bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 15
Matthew 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 16 →
1
Он гоҳ китобдонон ва фарисиён, ки аз Уршалим буданд, назди Исо омада, гуфтанд:
2
«Чаро шогирдони Ту ривоятҳои пиронро вайрон мекунанд? Онҳо пеш аз хӯрдани нон дастҳои худро намешӯянд».
3
Ӯ дар ҷавоби онҳо гуфт: «Чаро худи шумо ба хотири ривоятҳои худ фармудаи Худоро вайрон мекунед?
4
Худо фармудааст: “Падару модари худро эҳтиром намо”; ва “Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, бояд кушта шавад”.
5
Лекин шумо мегӯед: “Касе ки ба падар ё модари худ гӯяд: 'Ҳар ёрдаме ки аз ман гирифтанатон мумкин мебуд, ҳадия барои Худост', набояд падар ё модари худро эҳтиром намояд”.
6
Ҳамин тавр шумо фармудаи Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.
7
Эй дурӯягон! Ишаъё дар бораи шумо некӯ пешгӯӣ карда, гуфтааст:
8
“Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд Ва бо лабони худ Маро эҳтиром мекунанд, Лекин дилашон аз Ман дур аст.
9
Пас Маро беҳуда парастиш мекунанд, Зеро фармудаҳои инсониро таълим медиҳанд”».
10
Ва мардумро даъват намуда, гуфт: «Гӯш диҳед ва фаҳмед:
11
На он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром мекунад; балки он чи аз даҳон мебарояд, одамро ҳаром мекунад».
12
Он гоҳ шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён ин суханро шунида, аз ин норозӣ буданд?»
13
Дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле ки Падари осмонии Ман нашинонда бошад, решакан мешавад.
14
Онҳоро ба ҳоли худашон гузоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ меафтанд».
15
Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Ин масалро ба мо фаҳмонда деҳ».
16
Исо гуфт: «Оё шумо низ то ҳанӯз бефаҳм ҳастед?
17
Оё ҳанӯз нафаҳмидед, ки ҳар он чи ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он хориҷ мешавад?
18
Лекин ҳар он чи аз даҳон мебарояд, аз дил пайдо мешавад; ва ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд.
19
Зеро аз дил фикрҳои бад, куштор, зино, фосиқӣ, дуздӣ, гувоҳии бардурӯғ ва куфр пайдо мешаванд.
20
Ин чизҳо одамро ҳаром мекунанд; лекин бо дасти ношуста хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад».
21
Ва Исо аз он ҷо берун шуда, ба ҳудуди Сур ва Сидун рафт.
22
Ва инак, як зани канъонӣ дар он ҳудуд пеш омада, фарёдкунон ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Писари Довуд, ба ман марҳамат кун! Чунки духтарам сахт девзада аст».
23
Лекин Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод. Ва шогирдонаш назди Ӯ омада, илтимос карданд: «Вайро ҷавоб деҳ, чунки аз паси мо фарёд мезанад».
24
Дар ҷавоб гуфт: «Ман танҳо барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».
25
Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Хоҷаам! Ба ман ёрӣ деҳ».
26
Дар ҷавоб гуфт: «Нони бачаҳоро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест».
27
Зан гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз мизи хоҷаҳошон меафтанд, мехӯранд».
28
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Эй зан! Имони ту бузург аст; пас он чи хостӣ, барои ту шавад». Ва духтари вай ҳамон соат шифо ёфт.
29
Исо аз он ҷо рафта, назди кӯли Ҷалил омад ва ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.
30
Ва мардуми бисёре назди Ӯ бо лангон, кӯрон, гунгон, маъюбон ва хеле беморони дигар омада, онҳоро пеши пойҳои Исо гузоштанд; ва Ӯ онҳоро шифо дод,
31
ба тавре ки мардум гунгонро гӯё, маъюбонро солим, лангонро равон ва кӯронро бино дида, дар ҳайрат монданд. Ва Худои Исроилро ҳамду сано хонданд.
32
Ва Исо шогирдонашро назди Худ хонда, гуфт: «Ба ин мардум дилам месӯзад, зеро се рӯз аст, ки назди Ман мебошанд, ва барои хӯрдан чизе надоранд; намехоҳам онҳоро гурусна баргардонам, ки мабодо дар роҳ беҳол шаванд».
33
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон ин қадар нон ёбем, ки чунин тӯдаи одамонро сер кунем?»
34
Исо ба онҳо гуфт: «Чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафт нон, ва андак моҳии майда».
35
Пас мардумро фармуд, ки бар замин шинанд;
36
ва ҳафт нон ва моҳиёнро гирифт, шукр гуфт, пора кард ва ба шогирдонаш дод, ва шогирдон ба мардум доданд.
37
Ва ҳама хӯрда сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабадро пур карда бардоштанд.
38
Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор мард буданд.
39
Пас Ӯ мардумро рухсати рафтан дода, ба киштӣ савор шуд ва ба ҳудуди Маҷдал омад.
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28