bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 19
Matthew 19
Tajik NT 1999
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 20 →
1
Ҳангоме ки Исо ин суханонро ба анҷом расонд, аз Ҷалил баромада, ба он сӯи Урдун, ба ҳудуди Яҳудия омад.
2
Мардуми бисёре аз паси Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
3
Ва фарисиён наздик омаданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфтанд: «Оё раво аст, ки мард зани худро бо ҳар сабаб талоқ диҳад?»
4
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридгор аз ибтидо онҳоро марду зан офарид?
5
Ва гуфт: “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд”,
6
ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
7
Ба Ӯ гуфтанд: «Пас чаро Мусо фармудааст, ки мард талоқномае дода, аз зан ҷудо шавад?»
8
Ба онҳо гуфт: «Ба сабаби дилсахтии шумо Мусо ба шумо иҷозат додааст, ки занони худро талоқ диҳед; лекин аз ибтидо чунин набуд.
9
Аммо Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ зани худро, ғайр аз сабаби фосиқӣ, талоқ диҳад ва зани дигаре гирад, зино мекунад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад.
10
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Агар аҳволи мард бо занаш чунин бошад, зан нагирифтан беҳтар аст».
11
Ба онҳо гуфт: «На ҳама метавонанд ин каломро қабул кунанд, балки танҳо касоне ки ба онҳо ато шудааст;
12
чунки ахтаҳое ҳастанд, ки аз шиками модар чунин таваллуд шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки аз дасти одамон ахта шудаанд; ва ахтаҳое ҳастанд, ки ба хотири Подшоҳии Осмон худро ахта кардаанд. Ҳар кӣ қабул карда метавонад, қабул кунад».
13
Дар ин вақт кӯдаконро назди Ӯ оварданд, то дастҳои Худро бар онҳо гузошта, дуо кунад; лекин шогирдон ба онҳо монеъ шуданд.
14
Исо гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Осмон аз они чунин касон аст».
15
Ва дастҳои Худро ба онҳо гузошта, аз он ҷо равона шуд. Ҷавони сарватманд
16
Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ҳаёти абадӣ ёбам?»
17
Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, фармудаҳоро нигоҳ дор».
18
Ба Ӯ гуфт: «Кадом фармудаҳоро?» Исо гуфт: «Накуш; зино накун; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ;
19
падару модаратро эҳтиром намо; ва ёратро монанди худат дӯст дор».
20
Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?»
21
Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ; ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва омада, Маро пайравӣ кун».
22
Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт.
23
Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Осмон даромадани сарватманд душвор аст.
24
Ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад».
25
Чун шогирдон инро шуниданд, хеле ҳайрон шуда, гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
26
Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
27
Он гоҳ Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем; чӣ чизе насиби мо мешавад?»
28
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, шумо, ки Маро пайравӣ намудаед, дар ҳаёти нав, ҳангоме ки Писари Одам бар тахти ҷалоли Худ нишинад, шумо низ бар дувоздаҳ тахт нишаста, бар дувоздаҳ қабилаи Исроил доварӣ мекунед.
29
Ва ҳар кӣ ба хотири номи Ман хонаҳо ё бародарон ё хоҳарон ё падар ё модар ё зан ё фарзандон ё киштзорҳоро тарк кунад, сад чандон меёбад ва вориси ҳаёти абадӣ мешавад.
30
Лекин бисёре ки аввалин ҳастанд, охирин мешаванд, ва охиринҳо — аввалин.
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28