bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Matthew 28
Matthew 28
Tajik NT 1999
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
1
Пас аз гузаштани шанбе, сапедадами рӯзи якуми ҳафта, Марями Маҷдалия ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд.
2
Ногоҳ заминҷунбии сахт рӯй дод; чунки фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз даҳанаи қабр ғелонд ва бар он нишаст.
3
Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф сафед буд.
4
Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва монанди мурда шуданд.
5
Аммо фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед, зеро медонам, ки Исои ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед.
6
Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чунон ки гуфта буд, зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Худованд хобида буд, бинед,
7
Ва ба зудӣ рафта, ба шогирдонаш гӯед, ки Ӯ аз мурдагон бархест ва инак, пеш аз шумо ба Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро мебинед; инак ба шумо гуфтам».
8
Ва онҳо шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии бузург давида рафтанд, то ба шогирдони Ӯ хабар диҳанд.
9
Ҳангоме ки барои огоҳ кардани шогирдони Ӯ мерафтанд, инак Исо ба онҳо вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд ва ба Ӯ таъзим карданд.
10
Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро мебинанд».
11
Чун онҳо мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба сардорони коҳинон тамоми воқеаро хабар доданд.
12
Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд
13
ва гуфтанд: «Гӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, ҳангоме ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд.
14
Ва агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо вайро розӣ мекунем ва шуморо аз хатар раҳо менамоем».
15
Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он нишондод амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст.
16
Аммо ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо ба онҳо фармуда буд, рафтанд,
17
Ва Ӯро дида, ба Ӯ саҷда карданд; лекин баъзе аз онҳо ба шубҳа афтоданд.
18
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман ҳамаи қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст.
19
Пас, равед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба номи Падару Писару Рӯҳулқудс таъмид диҳед,
20
ва онҳоро таълим диҳед, то ҳамаи он чиро, ки ба шумо фармудаам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳамарӯза то охири ин давра бо шумо ҳастам». Омин.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28