bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 7
Matthew 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 8 →
1
«Доварӣ накунед, то шуморо доварӣ накунанд;
2
зеро ҳамон тавре ки доварӣ кунед, шуморо доварӣ мекунанд; ва ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен мекунанд.
3
Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
4
Ё чӣ гуна ба бародари худ мегӯӣ: “Биё, хасро аз чашми ту дур кунам”; ва ҳол он ки чӯбе дар чашми туст?
5
Эй дурӯя! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст мебинӣ, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
6
Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.
7
Хоҳиш кунед, ба шумо дода мешавад; ҷӯед, меёбед; дарро кӯбед, он ба шумо кушода мешавад;
8
зеро ҳар кӣ хоҳиш кунад, мегирад, ва ҳар кӣ ҷӯяд, меёбад, ва ҳар кӣ дарро кӯбад, он ба ӯ кушода мешавад.
9
Ва кадом одамест аз шумо, ки агар писараш аз ӯ нон хоҳиш кунад, санге ба вай диҳад?
10
Ё агар моҳие аз ӯ хоҳиш кунад, море ба вай диҳад?
11
Пас, агар шумо, ки бад ҳастед, ба фарзандони худ додани тӯҳфаҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд, чизҳои нек медиҳад.
12
Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки одамон ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо кунед; зеро ин аст Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон.
13
Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд.
14
Чӣ танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам ҳастанд.
15
Аз пайғамбарони дурӯғин ҳазар кунед, ки бо либоси гӯсфандон назди шумо меоянд, лекин аз дарун гургони дарандаанд:
16
Онҳоро аз меваҳошон мешиносед. Оё аз хор ангур ва аз хас анҷир мечинанд?
17
Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи хуб меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад;
18
наметавонад дарахти нек меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи хуб.
19
Ҳар дарахте ки меваи хуб наоварад, бурида ва ба оташ партофта мешавад.
20
Пас, онҳоро аз меваҳошон мешиносед.
21
На ҳар касе ки ба Ман: “Хоҷаам! Хоҷаам!” мегӯяд, ба Подшоҳии Осмон дохил мешавад, балки он касе ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.
22
Бисёр касон дар он рӯз ба Ман мегӯянд: “Хоҷаи мо! Хоҷаи мо! Оё бо номи Ту пайғамбарӣ накардем? Оё бо номи Ту девҳоро нарондем? Оё бо номи Ту муъҷизаҳои зиёде нишон надодем?”
23
Он гоҳ дар ҷавоби онҳо мегӯям: “Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!”
24
Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро шунавад ва ба ҷо оварад, ӯро ба марди доное монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг сохт;
25
ва борон борида, селобҳо равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор оварданд; лекин он фурӯ нарафт, чунки бар санг сохта шуда буд.
26
Ва ҳар кӣ ин суханони Маро шунавад ва ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки хонаи худро бар рег сохт;
27
ва борон борида, селобҳо равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор оварданд; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».
28
Ҳангоме ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд,
29
чунки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28