bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 8
Matthew 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 9 →
1
Ҳангоме ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд.
2
Ва инак, махавие омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
3
Ва Исо дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав». Ва дарҳол вай аз махав пок шуд.
4
Ва Исо ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ба касе нагӯй, балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, тақдим кун, то барои онҳо шаҳодате бошад».
5
Чун ба Кафарнаҳум даромад, мирисаде назди Ӯ омад ва илтимос карда,
6
гуфт: «Хоҷаам! Хизматгори ман шал шуда, дар хона хобидааст ва азоби сахте дорад».
7
Исо ба вай гуфт: «Ман омада, ӯро шифо медиҳам».
8
Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Хоҷаам! Ман шоистаи он нестам, ки Ту ба хонаи ман биёӣ; балки фақат сухане гӯй, ва хизматгори ман шифо меёбад.
9
Зеро ман низ як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегӯям: “Рав”, меравад; ба дигаре мегӯям: “Биё”, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: “Фалон корро кун”, мекунад».
10
Исо ин суханонро шунида, ҳайрон шуд ва ба онҳое ки аз паси Ӯ меомаданд, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман ҳатто дар Исроил чунин имоне наёфтаам.
11
Ва ба шумо мегӯям, ки бисёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Подшоҳии Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб мешинанд;
12
лекин фарзандони Подшоҳӣ ба торикии берун ронда мешаванд: дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад».
13
Ва Исо ба мирисад гуфт: «Рав, мувофиқи имонат ба ту дода шавад». Ва ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт.
14
Ҳангоме ки Исо ба хонаи Петрус омад, хушдомани ӯро дид, ки таб карда, хобидааст.
15
Ва ба дасти вай даст расонд, ва таби вай паст шуд; ва вай бархеста, Исоро пазироӣ кард.
16
Чун бегоҳ шуд, бисёр девзадагонро назди Ӯ оварданд, ва Ӯ бо сухане рӯҳҳоро берун кард ва ҳамаи беморонро шифо дод,
17
то ба амал ояд сухане ки бо забони Ишаъёи пайғамбар гуфта шудааст: “Ӯ сустиҳои моро гирифт ва бемориҳои моро бардошт”.
18
Чун Исо тӯдаҳои калони мардумро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.
19
Он гоҳ як китобдон назди Ӯ омада гуфт: «Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ мекунам».
20
Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон ғорҳо ва парандагони осмон лонаҳо доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар монад».
21
Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро ба хок супорам».
22
Лекин Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кун ва бигзор мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд».
23
Чун ба киштӣ савор шуд, шогирдонаш аз пайи Ӯ рафтанд.
24
Ногоҳ тӯфони бузурге дар кӯл ба амал омад, то ба ҳадде ки мавҷҳо киштиро фаро мегирифтанд; ва Ӯ хобида буд.
25
Шогирдонаш пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Эй Хоҷа! Моро наҷот деҳ, ки ҳалок мешавем».
26
Ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, барои чӣ ҳаросонед?» Баъд бархеста, ба бодҳо ва кӯл фармон дод, ва оромии комил фаро расид.
27
Ва одамон ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Ин кист, ки бодҳо ва кӯл низ ба Ӯ итоат мекунанд?»
28
Ва чун дар соҳили дигар ба сарзамини ҷарҷасиён расид, ду девзада аз қабристон берун омада, ба Ӯ рӯ ба рӯ шуданд, ва чунон бадхашм буданд, ки ҳеҷ кас ҷуръат надошт аз он роҳ гузарад.
29
Ва инак, онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Бо мо чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худо? Ту ба ин ҷо омадаӣ, то моро пеш аз вақт азоб диҳӣ!»
30
Ва дар ҷои аз онҳо дуртаре галаи бузурги хукҳо мечарид.
31
Ва девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Агар моро берун кунӣ, иҷозат деҳ, ба галаи хукҳо равем».
32
Ба онҳо гуфт: «Равед». Ва онҳо берун шуда, ба галаи хукҳо даромаданд. Ва инак, тамоми галаи хукҳо аз баландӣ ба кӯл ҷаста, дар об ғарқ шуд.
33
Ва хукбонҳо гурехта рафтанд ва ба шаҳр расида, тамоми ҳодисаро, низ он чиро, ки ба девзадагон рӯй дод, нақл карданд.
34
Ва инак, тамоми аҳли шаҳр ба пешвози Исо берун омаданд ва чун Ӯро диданд, илтимос карданд, ки аз ҳудуди онҳо берун равад.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28