bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 5
Matthew 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
1
Чун мардумро дид, ба кӯҳе баромад ва нишаст; ва шогирдонаш назди Ӯ омаданд.
2
Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт:
3
«Хушо касоне ки рӯҳан бенаво ҳастанд, зеро Подшоҳии Осмон аз они онҳост.
4
Хушо мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд.
5
Хушо нармдилон, зеро онҳо вориси сарзамин мешаванд.
6
Хушо гуруснагон ва ташнагони ростӣ, зеро онҳо сер мешаванд.
7
Хушо марҳаматкунандагон, зеро онҳо марҳамат меёбанд.
8
Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро мебинанд.
9
Хушо сулҳҷӯён, зеро онҳо фарзандони Худо хонда мешаванд.
10
Хушо таъқибшудагон дар роҳи ростӣ, зеро Подшоҳии Осмон аз они онҳост.
11
Хушо шумо, ҳангоме ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва ҳар сухани баде бо дурӯғ зидди шумо гӯянд.
12
Шод ва хушҳол бошед, чунки подоши шумо дар осмон бузург аст: зеро пайғамбарони пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.
13
Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, бо кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, магар ин ки ба берун партофта шавад ва поймоли одамон гардад.
14
Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки дар болои кӯҳ аст, наметавонад пинҳон шавад.
15
Чароғро низ афрӯхта, на дар зери зарфе, балки бар чароғдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад.
16
Ҳамчунин бигзор нури шумо ба одамон тобад, то корҳои неки шуморо дида, Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
17
Гумон накунед, ки барои бекор кардани Таврот ё навиштаҳои пайғамбарон омадаам; наомадаам, ки бекор кунам, балки ба ҷо оварам.
18
Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин аз миён наравад, ҳеҷ як ҳарфе ё нуқтае аз Таврот аз миён намеравад, то даме ки ҳамааш иҷро шавад.
19
Пас, ҳар кӣ яке аз ин фармудаҳои хурдтаринро вайрон кунад ва ба одамон чунин таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон хурдтарин шумурда мешавад; вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон бузург хонда мешавад.
20
Зеро ба шумо мегӯям: агар росткории шумо аз росткории китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Подшоҳии Осмон дохил намешавед.
21
Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Накуш; ҳар кӣ кушад, сазовори доварӣ мешавад”.
22
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, сазовори доварӣ мешавад: ҳар кӣ бародари худро “аблаҳ” гӯяд, сазовори ҳукми шӯро мешавад; ва ҳар кӣ “аҳмақ” гӯяд, сазовори оташи дӯзах мешавад.
23
Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ оварӣ, ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист,
24
қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ мон, ва рафта, аввал бо бародари худ оштӣ кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим намо.
25
Ҳанӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ шав, то даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба навкар насупорад, ва туро ба зиндон наандозанд.
26
Ба ростӣ ба ту мегӯям: то тангаи охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ.
27
Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Зино накун”.
28
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино кардааст.
29
Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах андохта нашавад.
30
Ва агар дасти ростат туро ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах андохта нашавад.
31
Ҳамчунин гуфта шудааст: “Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд талоқномае ба вай диҳад”.
32
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз айби фосиқӣ, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад. Қасам
33
Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Қасами дурӯғ ёд накун ва ба қасами худ дар назди Худованд вафо кун”.
34
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳаргиз қасам ёд накун; на ба осмон, чунки тахти Худост;
35
на ба замин, чунки пойандози Ӯст; на ба Уршалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст;
36
ва на ба сари худ қасам ёд кун, чунки наметавонӣ як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кунӣ.
37
Балки сухани шумо: “ҳа, ҳа” ва “не, не” бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз шарир аст.
38
Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Чашме дар ивази чашме, дандоне дар ивази дандоне”.
39
Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накунед. Балки агар касе ба рухсораи ростат торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи ӯ гардон;
40
ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ;
41
ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як мил роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду мил рав.
42
Ба касе ки аз ту чизе хоҳиш кунад, бидеҳ, аз касе ки аз ту қарз хоҳад, рӯ нагардон.
43
Шунидаед, ки гуфта шудааст: “Ёратро дӯст дор ва аз душманат нафрат кун”.
44
Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред; барои онҳое ки шуморо лаънат мегӯянд, баракат хоҳед; ба онҳое ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед; ва барои онҳое ки шуморо озор медиҳанд ва таъқиб мекунанд, дуо гӯед,
45
то фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон метобонад ва борон бар росткорону каҷкорон меборонад.
46
Зеро агар дӯстдорони худро дӯст доред, чӣ подоше меёбед? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
47
Ва агар танҳо ба дӯстони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд?
48
Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28