bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 11
Matthew 11
Tajik NT 1999
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
1
Чун Исо фармон доданро ба дувоздаҳ шогирди Худ ба анҷом расонд, аз он ҷо равона шуд, то дар шаҳрҳои онҳо таълим диҳад ва мавъиза кунад.
2
Ҳангоме ки Яҳё дар зиндон корҳои Масеҳро шунид, ду нафар аз шогирдони худро фиристод,
3
то ба Ӯ гӯянд: «Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
4
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Равед ва он чи мешунавед ва мебинед, ба Яҳё гӯед:
5
кӯрҳо мебинанд ва лангҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд ва карҳо мешунаванд, мурдагон бармехезанд ва ба бенавоён башорат дода мешавад;
6
ва хушо касе ки аз Ман норозӣ нест».
7
Ва ҳангоме ки онҳо рафтанд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад?
8
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани шахсе ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси нарм дар бар доранд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
9
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Ҳа, ба шумо мегӯям, ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст.
10
Зеро вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”.
11
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд шудаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда барнахост; лекин он ки дар Подшоҳии Осмон хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
12
Ва аз айёми Яҳёи Таъмиддиҳанда то ҳол Подшоҳии Осмон бо зӯр гирифта мешавад, ва зӯрмандон онро ба даст меоваранд.
13
Зеро тамоми пайғамбарон ва Таврот то Яҳё пешгӯӣ кардаанд.
14
Ва агар қабул кардан хоҳед, вай Илёс аст, ки бояд биёяд.
15
Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!
16
Лекин ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ҳамчун кӯдаконест, ки дар бозор нишаста ва ба рафиқони худ муроҷиат карда,
17
мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед”.
18
Зеро Яҳё омад, намехӯрад ва наменӯшад; ва мегӯянд: “Дев дорад”.
19
Писари Одам омад, мехӯрад ва менӯшад; ва мегӯянд: “Инак Шахси пурхӯр ва майнӯш, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст”. Ва ҳикмат аз тарафи фарзандони он тасдиқ карда мешавад».
20
Он гоҳ Ӯ ба сарзаниши шаҳрҳое сар кард, ки бештари муъҷизаҳои Ӯ дар он ҷо рӯй дода буданд, чунки тавба накарда буданд:
21
«Вой бар ту, эй Кӯразин! Вой бар ту, эй Байт-Сайдо! Зеро, агар муъҷизаҳое ки дар шумо рӯй доданд, дар Сур ва Сидун рӯй медоданд, кайҳо палоспӯш ва хокистарнишин шуда, тавба мекарданд.
22
Лекин ба шумо мегӯям: дар рӯзи доварӣ ҳолати Сур ва Сидун аз ҳолати шумо сабуктар мешавад.
23
Ва ту, эй Кафарнаҳум, ки сар ба осмон афрохтаӣ, ба дунёи мурдагон сарнагун мешавӣ; чунки агар муъҷизаҳое ки дар ту рӯй доданд, дар Садӯм рӯй медоданд, он то имрӯз боқӣ мемонд.
24
Лекин ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм аз ҳолати ту сабуктар мешавад».
25
Дар он вақт Исо суханашро давом дода, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Фармонравои осмону замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ.
26
Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд.
27
Ҳама чизро Падарам ба Ман супурдааст, ва ҳеҷ кас Писарро, ғайр аз Падар, намешиносад; ва ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва касе ки Писар ба вай ошкор кардан хоҳад.
28
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам;
29
юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, чунки Ман нармдил ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ меёбанд;
30
чунки юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28