bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 17
Matthew 17
Tajik NT 1999
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 18 →
1
Пас аз шаш рӯз Исо Петрус, Яъқуб ва бародари вай Юҳанноро ҳамроҳи Худ бурд ва онҳоро танҳо ба кӯҳи баланде баровард
2
ва дар пеши назари онҳо дигаргун шуд: чеҳрааш чун офтоб дурахшид, ва либосаш чун нур сафед гардид.
3
Ва инак, Мусо ва Илёс ба онҳо намоён шуданд, ки бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд.
4
Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Дар ин ҷо будани мо некӯст; агар хоҳӣ, дар ин ҷо се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс».
5
Ҳанӯз вай сухан мегуфт ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам; Ӯро гӯш кунед».
6
Чун шогирдон инро шуниданд, рӯй ба замин афтоданд ва бисёр тарсиданд.
7
Лекин Исо наздик омада, ба онҳо даст расонд ва гуфт: «Бархезед ва натарсед».
8
Ва онҳо чашмони худро кушода, ғайр аз Исо касеро надиданд.
9
Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон барнахезад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».
10
Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро китобдонон мегӯянд, ки Илёс бояд аввал биёяд?»
11
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Дуруст аст, ки Илёс аввал меояд ва ҳама чизро соз мекунад;
12
лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омад, ва онҳо вайро нашинохтанд, ва бо вай он чи хостанд, карданд. Писари Одам низ аз дасти онҳо азоб хоҳад дид».
13
Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда ба онҳо сухан мегуфт.
14
Чун онҳо назди тӯдаи мардум омаданд, марде пеш омада, назди Ӯ зону зад,
15
ва гуфт: «Хоҷаам! Ба писари ман марҳамат кун; вай бемории шабгардӣ дорад ва сахт азоб мекашад, чунки тез-тез ба оташ ё ба об меафтад.
16
Вайро назди шогирдони Ту овардам, онҳо шифо дода натавонистанд».
17
Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».
18
Ва Исо ба вай фармуд, ва дев аз вай берун рафт; ва он писар дарҳол шифо ёфт.
19
Шогирдонаш назди Исо омада, ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо онро берун карда натавонистем?»
20
Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардал имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ гӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч мекунад, ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нест.
21
Лекин ин ҷинс танҳо ба воситаи дуо ва рӯза берун меравад».
22
Ҳангоме ки онҳо дар Ҷалил мегаштанд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одам ба дасти одамон супурда мешавад,
23
ва Ӯро мекушанд, ва дар рӯзи сеюм бармехезад». Ва онҳо бисёр ғамгин шуданд.
24
Чун онҳо ба Кафарнаҳум расиданд, ҷамъкунандагони андози ибодатгоҳ назди Петрус омада, гуфтанд: «Оё Устоди шумо ду дирҳамро намедиҳад?»
25
Гуфт: «Ҳа». Ва чун ба хона даромад, пеш аз он ки чизе гӯяд, Исо ба вай гуфт: «Эй Шимъун, фикри ту чист? Подшоҳони ҷаҳон боҷ ва андоз аз киҳо мегиранд? Аз фарзандони худ ё аз бегонагон?»
26
Петрус ба Ӯ гуфт: «Аз бегонагон». Исо ба вай гуфт: «Пас фарзандон озоданд.
27
Лекин барои он ки онҳоро норозӣ накунем, ба соҳили кӯл рафта, шаст андоз, ва аввалин моҳиро, ки банд шуд, гир; ва даҳонашро кушода, тангае меёбӣ; онро гирифта, барои Ман ва барои худат ба онҳо деҳ».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28