bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 18
Matthew 18
Tajik NT 1999
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 19 →
1
Дар он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Кӣ дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст?»
2
Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт,
3
ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар сӯи Худо бознагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Подшоҳии Осмон намедароед.
4
Пас, ҳар кӣ худро монанди ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст;
5
ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад.
6
Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба Ман имон доранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, дар қаъри баҳр ғарқ кунанд.
7
Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо; зеро васвасаҳо ҳатман рӯй медиҳанд, лекин вой бар ҳоли он касе ки сабаби васваса гардад.
8
Пас, агар дастат ё поят туро ба васваса андозад, онҳоро бурида, аз худ дур парто; барои ту беҳтар аст, ки ланг ва ё шал шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду даст ва бо ду по дар оташи абадӣ партофта шавӣ.
9
Ва агар чашмат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур парто; барои ту беҳтар аст, ки якчашма шуда ба ҳаёт дароӣ, аз ин ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ.
10
Огоҳ бошед, ки ҳеҷ яке аз ин хурдонро хор нашуморед; чунки ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
11
Зеро Писари Одам омадааст, то гумшударо наҷот диҳад.
12
Фикри шумо чист? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад, ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нӯҳро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи он як гумшуда намеравад?
13
Ва агар чунин шавад, ки онро ёбад, ба ростӣ ба шумо мегӯям: барои он яке бештар шодӣ мекунад, аз он ки барои он наваду нӯҳ гумнашуда.
14
Ба ҳамин тариқ, хости Падари шумо, ки дар осмон аст, ин нест, ки яке аз ин хурдон нобуд шавад.
15
Агар бародарат ба ту гуноҳ кунад, рафта байни худат ва ӯ ба танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон: агар ба сухани ту гӯш диҳад, бародари худро дарёфтӣ;
16
ва агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ гир, то аз забони ду ё се гувоҳ ҳар сухан тасдиқ шавад.
17
Ва агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба ҷамоат гӯй; ва агар ба ҷамоат низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту чун бутпараст ва ё чун боҷгир бошад.
18
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо бар замин бандед, дар осмон баста мешавад; ва он чи бар замин кушоед, дар осмон кушода мешавад.
19
Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи хоҳиш кардани ҳар чиз бо ҳам розӣ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида мешавад.
20
Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба номи Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
21
Он гоҳ Петрус назди Ӯ омада, гуфт: «Хоҷаам! Чанд бор бародари худро, ки нисбати ман гуноҳ карда бошад, бахшам? Оё то ҳафт бор?»
22
Исо ба вай гуфт: «Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод бор ҳафт.
23
Аз ин рӯ Подшоҳии Осмон монанди подшоҳест, ки мехост бо ғуломони худ ҳисобӣ кунад.
24
Ҳангоме ки ба ҳисобӣ намудан сар кард, якеро назди вай оварданд, ки даҳ ҳазор талант аз вай қарз дошт.
25
Чун чизе барои адои қарз надошт, хоҷааш фармуд, ки худаш, занаш, фарзандонаш ва ҳамаи дороияшро фурӯхта, қарзашро адо кунанд.
26
Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: “Хоҷаам! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо мекунам”.
27
Ва хоҷаи он ғулом, раҳмаш омада, вайро озод кард ва қарзашро ба вай бахшид.
28
Лекин чун он ғулом берун рафт, яке аз рафиқони худро ёфт, ки аз ӯ сад динор қарздор буд; вайро сахт дошта ва гулӯяшро фишурда, гуфт: “Он қарзатро ба ман адо кун”.
29
Он рафиқаш ба пойҳои ӯ афтода ва илтимос намуда, гуфт: “Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ба ту адо мекунам”.
30
Аммо ӯ розӣ нашуд, балки рафта, вайро ба зиндон партофт, то даме ки қарзашро адо кунад.
31
Чун рафиқонаш ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди хоҷаи худ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд.
32
Он гоҳ хоҷааш ӯро назди худ даъват намуда, гуфт: “Эй ғуломи бадкор! Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, чунки ту аз ман илтимос кардӣ;
33
оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ марҳамат кунӣ, чунон ки ман ба ту марҳамат кардам? ”
34
Ва хоҷааш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то даме ки тамоми қарзашро адо кунад.
35
Ҳамин тавр Падари осмонии Ман бо шумо низ амал мекунад, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими дил набахшад».
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28