bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 12
Matthew 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 13 →
1
Дар он вақт Исо рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт; ва шогирдонаш гурусна монда, ба чидан ва хӯрдани хӯшаҳо сар карданд.
2
Фарисиён инро дида, ба Ӯ гуфтанд: «Инак, шогирдони Ту коре мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест».
3
Ба онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
4
Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он ба вай ва ҳамроҳонаш раво набуд, балки танҳо ба коҳинон раво буд?
5
Ё дар Таврот нахондаед, ки коҳинон дар рӯзҳои шанбе дар ибодатгоҳ оини шанберо риоя намекунанд ва бо вуҷуди он бегуноҳанд?
6
Лекин ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо шахсе ҳаст, ки аз ибодатгоҳ бузургтар аст.
7
Ва агар медонистед, ки “марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ” чӣ маъно дорад, бегуноҳонро маҳкум намекардед.
8
Зеро Писари Одам хоҷаи рӯзи шанбе мебошад».
9
Ва аз он ҷо рафта, ба куништи онҳо даромад.
10
Ва инак, дар он ҷо шахсе буд, ки дасти хушкшудае дошт. Аз Исо пурсида, гуфтанд: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан раво аст?» Қасдашон ин буд, ки Ӯро айбдор кунанд.
11
Ба онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки як гӯсфанд дошта бошад, ва он дар рӯзи шанбе ба чоҳе афтаду онро гирифта набарорад?
12
Пас одам аз гӯсфанд чӣ қадар азизтар аст! Бинобар ин дар рӯзҳои шанбе некӣ кардан раво аст».
13
Он гоҳ ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай дароз кард; ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд.
14
Лекин фарисиён берун рафта, дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.
15
Лекин Исо онро дарёфта, аз он ҷо дур шуд. Ва мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд, ва Ӯ ҳамаи онҳоро шифо бахшид.
16
Ва ба онҳо фармуд, ки овозаи Ӯро паҳн накунанд,
17
то ба амал ояд каломе ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст:
18
“Инак Бандаи Ман, ки Ӯро интихоб кардаам, Дӯстдоштаи Ман, ки Ман аз Ӯ хушнудам; Рӯҳи Худро бар Ӯ мениҳам, То ростиро ба халқҳо эълон кунад;
19
Ситеза ва фиғоне намекунад, Ва касе дар кӯчаҳо овози Ӯро намешунавад;
20
Найи хамидаро намешиканад Ва пилтаи нимсӯхтаро хомӯш намекунад, То даме ки ростиро ба пирӯзӣ оварда расонад;
21
Ва халқҳо ба номи Ӯ умед мебанданд”.
22
Он гоҳ девзадаеро назди Ӯ оварданд, ки кӯр ва гунг буд; Ӯ вайро шифо бахшид, ба тавре ки он кӯр ва гунг гӯё ва бино шуд.
23
Ва тамоми мардум ҳайрон шуда, гуфтанд: «Оё ин Шахс Писари Довуд нест?»
24
Лекин фарисиён инро шунида, гуфтанд: «Ӯ девҳоро фақат ба воситаи Баал-Забул, сарвари девҳо, берун мекунад».
25
Лекин Исо андешаҳои онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар подшоҳие ки дар худ ҷудоӣ дорад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонаводае ки дар худ ҷудоӣ дорад, устувор истода наметавонад.
26
Ва агар шайтон шайтонро берун кунад, вай дар худ ҷудоӣ дорад: пас подшоҳии вай чӣ гуна устувор истода метавонад?
27
Ва агар Ман девҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекарда бошам, писарони шумо онҳоро ба воситаи кӣ берун мекунанд? Бинобар ин онҳо довари шумо мешаванд.
28
Лекин агар Ман девҳоро ба воситаи Рӯҳи Худо берун мекарда бошам, пас Подшоҳии Худо ба шумо омада расидааст.
29
Ё касе чӣ гуна ба хонаи шахси зӯрманде даромада, чизҳои вайро ғорат карда метавонад, бе он ки аввал он зӯрмандро бандад, ва пас аз он хонаи вайро ғорат кунад?
30
Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман зид аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, пароканда мекунад.
31
Аз ин сабаб ба шумо мегӯям: ҳар гуноҳ ва куфри одамизод бахшида мешавад; лекин куфри одамизод бар зидди Рӯҳ бахшида намешавад.
32
Ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, бахшида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс сухане гӯяд, бахшида намешавад, на дар ин давра, ва на дар давраи оянда.
33
Агар дарахти шумо хуб бошад, мевааш хуб аст; дарахти шумо бад бошад, мевааш бад аст; зеро дарахт аз мевааш шинохта мешавад.
34
Эй афъизодагон! Шумо чӣ тавр суханони нек гуфта метавонед, дар ҳоле ки худатон бад ҳастед? Зеро забон аз пурии дил сухан мегӯяд.
35
Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
36
Лекин ба шумо мегӯям, ки одамон барои ҳар сухани беҳудае ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб медиҳанд:
37
Чунки аз суханони худ сафед мешавӣ ва аз суханони худ маҳкум мешавӣ.
38
Он гоҳ баъзе аз китобдонон ва фарисиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Мехоҳем аломате аз Ту бинем».
39
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Насли бад ва зинокор аломате металабад: ва ба вай ғайр аз аломати Юнуси пайғамбар аломате дода намешавад.
40
Зеро, чунон ки Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд, Писари Одам низ се шабонарӯз дар оғӯши замин мешавад.
41
Мардони Нинве дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунанд, чунки онҳо бо мавъизаи Юнус тавба карданд; ва инак, Шахсе аз Юнус бузургтар ин ҷост.
42
Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бар ин насл бархеста, онро маҳкум мекунад, чунки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз канорҳои замин омад; ва инак, Шахсе аз Сулаймон бузургтар ин ҷост.
43
Ҳангоме ки рӯҳи нопок аз одам берун меояд, дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад ва намеёбад.
44
Он гоҳ мегӯяд: “Ба хонаи худ, ки аз он берун омадам, бармегардам”. Ва гашта омада, онро холӣ, ҷорӯбзада ва ороста меёбад.
45
Он гоҳ рафта, ҳафт рӯҳи дигари аз худаш бадтарро ҳамроҳи худ меоварад, ва даромада, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд; ва анҷоми он шахс бадтар аз аввалаш мешавад. Ҳоли ин насли бад низ ҳамин тавр мешавад».
46
Ҳанӯз Ӯ бо мардум сухан мегуфт, ки модар ва бародаронаш омада, дар берун истоданд ва мехостанд бо Ӯ гуфтугӯ кунанд.
47
Ва шахсе ба Ӯ гуфт: «Инак, модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо Ту гуфтугӯ кунанд».
48
Лекин Ӯ дар ҷавоби он шахс гуфт: «Кист модари Ман, ва кистанд бародарони Ман?»
49
Ва бо дасти Худ шогирдони Худро нишон дода, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;
50
зеро ҳар кӣ хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28