон ба шумо шавад».
30
Ва чашмони онҳо кушода шуданд. Ва Исо онҳоро таъкид карда, гуфт: «Огоҳ бошед, ки касе аз ин хабардор нашавад».
31
Лекин онҳо берун рафта, овозаи Ӯро дар тамоми он сарзамин паҳн карданд.
32
Ва ҳангоме ки онҳо берун мерафтанд, касеро назди Ӯ оварданд, ки девзадаи гунг буд.
33
Ва чун дев берун карда шуд, гунг ба гап даромад. Ва мардум ҳайрон шуда, гуфтанд: «Чунин ҳодиса дар Исроил ҳаргиз дида нашудааст».
34
Лекин фарисиён гуфтанд: «Ӯ девҳоро ба воситаи сарвари девҳо берун мекунад».
35
Ва Исо дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳот гашта, дар куништҳои онҳо таълим медод, ва Инҷили Подшоҳиро мавъиза мекард ва ҳар беморӣ ва сустии мардумро шифо медод.
36
Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон беҳол ва дармонда буданд.
37
Он гоҳ ба шогирдони Худ гуфт: «Дарав бисёр аст, лекин коргарон кам.
38
Пас, шумо аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад».
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28