bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 22
Matthew 22
Tajik NT 1999
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
1
Ва Исо суханашро бо масалҳо давом дода, ба онҳо гуфт:
2
«Подшоҳии Осмон монанди подшоҳест, ки барои писари худ базми арӯсӣ барпо кард.
3
Ва ғуломони худро фиристод, то ки даъватшудагонро ба базми арӯсӣ хонанд; лекин онҳо нахостанд биёянд.
4
Боз ғуломони дигарро фиристод ва гуфт: “Ба даъватшудагон гӯед, ки «инак, дастархони худро оростаам, говҳо ва парвориҳои ман кушта шудаанд, ва ҳама чиз тайёр аст; ба базми арӯсӣ биёед»”.
5
Лекин онҳо эътибор надода, яке ба киштзори худ ва дигаре ба савдои худ рафтанд.
6
Ва дигарон ғуломони ӯро гирифта, ҳақорат доданд ва куштанд.
7
Подшоҳ, чун инро шунид, хашмгин шуд ва лашкарҳои худро фиристода, он кушандагонро нобуд кард ва шаҳрашонро оташ зад.
8
Он гоҳ ба ғуломони худ гуфт: “Базми арӯсӣ тайёр аст, лекин даъватшудагон сазовори он набуданд;
9
пас, ба сари гузар бароед ва ҳар киро ёбед, ба базми арӯсӣ даъват кунед”.
10
Ва ғуломон ба сари роҳҳо баромада, ҳар киро ёфтанд, хоҳ нек буд хоҳ бад, ҷамъ карданд; ва базмгоҳ аз меҳмонон пур шуд.
11
Подшоҳ барои дидани аҳли маҷлис даромада, шахсеро дид, ки ҷома барои базми арӯсӣ напӯшидааст.
12
Ва ба вай гуфт: “Эй рафиқ, чӣ тавр ба ин ҷо даромадӣ, дар ҳолате ки ҷома барои базми арӯсӣ надорӣ? ” Лекин вай хомӯш монд.
13
Подшоҳ ба хизматгузорони худ гуфт: “Дасту пои вайро баста, ба торикии берун бароварда партоед: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад”.
14
Чунки даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон — кам».
15
Он вақт фарисиён рафта, машварат карданд, ки чӣ тавр Ӯро аз сухани Худаш ба дом афтонанд.
16
Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, чунки ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;
17
пас ба мо гӯй, ки фикри Ту чист? Оё ба қайсар андоз додан раво аст, ё не?»
18
Аммо Исо бадандешии онҳоро дарёфта, гуфт: «Эй дурӯягон, чаро Маро меозмоед?
19
Тангаи андозро ба Ман нишон диҳед». Онҳо ба Ӯ диноре оварданд.
20
Ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва навишта аз они кист?»
21
Ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар». Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».
22
Чун инро шуниданд, ҳайрон монданд ва Ӯро гузошта, рафтанд.
23
Ҳамон рӯз саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
24
«Эй Устод! Мусо гуфтааст, ки агар касе мурад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.
25
Назди мо ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифта, мурд ва чун фарзанд надошт, занашро ба бародари худ гузошт;
26
ҳамчунин дуюмӣ ва сеюмӣ, то ҳафтум.
27
Баъд аз ҳама зан низ мурд.
28
Пас, дар рӯзи растохез вай зани кадоме аз он ҳафт мешавад? Зеро ҳама вайро ба занӣ гирифта буданд».
29
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Китобро медонед, на қуввати Худоро;
30
зеро дар растохез на зан мегиранд ва на шавҳар мекунанд, балки монанди фариштаҳои Худо дар осмон мебошанд.
31
Аммо дар бораи растохези мурдагон оё каломеро, ки Худо ба шумо гуфтааст, нахондаед:
32
“Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”? Худо на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст».
33
Ва мардум шунида, аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд.
34
Аммо чун фарисиён шуниданд, ки Ӯ даҳони саддуқиёнро бастааст, бо ҳам ҷамъ омаданд.
35
Ва яке аз онҳо, ки шариатдон буд, барои озмудани Ӯ савол дода, гуфт:
36
«Эй Устод! Кадом фармуда дар Таврот бузургтар аст?»
37
Исо ба вай гуфт: «“Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор”.
38
Ҳамин аст фармудаи муҳимтарин ва бузургтарин.
39
Ва дуюмаш монанди он аст: “Ёратро монанди худат дӯст дор”.
40
Бар ин ду фармуда тамоми Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон асос ёфтаанд».
41
Ҳангоме ки фарисиён бо ҳам ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо савол дода,
42
гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».
43
Ба онҳо гуфт: «Пас чӣ гуна Довуд, бо илҳоми Рӯҳ, Ӯро Худованд хонда, чунин мегӯяд:
44
“Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин, То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”?
45
Модоме ки Довуд Ӯро Худованд мехонад, чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?»
46
Ва ҳеҷ кас дар ҷавоби Ӯ сухане гуфта натавонист; ва пас аз он рӯз касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28