bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 23
Matthew 23
Tajik NT 1999
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 24 →
1
Он гоҳ Исо ба мардум ва ба шогирдони Худ хитоб кард
2
ва гуфт: «Китобдонон ва фарисиён бар курсии Мусо нишастаанд.
3
Пас, он чи ба шумо гӯянд, ба ҷо оваред ва риоя кунед; лекин аз рӯи корҳои онҳо рафтор накунед, чунки мегӯянд ва намекунанд.
4
Борҳои гарон ва душворро баста, бар дӯши одамон мегузоранд, лекин худашон намехоҳанд онҳоро ҳатто бо як ангушт ҳаракат диҳанд.
5
Ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба одамон нишон диҳанд: оятдонҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ҷомаи худро калонтар месозанд.
6
Ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишинанд,
7
ва дар кӯчаву бозор одамон ба онҳо салом гӯянд ва онҳоро “Устод! Устод! ” хонанд.
8
Лекин шумо набояд устод хонда шавед, чунки Устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст, ва ҳамаи шумо бародаронед.
9
Ва ҳеҷ касро дар замин падари худ нахонед, чунки Падари шумо якест, ки дар осмон аст.
10
Ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст.
11
Бузургтарини шумо хизматгузори шумо бошад.
12
Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мегардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад.
13
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаред ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯед: ба ин сабаб сахттар маҳкум мешавед.
14
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки дари Подшоҳии Осмонро пеши одамон мебандед; чунки на худ медароед ва на мегузоред онҳое ки даромадан мехоҳанд, дароянд.
15
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки баҳр ва хушкиро давр мезанед, то якеро ба дини худ гардонед; ва ҳангоме ки ин ба шумо муяссар шавад, вайро ду баробар аз худатон зиёдтар писари дӯзах месозед.
16
Вой бар шумо, эй пешвоёни кӯр, ки мегӯед: “Ҳар кӣ ба ибодатхона қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба тиллои ибодатхона қасам хӯрад, бояд вафо кунад”.
17
Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш бузургтар аст: тилло ё ибодатхона, ки тиллоро муқаддас мегардонад?
18
Ҳамчунин мегӯед: “Ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ҳеҷ гап не; лекин ҳар кӣ ба қурбоние ки бар он аст, қасам хӯрад, бояд вафо кунад”.
19
Эй аблаҳон ва кӯрон! Кадомаш бузургтар аст: қурбонӣ ё қурбонгоҳ, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
20
Пас, ҳар кӣ ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, ба он ва ба ҳар чи бар он аст, қасам хӯрда бошад.
21
Ва ҳар кӣ ба ибодатхона қасам хӯрад, ба он ва ба Ӯ, ки сокини он буд, қасам хӯрда бошад.
22
Ва ҳар кӣ ба осмон қасам хӯрад, ба тахти Худо ва ба Ӯ, ки бар он нишастааст, қасам хӯрда бошад.
23
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки аз пудина, шибит ва зира даҳяк медиҳед, лекин бузургтарин фармудаҳои Таврот, яъне инсоф, марҳамат ва имонро тарк кардаед; бояд онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.
24
Эй пешвоёни кӯр, ки пашшаро софӣ карда, шутурро фурӯ мебаред!
25
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, дар ҳоле ки даруни онҳо аз дуздӣ ва беинсофӣ пур аст.
26
Эй фарисии кӯр! Аввал даруни пиёла ва табақро тоза кун, то беруни он низ тоза бошад.
27
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиён, ки монанди қабрҳои сафед кардашуда ҳастед, ки аз берун зебо метобанд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел нопокӣ пур аст.
28
Ҳамчунин шумо низ аз берун ба одамон росткор метобед, лекин дарунатон аз дурӯягӣ ва бадӣ пур аст.
29
Вой бар шумо, эй китобдонон ва фарисиёни дурӯя, ки мақбараҳои пайғамбаронро месозед ва биноҳои ёдгории росткоронро ороиш медиҳед,
30
ва мегӯед: “Агар дар айёми падарони худ мебудем, дар рехтани хуни пайғамбарон ба онҳо шарик намешудем”.
31
Ба ҳамин роҳ худатон бар зидди худ гувоҳӣ медиҳед, ки фарзандони кушандагони пайғамбарон ҳастед;
32
пас, шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед.
33
Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?
34
Бинобар ин, инак, Ман назди шумо пайғамбарон ва хирадмандон ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро мекушед ва баъзеро ба салиб мекашед, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре таъқиб мекунед;
35
то тамоми хуни росткорон, ки бар замин рехта шуд, бар сари шумо фуруд ояд, аз хуни Ҳобили росткор то хуни Закарё ибни Баракё, ки вайро шумо дар миёни ибодатхона ва қурбонгоҳ куштед.
36
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин ҳама бар сари ин насл меояд.
37
Эй Уршалим, Уршалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
38
Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад.
39
Зеро ба шумо мегӯям: аз ин пас Маро намебинед, то даме ки гӯед: “Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд!”»
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28