bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 20
Matthew 20
Tajik NT 1999
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
1
Зеро Подшоҳии Осмон монанди соҳиби хонаест, ки бомдодон берун рафт, то барои токзори худ коргарон киро кунад.
2
Ва бо коргарон рӯзе як динор паймон карда, онҳоро ба токзори худ фиристод.
3
Ва тақрибан дар соати се берун рафта, дигаронро дид, ки дар бозор бекор истодаанд,
4
ва ба онҳо гуфт: “Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо медиҳам”.
5
Ва онҳо рафтанд. Боз тақрибан дар соатҳои шаш ва нӯҳ берун рафта, ҳамчунин кард.
6
Ва тақрибан дар соати ёздаҳ берун рафта, дигаронро дид, ки бекор истодаанд, ва ба онҳо гуфт: “Барои чӣ шумо тамоми рӯз дар ин ҷо бекор истодаед? ”
7
Ба вай гуфтанд: “Касе моро киро накард”. Ба онҳо гуфт: “Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо медиҳам”.
8
Чун шом расид, соҳиби токзор ба амалдори худ гуфт: “Коргаронро ҷеғ зада, муздашонро аз охиринҳо то аввалинҳо деҳ”.
9
Онҳое ки тақрибан дар соати ёздаҳ омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.
10
Ва аввалинҳо омада, хаёл карданд, ки бештар мегиранд; лекин онҳо низ ҳар яке диноре гирифтанд.
11
Ва чун гирифтанд, аз соҳиби хона шикоят карда,
12
гуфтанд: “Ин охиринҳо як соат кор карданд, ва ту онҳоро бо мо, ки сахтӣ ва гармии рӯзро аз сар гузарондем, баробар донистӣ”.
13
Лекин вай дар ҷавоби яке аз онҳо гуфт: “Эй рафиқ! Ба ту беинсофӣ накардаам; оё ту ба як динор бо ман паймон накардӣ?
14
Музди худро гирифта, рав; мехоҳам ба ин охирин монанди ту диҳам.
15
Оё ҳақ надорам, ки бо чизи худ он чи хоҳам, кунам? Оё аз он ки ман некдил ҳастам, ту ҳасад мебарӣ? ”
16
Пас охиринҳо аввалин мешаванд, ва аввалинҳо — охирин; чунки даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон — кам».
17
Ва ҳангоме ки Исо ба Уршалим мерафт, дар роҳ дувоздаҳ шогирдашро танҳо назди Худ хонда, ба онҳо гуфт:
18
«Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва Писари Одам ба дасти сардорони коҳинон ва китобдонон супурда мешавад, ва Ӯро ба марг маҳкум мекунанд,
19
ва Ӯро ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд, то масхара намоянд, тозиёна зананд ва ба салиб кашанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад».
20
Он гоҳ модари писарони Забдой бо писарони худ назди Ӯ омада ва саҷда бурда, аз Ӯ чизе илтимос кард.
21
Исо ба вай гуфт: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» Гуфт: «Фармо, ки ду писари ман дар Подшоҳии Ту яке дар тарафи ростат ва дигаре дар тарафи чапат шинанд».
22
Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед. Оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, нӯшед ва он таъмидеро, ки Ман меёбам, ёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
23
Ба онҳо гуфт: «Косаи Маро менӯшед, ва таъмидеро, ки Ман меёбам, меёбед; лекин имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастан дар дасти Ман нест, ки диҳам; ҷуз ба онҳое ки аз ҷониби Падари Ман барояшон омода шуда бошад».
24
Ва он даҳ нафар, чун инро шуниданд, аз он ду бародар норозӣ шуданд.
25
Аммо Исо онҳоро назди Худ хонда, гуфт: «Шумо медонед, ки мирони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва бузургон бар онҳо фармонраво мешаванд.
26
Лекин дар миёни шумо набояд ин тавр шавад: балки ҳар кӣ дар байни шумо бузург будан хоҳад, бояд хизматгузори шумо шавад;
27
ва ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд ғуломи шумо шавад;
28
чунон ки Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон диҳад».
29
Ва ҳангоме ки онҳо аз Ариҳо мебаромаданд, мардуми бисёре аз паси Ӯ мерафтанд.
30
Ва инак, ду кӯр, ки дар канори роҳ нишаста буданд, гузаштани Исоро шунида, фарёдкунон гуфтанд: «Эй Хоҷа, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
31
Мардум онҳоро ба хомӯш шудан водор мекарданд, лекин онҳо боз ҳам бештар фарёд мезаданд: «Эй Хоҷа, Писари Довуд! Ба мо марҳамат кун».
32
Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо кунам?»
33
Ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Мехоҳем чашмони мо кушода шаванд».
34
Пас Исо ба онҳо раҳм карда, ба чашмҳошон даст расонд; ва дарҳол чашмҳошон бино гаштанд, ва онҳо аз паси Ӯ равона шуданд.
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
Recommended Reading
Commentary
Matthew Commentaries
→
Devotional
Matthew Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→