bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 2
Matthew 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 3 →
1
Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар Байт-Лаҳми Яҳудия таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Уршалим муғон омада,
2
гуфтанд: «Куҷост он Подшоҳи яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Чунки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки ба Ӯ таъзим кунем».
3
Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, ба ташвиш афтод, ва бо вай тамоми Уршалим ҳам.
4
Ва ҳамаи сардорони коҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?
5
Ба вай гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми Яҳудия, зеро ба воситаи пайғамбар чунин навишта шудааст:
6
“Ва ту, эй Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудо, Аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; Чунки аз ту Пешвое ба майдон меояд, Ки Ӯ қавми Ман Исроилро чӯпонӣ мекунад”».
7
Он гоҳ Ҳиродус муғонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт,
8
ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: «Равед ва дар бораи он Кӯдак бо диққат пурсуҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, ба Ӯ таъзим кунам».
9
Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, истод.
10
Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд,
11
ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Марям диданд, ва зону зада, ба Ӯ таъзим карданд, ва ганҷҳои худро бароварда, тӯҳфаҳои тилло, лодан ва мурр ба Ӯ пешкаш карданд.
12
Ва чун дар хоб ба онҳо паёми Худо омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.
13
Ҳангоме ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф падид омада, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср гурез ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; чунки Ҳиродус дар ҷустуҷӯи Кӯдак аст, то Ӯро нобуд кунад».
14
Ва Юсуф шабона бархеста, Кӯдакро бо модараш гирифта, сӯи Миср равона шуд,
15
ва то марги Ҳиродус дар он ҷо монд, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст: “Аз Миср Писари Худро даъват намудам”.
16
Чун Ҳиродус дид, ки муғон ӯро фиреб доданд, бисёр хашмгин шуд ва фиристода, дар Байт-Лаҳм ва тамоми ҳудуди он ҳамаи писарони дусола ва камтарро, мувофиқи вақте ки аз муғон фаҳмида гирифта буд, кушт.
17
Он гоҳ ба амал омад каломе ки бо забони Ирмиёи пайғамбар гуфта шудааст:
18
“Овозе дар Ромо шунида шуд, Овози гиряву нола ва мотами бузург; Роҳел барои фарзандони худ гиря мекунад Ва тасаллӣ намеёбад, Зеро ки онҳо нестанд”.
19
Чун Ҳиродус мурд, фариштаи Худованд дар Миср ба Юсуф дар хоб падид омад,
20
ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд».
21
Ва ӯ бархеста, Кӯдакро бо модараш гирифта ба сарзамини Исроил омад.
22
Лекин чун шунид, ки Аркилоус ба ҷои падари худ Ҳиродус дар Яҳудия подшоҳӣ мекунад, аз рафтан ба он ҷо тарсид; ва дар хоб паёме аз Худо ёфта, ба ҳудуди Ҷалил рафт,
23
ва чун расид, дар шаҳре ки Носира ном дорад, сокин шуд, то ба амал ояд каломе ки бо забони пайғамбар гуфта шудааст, ки Ӯ Носирӣ хонда мешавад.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28