bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 10
Matthew 10
Tajik NT 1999
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 11 →
1
Ва дувоздаҳ шогирдашро назди Худ хонда, ба онҳо бар рӯҳҳои нопок қудрат дод, то онҳоро берун кунанд ва ҳар беморӣ ва нотобиро шифо диҳанд.
2
Ва номҳои дувоздаҳ расул инҳоянд: аввал Шимъун, ки Петрус номида шуда буд, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ибни Забдой ва бародараш Юҳанно,
3
Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои боҷгир, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Лаббой, ки лақабаш Таддо буд,
4
Шимъуни Ғаюр ва Яҳудои Исқарютӣ, ки Ӯро таслим кард.
5
Ин дувоздаҳро Исо фиристод ва ба онҳо фармуда, гуфт: «Ба роҳи ғайрияҳудиён наравед ва ба шаҳри сомариён надароед;
6
балки назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил равед.
7
Ва чун меравед, мавъиза карда, гӯед, ки Подшоҳии Осмон наздик аст.
8
Беморонро шифо диҳед, махавиёнро пок кунед, девҳоро берун кунед; муфт ёфтаед, муфт диҳед.
9
Дар камарбанди худ тилло ё нуқра ё мис захира накунед,
10
ва барои сафар на тӯрбае дошта бошед, на ду пероҳан, на пойафзол ва на асо; зеро меҳнаткаш сазовори хӯроки худ аст.
11
Ва дар ҳар шаҳр ё деҳа, ки медароед, пурсед, ки дар он ҷо шахси шоиста кист, ва то вақти баромаданатон дар он ҷо монед.
12
Ҳангоме ки ба хонае медароед, салом гӯед;
13
агар аҳли он хона шоиста бошанд, саломи шумо бар онҳо қарор мегирад; ва агар шоиста набошанд, саломатон сӯи шумо бармегардад.
14
Ва агар касе шуморо қабул накунад, ва ба суханони шумо гӯш надиҳад, аз он хона ва ё шаҳр берун рафта, чанги пойҳои худро афшонед.
15
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амуро дар рӯзи доварӣ аз ҳолати он шаҳр сабуктар мешавад.
16
Инак, Ман шуморо монанди гӯсфандон ба миёни гургон мефиристам. Пас, монанди морон зирак ва монанди кабӯтарон сода бошед.
17
Лекин аз одамон эҳтиёт бошед: зеро шуморо ба додгоҳҳо месупоранд ва дар куништҳои худ шуморо қамчинкорӣ мекунанд;
18
ва ба хотири Ман шуморо назди ҳокимону подшоҳон мебаранд, то барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад.
19
Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд гӯед; зеро дар он соат ба шумо ато мешавад, ки чӣ бояд гуфт.
20
Зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст.
21
Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг месупорад; ва фарзандон бар зидди падарону модарон бархеста, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.
22
Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад.
23
Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре гурезед; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: пеш аз он ки ҳамаи шаҳрҳои Исроилро тай кунед, Писари Одам меояд.
24
Шогирд аз устоди худ ва ғулом аз хоҷаи худ беҳтар нест:
25
Басанда аст, ки шогирд чун устоди худ бошад, ва ғулом чун хоҷаи худ бошад. Агар соҳиби хонаро Баал-Забул номида бошанд, аҳли хонаи вайро чӣ қадар зиёдтар меноманд.
26
Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
27
Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ гӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.
28
Ва аз онҳое ки ҷисмро мекушанд ва ҷонро кушта наметавонанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки ҳам ҷисм ва ҳам ҷонро дар дӯзах нобуд карда метавонад.
29
Оё ду гунҷишк ба як тин фурӯхта намешаванд? Ва ҳеҷ яке аз онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;
30
ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудаанд.
31
Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон арзандатар ҳастед.
32
Пас, ҳар кӣ Маро назди одамон эътироф кунад, Ман низ ӯро назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф мекунам.
33
Лекин, ҳар кӣ Маро назди одамон инкор кунад, Ман низ ӯро назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор мекунам.
34
Гумон накунед, ки омадаам, то осоиш ба замин биёрам; наомадаам ки осоиш биёрам, балки шамшер;
35
чунки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам.
36
Ва душмани одам аҳли хонаи ӯ мешаванд.
37
Ҳар кӣ падар ё модарашро аз Ман бештар дӯст медорад, шоистаи Ман нест; ва ҳар кӣ писар ё духтарашро аз Ман бештар дӯст медорад, шоистаи Ман нест;
38
ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, шоистаи Ман нест.
39
Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ мекунад.
40
Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад.
41
Ҳар кӣ пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул кунад, подоши пайғамбарро меёбад; ва ҳар кӣ росткорро ба хотири росткор буданаш қабул кунад, подоши росткорро меёбад.
42
Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як коса оби сард нӯшонад, чунки номи шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе подош намемонад.
← Chapter 9
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 11 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28