bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 27
Matthew 27
Tajik NT 1999
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 28 →
1
Чун бомдод расид, ҳамаи сардорони коҳинон ва пирони қавм дар бораи Исо машварат карданд, ки Ӯро кушанд.
2
Ва Ӯро баста бурданд ва ба ҳоким Понтиюс Пилотус супурданд.
3
Таслимкунандаи Ӯ, Яҳудо, чун дид, ки Ӯро маҳкум карданд, пушаймон шуд ва сӣ тангаи нуқраро ба сардорони коҳинон ва пирон гардонда дод,
4
ва гуфт: «Ман гуноҳ кардам, ки хуни бегуноҳро таслим кардам». Онҳо ба вай гуфтанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ».
5
Ва тангаҳои нуқраро вай дар ибодатхона партофта, баромада рафт ва худро овехта кушт.
6
Лекин сардорони коҳинон тангаҳои нуқраро гирифта, гуфтанд: «Инро ба ганҷинаи ибодатгоҳ андохтан раво нест, чунки ин хунбаҳост».
7
Ва машварат карда, ба ин пул киштзори кӯзагарро барои гӯристони ғарибон харида гирифтанд.
8
Ба ин сабаб он киштзор то имрӯз “Киштзори хун” номида мешавад.
9
Он гоҳ каломе ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст, ба амал омад: “Онҳо сӣ тангаи нуқраро гирифтанд, яъне арзиши Он нархмондашудаеро ки банӣ-Исроил ба Ӯ гузоштанд.
10
Ва онро барои киштзори кӯзагар доданд, чунон ки Худованд ба ман гуфт”.
11
Исо бошад дар назди ҳоким истода буд. Ва ҳоким аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай гуфт: «Ту мегӯӣ».
12
Ҳангоме ки сардорони коҳинон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавоб намедод.
13
Он гоҳ Пилотус ба Ӯ гуфт: «Оё намешунавӣ, чӣ қадар зидди Ту гувоҳӣ медиҳанд?»
14
Лекин дар ҷавоби вай сухане ҳам нагуфт, ба тавре ки ҳоким бисёр ҳайрон монд.
15
Ҳоким одат дошт, ки ба муносибати ид як бандиро, ки мехостанд, барои мардум озод мекард.
16
Дар он вақт дар он ҷо бандии машҳуре буд, ки Бараббо ном дошт.
17
Пас, ҳангоме ки онҳо ҷамъ шуданд, Пилотус ба онҳо гуфт: «Киро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам: Барабборо, ё Исоро, ки Масеҳ меноманд?»
18
Зеро медонист, ки Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.
19
Ҳангоме ки бар курсии доварӣ нишаста буд, занаш кас фиристода, гуфт: «Бо он росткор туро коре набошад, чунки имрӯз дар хоб аз боиси Ӯ заҳмати бисёре кашидам».
20
Лекин сардорони коҳинон ва пирон мардумро барангехта буданд, ки озодии Бараббо ва марги Исоро хоҳанд.
21
Пас ҳоким ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Аз ин ду кадомашро мехоҳед, ки барои шумо озод кунам?» Онҳо гуфтанд: «Барабборо».
22
Пилотус ба онҳо гуфт: «Пас бо Исо, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» Ҳама ба ӯ гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш!»
23
Ҳоким гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарёд заданд: «Ӯро ба салиб каш!»
24
Пилотус чун дид, ки ҳеҷ гап фоида надорад, балки ошӯб бештар мегардад, об хост ва дасти худро дар назди мардум шуст ва гуфт: «Ман аз хуни ин росткор бегуноҳ ҳастам; худатон донед».
25
Тамоми қавм дар ҷавоб гуфт: «Хуни Ӯ бар гардани мо ва фарзандони мо бошад».
26
Пас Барабборо барои онҳо озод кард, ва фармуд Исоро тозиёна зананд, ва Ӯро барои ба салиб кашидан супурд.
27
Он гоҳ сарбозони ҳоким Исоро ба сарбозхона бурда, тамоми фавҷро гирди Ӯ ҷамъ оварданд;
28
ва либоси Ӯро кашида, ҷомаи қирмизӣ ба Ӯ пӯшонданд.
29
Ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш гузоштанд ва чӯбе ба дасти рости Ӯ доданд; ва назди Ӯ зону зада, масхаракунон гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!»
