bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 3
Matthew 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
1
Дар он рӯзҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда омада, дар биёбони Яҳудия мавъиза мекард,
2
ва мегуфт: «Тавба кунед, чунки Подшоҳии Осмон наздик аст».
3
Зеро ӯ ҳамон аст, ки Ишаъёи пайғамбар аз ӯ хабар дода, гуфтааст: “Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед”.
4
Ва ин Яҳё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт; ва хӯроки ӯ малах ва асали ёбоӣ буд.
5
Он вақт аҳли Уршалим ва тамоми Яҳудия ва атрофи дарёи Урдун назди ӯ берун меомаданд,
6
ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар дарёи Урдун таъмид меёфтанд.
7
Чун бисёре аз фарисиён ва саддуқиёнро дид, ки назди ӯ барои таъмид меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъиз дагон! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби оянда гурезед?
8
Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад,
9
ва дар дили худ нагӯед, ки “падари мо Иброҳим аст”; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;
10
ва акнун теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва ба оташ партофта мешавад;
11
Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад;
12
Ӯ сешохаи Худро дар даст дорад, ва хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор ҷамъ мекунад, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
13
Он гоҳ Исо аз Ҷалил ба дарёи Урдун назди Яҳё омад, то аз вай таъмид гирад.
14
Лекин Яҳё Ӯро боздошта, гуфт: «Маро лозим аст, ки аз Ту таъмид гирам, ва Ту назди ман меоӣ?»
15
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Акнун бигузор ин тавр бошад; чунки моро лозим аст ҳар гуна ростиро ин тавр ба ҷо оварем». Пас Яҳё Ӯро вогузошт.
16
Ва Исо таъмид ёфта, дарҳол аз об баромад, ва инак, осмон ба Ӯ кушода шуд, ва Рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре фуруд омада, бар Ӯ қарор мегирад.
17
Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам».
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28