bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 26
Matthew 26
Tajik NT 1999
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 27 →
1
Чун Исо ҳамаи ин суханонро ба поён расонд, ба шогирдони Худ гуфт:
2
«Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз иди Песаҳ аст, ва Писари Одам таслим карда мешавад, то ба салиб кашида шавад».
3
Он гоҳ сардорони коҳинон ва китобдонон ва пирони қавм дар ҳавлии саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ омаданд,
4
ва машварат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, кушанд.
5
Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо мардум ба шӯр оянд».
6
Ва ҳангоме ки Исо дар Байт-Анё дар хонаи Шимъуни махавӣ буд,
7
зане бо зарфи гаҷине пур аз равғани хушбӯйи гаронбаҳо назди Ӯ омад ва дар ҳолате ки Ӯ дар сари дастархон нишаста буд, бар сари Ӯ рехт.
8
Ва шогирдонаш, чун инро диданд, норозӣ шуда, гуфтанд: «Ин исрофкорӣ барои чист?
9
Зеро равғани хушбӯйро ба нархи баланд фурӯхта, ба камбағалон додан мумкин буд».
10
Лекин Исо инро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро занро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард;
11
зеро камбағалон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
12
Вай ин равғани хушбӯйро бар бадани Ман рехта, Маро барои гӯрондан тайёр кард.
13
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр меёбад».
14
Он гоҳ яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудои Исқарютӣ ном дошт, пеши сардорони коҳинон рафт
15
ва гуфт: «Ба ман чӣ медиҳед, то Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ тангаи нуқра пешниҳод карданд.
16
Ва аз он дам вай фурсат меҷуст, ки Ӯро таслим кунад.
17
Дар рӯзи аввали иди Фатир шогирдон назди Исо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ Песаҳро барои хӯрдани Ту тайёр кунем?»
18
Гуфт: «Ба шаҳр назди фалонӣ равед ва гӯед: “Устод мегӯяд: вақти Ман наздик аст, ва Песаҳро бо шогирдони Худ дар хонаи ту мегузаронам”».
19
Ва шогирдон он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд, ва Песаҳро тайёр карданд.
20
Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ дар сари дастархон нишаст.
21
Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим мекунад».
22
Онҳо бисёр ғамгин шуданд ва паси ҳамдигар ба Ӯ мегуфтанд: «Хоҷаам, оё он манам?»
23
Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Он ки бо Ман даст ба табақ меандозад, ҳамон кас Маро таслим мекунад.
24
Албатта Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намешуд».
25
Дар ҷавоб Яҳудо, ки таслимкунандаи Ӯ буд, гуфт: «Эй Устод, оё ин манам?» Ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ».
26
Ва ҳангоме ки хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба шогирдон доду гуфт: «Гиред, хӯред, ин бадани Ман аст».
27
Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дода, гуфт: «Ҳама аз ин нӯшед;
28
зеро ин аст хуни Ман аз аҳди нав, ки барои бисёр касон баҳри бахшидани гуноҳҳо рехта мешавад.
29
Аммо ба шумо мегӯям, ки минбаъд аз ин шираи ангур наменӯшам, то ҳамон рӯзе ки дар Подшоҳии Падари Худ онро бо шумо нав нӯшам».
30
Ва суруд хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
31
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб Маро тарк мекунед, чунки навишта шудааст: «Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд».
32
Аммо пас аз растохезам, пеш аз шумо ба Ҷалил меравам».
33
Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ҳама Туро тарк кунанд ҳам, ман ҳаргиз тарк намекунам».
34
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ».
35
Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, Туро инкор намекунам». Шогирдони дигар низ ҳаминро гуфтанд. Ҷатсимонӣ
36
Пас аз ин Исо бо онҳо ба маконе ки Ҷатсимонӣ ном дошт, омад, ва ба шогирдон гуфт: «Дар ин ҷо шинед, то дар он ҷо дуо гӯям».
37
Ва Петрус ва ҳар ду писари Забдойро бо Худ бурд; ва хеле ғамгин ва дилтанг шуд.
38
Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман аз шиддати ғам наздик ба марг аст; дар ин ҷо монед ва бо Ман бедор бошед».
39
Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман гузарад; лекин на хости Ман, балки хости Ту шавад».
40
Ва назди шогирдон омада, онҳоро хобида ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Оё натавонистед соате бо Ман бедор бошед?