30
Ва бар Ӯ туф мекарданд ва чӯбро гирифта, бар сараш мезаданд.
31
Пас аз он ки Ӯро хеле масхара карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то ба салиб кашанд.
32
Чун берун рафтанд, Шимъун ном шахси қайравониро дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.
33
Ва чун ба ҷое ки Ҷолҷолто, яъне “Ҷои косахонаи сар” ном дошт, расиданд,
34
сиркои бо заҳра омехтае барои нӯшиданаш доданд; лекин чун чашид, нӯшидан нахост.
35
Ононе ки Ӯро ба салиб кашиданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд.
36
Ва дар он ҷо нишаста, Ӯро посбонӣ карданд.
37
Ва айбномае болои сари Ӯ овехтанд, ки чунин буд: «Ин аст Исо, Подшоҳи яҳудиён».
38
Бо Ӯ ду роҳзанро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ.
39
Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар ҷунбонда,
40
мегуфтанд: «Ту ки ибодатхонаро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месозӣ, худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!»
41
Ҳамчунин сардорони коҳинон бо китибдонону пирону фарисиён Ӯро масхара карда, мегуфтанд:
42
«Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад! Агар Ӯ Подшоҳи Исроил бошад, акнун аз салиб фуруд ояд, то ба Ӯ имон оварем.
43
Ба Худо боварӣ дошт: акнун Ӯро раҳо кунад, агар дӯсташ медорад. Зеро Ӯ гуфта буд: “Ман Писари Худо ҳастам”».
44
Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ ба салиб кашида шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
45
Ва аз соати шаш бар тамоми рӯи замин то соати нӯҳ торикӣ фаро расид.
46
Ва наздик ба соати нӯҳ Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Лама шабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»
47
Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Ӯ Илёсро ҷеғ мезанад».
48
Дарҳол яке аз онҳо шитобон исфанҷеро гирифта, аз сирко пур кард ва бар сари най гузошта, наздики даҳони Ӯ бурд, то нӯшад.
49
Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс меояд, то Ӯро наҷот диҳад».
50
Аммо Исо боз бо овози баланд фарёд зада, ҷон дод.
51
Ва инак, пардаи ибодатхона аз боло то поён дарида, ду пора шуд, ва замин ҷунбид, ва сангҳо шикофта шуданд.
52
Ва қабрҳо кушода шуданд; ва бисёр ҷасадҳои муқаддасон, ки оромида буданд, бархестанд,
53
ва пас аз растохези Ӯ аз қабрҳо баромада, ба шаҳри муқаддас рафтанд ва ба бисёр касон намоён шуданд.
54
Мирисад ва онҳое ки бо вай Исоро посбонӣ мекарданд, ҷунбиши замин ва рӯйдодҳои дигарро дида, сахт тарсиданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ӯ Писари Худо буд».
55
Ҳамчунин занони бисёре ки аз Ҷалил аз пайи Исо омада буданд, ва ба Ӯ хизмат мекарданд, дар он ҷо истода, аз дур нигоҳ мекарданд;
56
дар миёни онҳо Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб ва Юсӣ буд, ва модари писарони Забдой низ буданд. Қабри,,,,\ Исо
57
Ва чун бегоҳ шуд, Юсуф ном давлатманде ки аз Ромо ва низ аз шогирдони Исо буд, омад.
58
Ва назди Пилотус рафта, ҷасади Исоро хоҳиш кард. Пилотус фармон дод, ки дода шавад.
59
Юсуф ҷасадро гирифта, ба катони тозае печонд.
60
Ва онро дар қабри наве ки дар санг барои худ тарошида буд, гузошт ва санги калонеро бар даҳанаи қабр ғелонда, рафт.
61
Марями Маҷдалия ва он Марями дигар дар он ҷо, дар рӯ ба рӯи қабр нишаста буданд.
62
Фардои он, ки баъди рӯзи тайёрӣ ба шанбе буд, сардорони коҳинон ва фарисиён назди Пилотус ҷамъ омаданд,
63
ва гуфтанд: «Эй хоҷа! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, ҳангоме ки зинда буд, гуфта буд, ки “пас аз се рӯз зинда мешавам”.
64
Пас, фармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки аз мурдагон бархест; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад».
65
Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед».
66
Онҳо рафта, дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд.
← Chapter 26
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 28 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28