bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 14
Matthew 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
1
Дар он ҳангом овозаи Исо ба гӯши тетрарх Ҳиродус расид,
2
ва ба хизматгорони худ гуфт: «Ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст; вай аз мурдагон бархестааст, ва аз ин сабаб ин муъҷизаҳо аз вай ба амал меоянд».
3
Зеро Ҳиродус Яҳёро ба хотири Ҳиродия, зани бародари худ Филиппус, дастгир карда ва баста, ба зиндон андохта буд;
4
зеро Яҳё ба вай гуфта буд: «Вайро ба занӣ гирифтани ту раво нест».
5
Ва Ҳиродус хост ӯро кушад, лекин аз мардум тарсид, чунки ӯро пайғамбар медонистанд.
6
Аммо ҳангоме ки Ҳиродус зодрӯзи худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисёр писанд афтод;
7
аз ин рӯ ба вай савганд ёд карда, ваъда дод, ки ҳар он чи хоҳад, ба вай медиҳад.
8
Пас вай, бо ангезиши модари худ, гуфт: «Сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар ҳамин ҷо дар табақе ба ман тӯҳфа кун».
9
Подшоҳ ғамгин шуд; лекин барои поси савгандаш ва ба хотири ононе ки ҳамроҳаш нишаста буданд, фармуд, ки дода шавад;
10
ва фиристода, дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард.
11
Ва сари ӯро дар табақе оварда, ба духтар доданд, ва онро вай ба модари худ бурд.
12
Ва шогирдонаш омада, ҷасади вайро бардошта бурданду гӯр карданд; ва рафта, ба Исо хабар доданд.
13
Чун Ӯ инро шунид, ба киштӣ савор шуда, аз он ҷо танҳо ба ҷои хилвате рафт. Сер шудани панҷ ҳазор мард Ва мардум, чун шуниданд, аз паси Ӯ аз шаҳрҳо пиёда равон шуданд.
14
Ва Исо берун омада, мардуми бисёрро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.
15
Чун бегоҳ шуд, шогирдонаш назди Ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст, вақт ҳам дер шуд; мардумро рухсат деҳ, то ба деҳот рафта, барои худ хӯроке харанд».
16
Ба онҳо гуфт: «Даркор нест, ки онҳо раванд: шумо ба онҳо хӯрок диҳед».
17
Ба Ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷо танҳо панҷ нон ва ду моҳӣ дорем».
18
Гуфт: «Онҳоро ин ҷо назди Ман биёред».
19
Ва мардумро фармуд, ки бар сабза шинанд, ва панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигаристу баракат дод ва нонро пора карда, ба шогирдонаш дод, ва шогирдонаш ба мардум доданд.
20
Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд;
21
ва хӯрандагон, ба ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Қадам задани,,,,\ Исо бар кӯл
22
Дарҳол Исо шогирдонашро фармуд, ки ба киштӣ савор шуда, пеш аз Ӯ ба соҳили дигар равона шаванд, то Ӯ мардумро рухсати рафтан диҳад.
23
Ва чун мардумро рухсати рафтан дод, барои дуо гуфтан танҳо ба кӯҳе баромад. Бегоҳ шуд ва Ӯ он ҷо танҳо буд.
24
Ва киштӣ ҳанӯз дар миёни кӯл буд ва ба мавҷҳо гирифтор буд, чунки боди мухолиф мевазид.
25
Ва дар поси чоруми шаб Исо бар кӯл қадам зада, назди онҳо омад.
26
Шогирдон чун Ӯро диданд, ки бар кӯл қадам мезанад, ба ҳарос афтода, гуфтанд: «Ин шабаҳ аст!» Ва аз тарс фарёд заданд.
27
Лекин Исо дарҳол ба онҳо хитоб карда, гуфт: «Хотирҷамъ бошед; ин Манам, натарсед».
28
Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Агар ин Туӣ, ба ман фармо, то бар рӯи об назди Ту биёям».
29
Гуфт: «Биё». Ва Петрус аз киштӣ баромада, бар рӯи об равона шуд, то назди Исо биёяд;
30
лекин чун боди сахтро дид, тарсид ва дар ҳолате ки ғарқ мешуд, фарёд зад: «Хоҷаам! Маро наҷот деҳ».
31
Исо фавран дасташро дароз карда, вайро нигоҳ дошт ва гуфт: «Эй сустимон! Чаро шубҳа кардӣ?»
32
Ҳангоме ки ба киштӣ даромаданд, бод ором шуд.
33
Онҳое ки дар киштӣ буданд, назди Ӯ омада, саҷда карданд ва гуфтанд: «Ба ростӣ Ту Писари Худо ҳастӣ».
34
Ва аз кӯл гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омаданд.
35
Ва сокинони он ҷо Ӯро шинохтанд ва ба тамоми гирду атроф касонро фиристода, ҳамаи беморонро назди Ӯ оварданд,
36
ва аз Ӯ илтимос менамуданд, ки фақат ба домани либоси Ӯ даст расонанд; ва ҳар кӣ даст расонд, шифо ёфт.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28