41
Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон».
42
Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро нӯшам, аз ман гузарад, пас он чи хости Туст, шавад».
43
Ва омада, боз онҳоро хобида ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буданд.
44
Ва онҳоро гузошта, боз рафт ва бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт.
45
Он гоҳ назди шогирдонаш омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Инак, соат расидааст, ва Писари Одам ба дасти гуноҳкорон супурда мешавад.
46
Бархезед, равем; инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
47
Ва ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисёре аз ҷониби сардорони коҳинон ва пирони қавм бо шамшеру калтакҳо омаданд.
48
Таслимкунандаи Ӯ ишорае ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бӯсам, Ӯ ҳамон аст, Ӯро дастгир кунед».
49
Ва дарҳол назди Исо омада, гуфт: «Салом, эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
50
Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро бар Исо андохтанд, ва Ӯро гирифтанд.
51
Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст ба шамшер бурда, онро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурид.
52
Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, аз шамшер мемурад.
53
Ё гумон мекунӣ, ки ҳоло наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштаҳоро равона кунад?
54
Лекин дар он сурат /гуфтаҳои/ Китоб чӣ гуна ба амал меоянд, ки ҳамин тавр бояд шавад?»
55
Дар ҳамон соат Исо ба мардум гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед. Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ нишаста, таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед.
56
Лекин ин ҳама шуд, то ки навиштаҳои пайғамбарон ба амал оянд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон Ӯро вогузошта, гурехтанд.
57
Ва онҳое ки Исоро дастгир карданд, Ӯро назди саркоҳин Қаёфо оварданд, ки дар он ҷо китобдонон ва пирон ҷамъ омада буданд.
58
Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз пайи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо нигаҳбонон нишаст, то анҷоми корро бинад.
59
Сардорони коҳинон ва пирон ва тамоми шӯро дар ҷустуҷӯи гувоҳии бардурӯғе бар зидди Исо буданд, то Ӯро кушанд.
60
Лекин наёфтанд; бо вуҷуди он ки бисёр гувоҳони дурӯғин омада буданд, ҳеҷ наёфтанд. Дар охир, ду гувоҳи дурӯғин омада,
61
гуфтанд: «Ӯ мегуфт: “Метавонам ибодатхонаи Худоро вайрон кунам ва дар се рӯз онро аз нав созам”».
62
Ва саркоҳин бархеста, ба Ӯ гуфт: «Ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?»
63
Аммо Исо хомӯш монд. Ва саркоҳин ба Ӯ гуфт: «Туро ба Худои зинда қасам медиҳам, ба мо гӯй, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?»
64
Исо ба вай гуфт: «Ту гуфтӣ. Аммо Ман ба шумо мегӯям: пас аз ин Писари Одамро мебинед, ки аз дасти рости Қудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
65
Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро даронда, гуфт: «Ӯ куфр гуфт! Дигар ба гувоҳон чӣ эҳтиёҷ дорем? Инак, акнун шумо куфри Ӯро шунидед!
66
Чӣ фикр доред?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Сазовори марг аст».
67
Он гоҳ ба рӯи Ӯ туф мекарданд, ва Ӯро мезаданд; баъзеҳо Ӯро торсакӣ мезаданд
68
ва мегуфтанд: «Эй Масеҳ, ба мо пайғамбарӣ кун, кӣ Туро задааст?»
69
Аммо Петрус дар берун, дар рӯи ҳавлӣ нишаста буд. Ва канизе назди вай омада, гуфт: «Ту низ бо Исои ҷалилӣ будӣ».
70
Лекин вай дар назди ҳамаи онҳо инкор карда, гуфт: «Намедонам, чӣ мегӯӣ».
71
Ҳангоме ки аз дарвоза берун мерафт, канизи дигаре вайро дида, ба онҳое ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин ҳам бо Исои Носирӣ буд».
72
Вай бори дигар инкор карда, қасам хӯрд, ки он одамро намешиносад.
73
Пас аз муддате онҳое ки истода буданд, наздик омада, ба Петрус гуфтанд: «Ба ростӣ ту низ яке аз онҳо мебошӣ, зеро аз лаҳҷаат аён аст».
74
Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он одамро намешиносам». Ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.
75
Ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ». Ва берун рафта, зор-зор гирист.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28