bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 24
Matthew 24
Tajik NT 1999
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 25 →
1
Ва Исо аз ибодатгоҳ баромада, равон шуд. Ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд, то иморатҳои ибодатгоҳро ба Ӯ нишон диҳанд.
2
Исо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи инҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ин ҷо санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад».
3
Ва ҳангоме ки Ӯ бар кӯҳи Зайтун нишаста буд, шогирдонаш ба танҳоӣ назди Ӯ омада, пурсиданд: «Моро огоҳ кун, ки ин кай рӯй медиҳад? Ва аломати омадани Ту ва охири ин давра чӣ гуна аст?»
4
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
5
зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки “ман Масеҳ ҳастам”, ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
6
Ҳамчунин ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро мешунавед. Огоҳ бошед, натарсед; чунки ҳамаи ин бояд рӯй диҳад; лекин ин ҳанӯз поёни кор нест.
7
Чунки халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад, ва дар ҳар ҷо гуруснагиҳо, вабоҳо ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд.
8
Аммо ҳамаи инҳо саршавии дардҳои зоиш мебошанд.
9
Он гоҳ шуморо ба шиканҷаҳо супурда, мекушанд; ва ҳамаи халқҳо барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд.
10
Дар он замон бисёр касон ба васваса меафтанд, ва якдигарро таслим мекунанд ва ба якдигар кина меварзанд.
11
Ва бисёр пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, мардуми зиёдро гумроҳ мекунанд;
12
ва ба сабаби афзудани бадӣ, муҳаббати бисёр касон сард мешавад.
13
Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот меёбад.
14
Ва ин Инҷили Подшоҳӣ дар тамоми ҷаҳон мавъиза карда мешавад, то барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ поёни кор фаро мерасад.
15
Пас, чун зиштии харобиро, ки Дониёли пайғамбар ба забон овардааст, дар ҷои муқаддас бар по бинед, — ҳар кӣ хонад, диққат диҳад, —
16
он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
17
ва ҳар кӣ бар бом бошад, барои гирифтани чизе аз хонаи худ поён нафурояд;
18
ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
19
Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо!
20
Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон ва ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад;
21
зеро дар он рӯзҳо чунон мусибати бузурге мешавад, ки аз ибтидои ҷаҳон то ҳол нашудааст, ва бори дигар намешавад.
22
Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ кас наҷот намеёфт; лекин аз барои интихобшудагон он айём кӯтоҳ мешавад.
23
Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: “Инак, Масеҳ дар ин ҷост” ё “дар он ҷост”, бовар накунед;
24
зеро масеҳони дурӯғин ва пайғамбарони дурӯғин ба майдон омада, аломатҳо ва муъҷизаҳои бузурге нишон медиҳанд, то ки, агар мумкин бошад, интихобшудагонро низ гумроҳ кунанд.
25
Инак, Ман пешакӣ ба шумо гуфтам.
26
Пас, агар ба шумо гӯянд: “Инак, дар биёбон аст”, — берун наравед; “инак, дар ҳуҷра аст”, — бовар накунед.
27
Зеро, чунон ки барқ дар шарқ падид омада, дар ғарб ҳам намудор мегардад, омадани Писари Одам чунин мешавад.
28
Зеро ҳар ҷо, ки лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд.
29
Ва фавран, пас аз мусибати он рӯзҳо, офтоб хира мешавад, ва моҳ рӯшноии худро намедиҳад, ва ситорагон аз осмон фурӯ мерезанд, ва қувваҳои осмон ба ларза меоянд.
30
Он гоҳ аломати Писари Одам дар осмон намудор мешавад; ва он гоҳ ҳамаи қабилаҳои рӯи замин навҳа мекунанд ва Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абрҳо меояд.
31
Ва фариштаҳои Худро бо карнайи баландовоз мефиристад, ва онҳо интихобшудагони Ӯро аз чор тараф, аз як канори осмон то канори дигараш гирд меоваранд.
32
Акнун аз дарахти анҷир масал омӯзед: чун шохааш нарм шуда, барг бароварад, медонед, ки тобистон наздик аст.
33
Ҳамчунин шумо чун ҳамаи ин чизҳоро мебинед, донед, ки наздик аст, назди дар аст.
34
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад.
35
Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
36
Аммо он рӯзу соатро, ғайр аз Падари Ман, ҳеҷ кас намедонад, ҳатто фариштаҳои осмон намедонанд.
37
Чунон ки дар айёми Нӯҳ буд, дар омадани Писари Одам низ чунин мешавад.
38
Зеро, чунон ки дар айёми пеш аз тӯфон, то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва шавҳар мекарданд,
39
ва чизе намефаҳмиданд, то даме ки тӯфон омада, ҳамаро бо худ бурд, — омадани Писари Одам низ чунин мешавад.
40
Он вақт аз ду нафаре ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад;
41
ва аз ду зане ки бо дастос машғуланд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад.
42
Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Худованди шумо дар кадом соат меояд.
43
Ҳаминро донед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом поси шаб дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки девори хонаашро сӯрох кунад.
44
Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд.
45
Пас он ғуломи бовафо ва доно кист, ки хоҷааш вайро бар хизматгорони худ таъйин карда бошад, то ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
46
Хушо он ғуломе ки хоҷааш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад.
47
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъйин мекунад.
48
Лекин агар он ғулом бадкирдор бошад ва дар дили худ гӯяд, ки “хоҷаи ман ба зудӣ намеояд”,
49
ва ба задани ғуломони дигар сар кунад ва бо бадмастон ба хӯрдан ва нӯшидан машғул шавад,
50
хоҷаи он ғулом дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, меояд,
51
ва ӯро ду пора карда, насибашро бо дурӯягон баробар мекунад: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад».
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28