bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 25
Matthew 25
Tajik NT 1999
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 26 →
1
«Дар он замон Подшоҳии Осмон монанди даҳ бокира мешавад, ки чароғҳои худро бардошта, ба пешвози домод берун рафтанд.
2
Аз онҳо панҷ нафар доно ва панҷ нафар нодон буданд.
3
Нодонон чароғҳои худро гирифтанд, вале бо худ равған нагирифтанд;
4
лекин доноён ҳамроҳи чароғҳои худ дар зарфҳо низ равған гирифтанд.
5
Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хобиданд.
6
Ва дар нисфи шаб овозе баланд шуд: “Инак, домод меояд, ба пешвози вай берун оед”.
7
Он гоҳ ҳамаи бокираҳо бархеста, чароғҳои худро тайёр карданд.
8
Ва нодонон ба доноён гуфтанд: “Аз равғани худ ба мо диҳед, чунки чароғҳои мо хомӯш мешаванд”.
9
Аммо доноён дар ҷавоб гуфтанд: “Не, мабодо барои мо ва шумо камӣ кунад; беҳтар аст, ки шумо назди фурӯшандагон рафта, барои худ харед”.
10
Ва ҳангоме ки онҳо барои харидан рафтанд, домод омад, ва онҳое ки тайёр буданд, бо вай ба базми арӯсӣ даромаданд, ва дар баста шуд.
11
Пас аз он, бокираҳои дигар низ омада, гуфтанд: “Эй хоҷа! Эй хоҷа! Ба мо кушо”.
12
Лекин вай дар ҷавоби онҳо гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам”.
13
Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Писари Одам дар кадом рӯз ва кадом соат меояд.
14
Зеро монанди касест, ки ба сафари дур рафтанӣ шуда, ғуломони худро ҷеғ зад ва молу мулкашро ба онҳо супурд:
15
Ба яке панҷ талант, ба дигаре ду, ба сеюмӣ як, яъне ба ҳар кадом ба қадри қобилияташ дода, дарҳол ба сафар рафт.
16
Он ки панҷ талант гирифта буд, рафта ба тиҷорат машғул шуд ва панҷ таланти дигар фоида кард.
17
Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард.
18
Лекин он ки як талант гирифта буд, рафта заминро канд ва пули хоҷаи худро пинҳон кард.
19
Пас аз муддати дуру дарозе хоҷаи он ғуломон омада, аз онҳо ҳисобот талаб кард.
20
Он ки панҷ талант гирифта буд, панҷ таланти дигарро ҳам оварда, гуфт: “Хоҷаам! Ту ба ман панҷ талант дода будӣ; инак, бо онҳо панҷ таланти дигар ба даст овардам”.
21
Хоҷааш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Ту дар чизи андак боваринок будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав”.
22
Ҳамчунон он ки ду талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: “Хоҷаам! Ту ба ман ду талант дода будӣ, инак, бо онҳо ду таланти дигар ба даст овардам”.
23
Хоҷааш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва бовафо! Ту дар чизи андак бовафо будӣ, туро бар чизҳои бисёр таъйин мекунам; ба шодии хоҷаи худ шарик шав”.
24
Пас он ки як талант гирифта буд, назди вай омада, гуфт: “Хоҷаам! Медонистам, ки ту марди дилсахте ҳастӣ, аз ҷое ки накоштаӣ, медаравӣ, ва аз ҷое ки напошидаӣ, ҷамъ мекунӣ.
25
Бинобар ин тарсидам ва рафта, таланти туро дар замин пинҳон кардам; инак, моли ту ин ҷост”.
26
Хоҷааш дар ҷавоби вай гуфт: “Эй ғуломи бад ва танбал! Ту медонистӣ, ки ман аз ҷое ки накоштаам, медаравам, ва аз ҷое ки напошидаам, ҷамъ мекунам.
27
Аз ин рӯ ту бояд пули маро ба саррофон медодӣ, ва ман омада, пули худро бо фоидааш мегирифтам.
28
Пас он талантро аз вай гирифта, ба касе ки даҳ талант дорад, диҳед.
29
Зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода ва афзуда мешавад; лекин ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта мешавад.
30
Ва он ғуломи нобакорро ба торикии берун бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад”.
31
Лекин ҳангоме ки Писари Одам дар ҷалоли Худ бо ҳамаи фариштаҳои муқаддас меояд, он гоҳ бар тахти ҷалоли Худ менишинад,
32
ва ҳамаи халқҳо дар назди Ӯ ҷамъ мешаванд; ва онҳоро аз якдигар ҷудо мекунад, монанди чӯпоне ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад.
33
Ва гӯсфандонро дар тарафи рост ва бузҳоро дар тарафи чапи Худ ҷой медиҳад.
34
Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, мегӯяд: “Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Подшоҳиеро, ки аз вақти бунёдшавии ҷаҳон барои шумо омода шудааст, мерос гиред;
35
чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;
36
бараҳна будам, Маро пӯшондед; бемор будам, Маро хабар гирифтед; дар зиндон будам, ба дидани Ман омадед”.
37
Он гоҳ росткорон дар ҷавоб мегӯянд: “Худовандо! Кай Туро гурусна дидему хӯрок додем? Ё ташна дидему об додем?
38
Кай Туро ғариб дидему пазируфтем? Ё бараҳна дидему пӯшондем?
39
Кай Туро бемор ё дар зиндон дидему ба дидани Ту омадем? ”
40
Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯяд: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед”.
41
Он гоҳ ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, мегӯяд: “Эй лаънатиҳо, аз Ман дур шавед ва ба оташи абадие ки барои иблис ва фариштаҳои вай омода шудааст, равед;
42
чунки гурусна будам, ба Ман хӯрок надодед; ташна будам, ба Ман об надодед;
43
ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва дар зиндон будам, Маро хабар нагирифтед”.
44
Онҳо низ дар ҷавоб мегӯянд: “Худовандо! Кай Туро гурусна ё ташна ё ғариб ё бараҳна ё бемор ё дар зиндон дидему ба Ту хизмат накардем? ”
45
Он гоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯяд: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардаед, ба Ман накардаед”.
46
Ва онҳо ба азоби абадӣ мераванд, вале росткорон — ба ҳаёти абадӣ».
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 26 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28