bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 6
Matthew 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
1
«Ҳушёр бошед, ки садақаи худро пеши назари одамон надиҳед, то онҳо шуморо бинанд; вагарна шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, подоше надоред.
2
Пас, ҳангоме ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки дурӯягон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то одамон онҳоро ситоиш кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд.
3
Аммо ҳангоме ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад,
4
то садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро сазо медиҳад.
5
Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди дурӯягон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва сари кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба одамон худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд.
6
Лекин ту, ҳангоме ки дуо мегӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро сазо медиҳад.
7
Ва дар вақти дуо чун бутпарастон пургӯӣ накунед; чунки онҳо гумон мекунанд, ки ба сабаби пургӯӣ дуояшон шунида мешавад.
8
Монанди онҳо набошед; чунки Падари шумо эҳтиёҷҳои шуморо, пеш аз он ки хоҳиш кунед, медонад.
9
Пас ин гуна дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, Номи Ту муқаддас бод;
10
Подшоҳии Ту биёяд; Хости Ту, чунон ки дар осмон аст, Дар замин ҳам ба амал ояд;
11
Нони ҳаррӯзаи моро имрӯз ба мо деҳ;
12
Ва гуноҳҳои моро бубахш, Чунон ки мо низ ба онҳое ки ба мо гуноҳ кардаанд, мебахшем;
13
Ва моро ба озмоиш дучор накун, Балки моро аз шарир раҳоӣ деҳ; Зеро Подшоҳӣ ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин”».
14
Зеро, агар шумо ба одамон хатоҳошонро бахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ мебахшад;
15
ва агар шумо ба одамон хатоҳошонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо намебахшад.
16
Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди дурӯягон туршрӯ набошед; чунки онҳо чеҳраи худро дигаргун мекунанд, то назди одамон рӯзадор намоянд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо подоши худро гирифтаанд.
17
Лекин ту, ҳангоме ки рӯза медорӣ, ба сари худ равған бимол ва рӯи худро бишӯй,
18
то на дар пеши одамон, балки дар пеши Падари худ, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту сазо медиҳад.
19
Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд;
20
балки барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд;
21
зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо мешавад.
22
Чароғи бадан чашм аст. Ва агар чашмат нек бошад, тамоми баданат равшан мешавад;
23
лекин агар чашми ту бад бошад, тамоми баданат торик мешавад. Пас, агар рӯшноие ки дар туст, торикӣ бошад, чӣ гуна бузург аст он торикӣ!
24
Ҳеҷ кас бандаи ду хоҷа буда наметавонад: зеро ё якеро бад дида, дигареро дӯст медорад, ё ба яке часпида, дигареро хор мешуморад. Шумо наметавонед бандаи Худо ва бандаи пул бошед.
25
Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои зиндагии худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ хӯред ва чӣ нӯшед; низ барои бадани худ, ки чӣ пӯшед. Оё зиндагӣ аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар нест?
26
Ба парандагони осмон нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари осмонии шумо хӯроки онҳоро медиҳад. Оё шумо аз онҳо хеле арзандатар нестед?
27
Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ умрашро як соат дарозтар карда тавонад?
28
Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро нигаред, ки чӣ гуна мерӯянд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд.
29
Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми шукӯҳи худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст.
30
Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин пӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳо, аз он беҳтар пӯшонда наметавонад!
31
Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ хӯрем? ” ё “Чӣ нӯшем? ” ё “Чӣ пӯшем? ”
32
Зеро халқҳо дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари осмонии шумо медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред.
33
Аммо аввал дар пайи Подшоҳии Худо ва ростии Ӯ бошед, ва ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешаванд.
34
Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, чунки фардо барои худ ғамхорӣ мекунад: мушкилоти имрӯз барои имрӯз бас аст».
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28